• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таърихи  кафедраи  равоншиносӣ

Кафедраи  равоншиносӣ  яке  аз  нахустин  кафедраҳои  донишгоҳи  омӯзгорӣ  буда,  соли  1932  дар  як  вақт  бо  кафедраи   педагогика  таъсис  ёфтааст. Дар  солҳои   аввал  танҳо  доктори  илмҳои  фалсафа, академик  Баҳовиддинов  А.М. ҳамчун  иҷрокунандаи  вазифаи  дотсент  ба  забони  тоҷикӣ  аз  фанни  равоншиносӣ  дарс  мегуфт. Соли  1936  бо  ташаббуси  ӯ, ки минбаъд  чун  файласуфи  номи  шӯҳрат  ёфтааст, аввалин  озмоишгоҳи  равоншиносӣ  ташкил  карда  мешавад. Бо  ибтикори  Баҳовиддинов  А.М.  соли  1948  китоби  дарсии  Теплов  Б.М. «Психология»  ба  забони  тоҷикӣ тарҷума  ва  нашр  мегардад. Соли  1938  кафедраи  равоншиносӣ   мустақил  мегардад, вале  минбаъд  ба  сабабҳои гуногун  бо  кафедраи  педагогика  гоҳ якҷоя  ва  гоҳ  мустақил  амал  менамояд. Кафедраи  равоншиносӣ  аз  соли  1961  инҷониб  ҳамчун кафедраи мустақил арзи вуҷуд дорад. Ғайр аз Баҳовиддинов  А.М., олимони  номдор: Беркович  Э.Л.,Торговис, Бикчентай Н.А.,Ярошевский М.Г., муаллимон:  Антошенко,  Покровская  А., Аҳмадов  М.Х., Исмоилов  У.  ва  дигарон  дар  рушди  илми  равоншиносӣ  ва  тарбияи  мутахассисон  хизмати  босамар  кардаанд.

Дар  солҳои  гуногун  ба  кафедра  профессор  Бикчентай  Н.А., Ярошевский  А.Г., дотсентон: Казачкова  М.К., Турсунов  Н.Н., Солеҳбоев  В.Ҳ., Алиев  С.Н., Пудинаев  А., Юнусова  Н.М. сарварӣ  карда, дар  пешравии  илмии  он  саҳми   арзандае  гузоштанд.

Аз  соли  2009  то  соли  2014  номзади  илмҳои  педагогӣ  Маҳмудов  Шокир  Комилович сарварии кафедраро ба ӯҳда дошта, 12 нафар омӯзгорон  фаъолият  менамуданд: ҳамкорон – дотсент  Алиев  С., Юнусова  Н.М., Файзалиев  Ҷ.  ва  муаллимони  калон: Тоҷибоева  Ш.В., Ҳамдамова М.Н., Ғафурова И.Ш., Машрабова Д., Мирзоева  Ш., ассистентон: Қурбонов Н.Х., Ҷӯраев  Ш.Ю., Маматова А.Б. кору  фаъолият  намудаанд.

Айни  ҳол  роҳбарии  кафедраро н.и.п. дотснт, Саидов  М.В.  ба  ӯҳда  дорад.  Имрӯз  дар  кафедра  14  нафар омӯзгорон, аз  ҷумла, номзади  илмҳои  педагогӣ, дотсент  Саидов  М.В., дотсентон: Сулаймонова  А.Г., Абдуллоева Р.Ҳ.  ва  номзади  илмҳои  педагогӣ  Саидзода  А.Р., муаллимони  калон: Тоҷибоева Ш.В., Ҳамдамова М.Н., Ғафурова И.Ш., Ҷӯраев  Ш.Ю., Маматова А.Б., Эмомназарова  М.А., ассистентон: Абдулҳаева Р.А., Қурбонов  Н.Х., Нозимов  Т.Қ., Шарипов  А.М., ки  аксарашон  корҳои  илмии  худро  ба  анҷом  расонида, омодаи  дифоъ  мебошанд. Қисми  дигаре   ба  навиштани  рисолаҳои  илмӣ  машғуланд.

Мувофиқи нақшаи  кори  илмии  донишгоҳ  аъзоёни  кафедра  бо  тадқиқи мавзӯи  «Шароитҳои  аз  нигоҳи   равоншиносӣ  самаранок  намудани  таълиму  тарбияи  мактабиён  ва  донишҷӯён»  мағуланд. Олимони  кафедра  имкониятҳои  маърифатии  мактаббачагонро  дар  андӯхтани  дониш  ва  инкишофи  фикрӣ дар  шароити  таълими  озмоишӣ  омӯхта, усулу  роҳҳои  самарабахши  ташкили  таълимро  аз  фанҳои  гуногун  муайян  мекунанд. Инчунин  омӯзиши  шаклҳои  самарабахши  таълим  бо  мақсади  ҳарчи  беҳтар  тайёр  намудани  донишҷӯён  ба  фаъолияти  омӯзгорӣ, инкишофи  фаъолияти  мустақилонаи  шогирдон, мақсаднок  ташкил  намудани  таҷрибаомӯзӣ  дар  мактаб, муайян  кардани  шакл, восита  ва  усулҳои  ташаккули  сифатҳои   муҳими  касбӣ  дар  омӯзгорони  оянда  дар  маркази  диққати  устодони  кафедра  мебошад. Маҳсули  кори  илмию  татқиқотии  аъзоёни  кафедра  дар  шакли  маҷмӯаҳои  илмӣ  низ  нашр  гардидаанд.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru