• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Тошқул    Намозов,
мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Телефон: (+ 992) 918-81-25-21

 

 

Намозов Тошқул Бӯриевич бистуми феврали соли 1961 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карда ба Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И Калилин дохил шуда соли 1982 ин донишкадаро ва соли 1997 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро ғоибона хатм кардааст. Ихтисосаш, муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва муаллими фанни таърих мебошад. Дараҷаи илмии ин муаллим, номзади илмҳои педагогӣ соли 2012, дотсент соли 2010,  Устоди варзиш» соли 1982, «Аълочии  маорифи Тоҷикистон» соли 2004, «Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон» соли 2006  шудааст.  Аз моҳи майи соли 2005 дар мансаби мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.

 

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1978-1982-     Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии    Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин (рӯзона)

Солҳои 1982-1986-     Муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёнаи №24-и ноҳияи Ёвон

Солҳои 1986-1988-     Муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёнаи №26-и ноҳияи Ёвон

Солҳои 1989-1993-     Ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ ба номи Т.Г.Шевченко)

Солҳои 1993-1997-    Донишҷӯи факултети таърих (ғоибона) ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев)

Солҳои  1993-2005-    Муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев)

Аз моҳи майи соли 2005- то ҳоло- Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии ДДОТ ба номи Садриддин  Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru