• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ



Шоҳназар Бердиев,
Мудири кафедра,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Телефон: (+ 992)
935 00 85 47
Email:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


Бердиев Шоҳназар Пирназарович (5.11.1966)  зодаи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент вилояти Суғд буда, солҳои 1984-1989 дар факултаи таърих, шуъбаи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ  ба номи С. Айнӣ) таҳсил намудааст.     Солҳои 1989 то 1993 ба ҳайси ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳанги донишгоҳи мазкур кор намудааст. Солҳои 1993-1996 ба ҳайси аспиранти шуъбаи рӯзонаи назди кафедра  фаъолият кардааст. Аз соли 1998 дар назди кафедра бо барномаи АКНР-«Инсоншиносӣ» ҳамкорӣ намудааст. Солҳои 2000-2002 дар ИМА, штати Оҳаё дар донишгоҳи Синсинати такмили ихтисоси барномаи «Инсоншиносӣ»-и АКНР-ро гузаштааст. Аз соли 2002 дар кафедраи фалсафаи фарҳанг ба ҳайси муаллими калон фаъолият намуда оиди «Таълимоти ахлоқии Зардуштия» тадқиқоти илмӣ бурдааст. Соли 2011 дар мавзӯи «Масъалаҳои ахлоқии Зардуштия» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи ду китоби дарсӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ мебошад. Дар айни замон оиди «Таҳлили муқоисавии ахлоқи Зардуштия ва Ригведаи ҳиндӣ» таҳқиқот бурда истодааст. Бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва донишгоҳ қадрдонӣ шудааст. Дар айни замон сарварии кафедраро бар души хеш дорад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru