• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ





Мастона  Холиқова,
мудири кафедра,
номзади илмҳои физика – математика, дотсент
Телефон: (+ 992) 93-425-07-77
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript







Кафедраи анализи математикӣ

Кафедра аз соли 1939 то соли 1969 бо номи кафедраи «Математикаи олӣ» аз соли 1969 то соли 1972 бо номи кафедраи «Анализи математикӣ ва геометрия», аз соли 1972 то имрӯз бо номи кафедраи «Анализи математикӣ» дар назди факултети физикаю математика, ки соли 1933 ҳамчун шӯъбаи шабона аз соли 1939 ҳамчун факултети рӯзона таъсис ёфта буд, амал мекунад. Аввалин мудири кафедра (солҳои 1939-1941) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В., Ломоносов – Х.А. Азизов буд.

Дар оянда дар солҳои гуногун устодон: Хаимов М.Б, Рузметов Э.Р, Шабозов О.Ш., Ахмедов М.А, Муродов Б, Пиров Р.Н., Раҳимов Р.М, Каримова М.М. ва Азизов М. ба кафедра роҳбарӣ кардаанд.

Бо афзоиши донишҷӯён ва кушода шудани ихтисосҳои нави омӯзгорӣ дар назди кафедра масъалаи тайёр кардани мутахассисон барои худи факултет аз ҳисоби шогирдони маҳаллӣ ба миён омад. Аз ҳисоби хатмкунандагони факултет, ба монанди Горелов И.В., Абакумов Т.Д, Рузметов Э.Р, Усмонов Н.У, Раҷабов Б.Х, Шарипов Б, Муродов Б, Раҳимов Р, Муҳаммадиев М, Болтаев Х, Наҷмиддинов Ҷ, Қурбоншоев С.З, Пиров Р, Азизов М, Айнуллоев Н, Қараев Х. ва дигарон сафи омӯзгорони кафедра дар солҳои гуногун пурра гардид. Имрӯз аксарияти онҳо дар мактабҳои олии гуногун ва дар худи кафедра фаъолияти илмӣ омӯзгорӣ доранд.

Сол то сол талабот ба омӯзгори баландихтисоси риёзиёт зиёд мешуд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши шумораи устодони кафедра низ бетаъсир набуд. Агар соли таҳсили 1939-1940 дар тамоми факултети физикаю математика 10-нафар омӯзгорон фаъолият карда бошанд, ҳоло танҳо дар кафедра 9-нафар устодон, аз он ҷумла 2 – нафар профессор, 1-дотсент, 2 – нафар муаллими калон, 4 – нафар ассистент фаъолият доранд.

Дар қатори Қурбоншоев С. (1993) ва Каримова М.М. (1995) моҳи ноябри соли 2009 Азизов М. рисолаи докториашро дифоъ намуд.

Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи риёзиёт, махсусан мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ саҳми кафедраи анализи математикӣ калон аст. Имрӯз шогирдони кафедра профессор Қурбоншоев С.З. дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Русия, Муродов Б, Раҷабов Б, Шарипов Б, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Усмонов Н. Раҳимов Р, Қараев Х. дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Саъдуллоева Р. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Абдулофизов Ш. дар Донишгоҳи шаҳри Хорӯѓ, Деҳқонбоев Н. дар Ҷумҳурии Узбекистон, Хаимов Б.Н. дар Исроил фаъолият доранд.

Равобити илмии кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск, Екатеринбург., Киев ва Боку дар солҳои 1970-1980 (мудири кафедра Шабозов О.Ш.) хеле густариш ёфт ва ин натиҷаҳои дилхоҳ низ дод. Алалхусус устодон: Раҷабов Б., Муродов Б, Болтаев Х., Абдулофизов Ш., Наҷмиддинов Ҷ., Қурбоншоев С.З, Азизов М. ва Айнуллоев Н. шогирдони ин марказҳои бузурги илми математика мебошанд. Қисми муайяни мутахассисон зери роҳбарии устодони кафедра ба гирифтани дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика ноил гаштанд. Саъдуллоева Р, Холиқова М, Норов Қ, дар таҳти роҳбарии профессорон Рузметов Э.Р, Усмонов Н. рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.

Шумораи зиёди устодон дастпарварони кафедра мебошанд. Дар Ҷумҳурӣ ва берун аз он номи  дастпарварони кафедра, олимон Хаимов Н.Б, Рузметов Э.Р, Қурбоншоев С.З, Каримова М.М, Пиров Р. Азизов М. тавассути  асарҳои  илмиашон  маълуманд. Донишҷӯён аз рӯи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии устодони кафедра Хаимов Н.Б, Рузметов Э.Р, Каримова М.М, Арабова М.Р, Пиров Р, Раҳимов Р, Болтаев Х, Азизов М. ва дигарон таълим мегиранд.

Устодони кафедра дотсент Хаимов Н.Б. профессор Рузметов Э.Р, Каримова М.М., Усмонов Н. (ҳоло профессори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) барои хизматҳояшон дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва инкишофи илми риёзиёт бо унвони фахрии давлатии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр шудаанд. Як гурӯҳ, устодон барои хизматҳои арзанда бо мукофотҳои олии Ватан Ордену медалҳо, ифтихорномаҳо сазовор дониста шудаанд, (Хаимов Н.Б., Горелов И., Рузиметов Э., Абрамов И.Ю, Раҳимов Р, Пиров Р.Н.).

Қайд кардан ҷоиз аст, ки бисёр устодони кафедра дар таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ тавсияҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз математикаи олӣ, анализи математикӣ барои ихтисосҳои гуногун саҳми калон доранд. Дар ин ҷо хизмати устодон Хаимов Н.Б, Рузметов Э.Р, Каримова М.М., Ахмедов М., Арабова М.Р, Раҳимов Р., Пиров Р, Қурбоншоев С.З, Абдулофизов Ш, Азизов М., Шарипов Б, Холиқова М.Б. ва дигарон шоистаи қайд аст.

Корҳои илмӣ-тадиқотӣ дар кафедра хело хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар кафедра аз рӯи се проблема корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ҷараён дорад:

– назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии он, системаи барзиёдмуайншудаи муодилаҳои дифферинсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ,

– анализи математикӣ ва назарияи наздикшавии функсияҳои таѓйирёбандаашон ҳақиқӣ.

– Анализи комплексӣ ва масъалаҳои канорӣ

Кафедра маҷмӯаи корҳои илмии устодон «Дифференциальные и интегральные уравнения и их приложения» (қисмҳои 1-2) ва ду маҷмӯаи илмӣ бахшида ба 60-солагии зодрӯзи шодравон профессор Рузметов Э.Р. (яке аз он фишурдаи маърузаҳо), монографияҳои илмии профессорони кафедраро бо номҳои «Аналитические многообразия» (Қурбоншоев С.), «Тауберовы теоремы с остатком для кратных общих рядов Дирихле» (Каримова М.), «Дифференциальные уравнения с параметром и их приложения к исследованию некоторых переопределенных систем уравнений в частных производных» (Рузметов Э.) «Информационная сложность приближенного решения интегральных уравнений» (Азизов М.) зиёда аз 58-номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ёрирасон ба монанди китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ «Анализи математикӣ» қисмҳои 1-5 (Хаимов Б.Н. солҳои 1936, 1970, 1996), «Курси мухтасари анализи математикӣ», (Рузметов Э., Хаимов Н. солҳои 1977, 1986), «Алгебраи олӣ» (Хаимов Н. соли 1961), «Дастур аз математика барои дохилшавандагони мактаби олӣ» (Раҳимов Р., Саидова С. соли 1994), «Элементҳои назарияи маҷмӯъҳо ва комбинаторика» (Назаров Ф., Раҳимов Р., Холов Н. соли 1994) «Нишондоди методӣ ва корҳои контролӣ аз анализи математикӣ» (Раҳимов Р., Шарипов Б. соли 1987) «Назарияи функсияҳои таѓйирёбандааш ҳақиқӣ» (Рузметов Э., Муродов Б., Назаров Ф. соли 1990), «Назарияи функсияҳои таѓйирёбандааш комплексӣ» (Пиров Р., Рузметов Э.), «Муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» (Рузметов Э., Деҳқонбоев Н. соли 1991), «Дастури методӣ оиди муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ» (Рузметов Э., Пиров Н., Хаимов Б.Н. соли 1986 қ.1, соли 1988 қ.2.), Дастури методӣ оиди қаторҳои Фурйе. (Пиров Р., Рӯзметов Э., 1990.) «Умар Хайём – сверкающая звезда математического небосклона» (Раҳимов Р., Тоҳиров с. соли 2000), «Ҳалли масъалаҳои экстремалӣ» (Қурбоншоев С., Айнуллоев Н., Наҷмиддинов Ҷ.), «Дастурамал барои ҳалли масъалаҳо аз анализи математикӣ» (Каримова М., Арабова М., Наҷмиддинов Ҷ.), «Хатҳои қисман суфта ва интегралҳои аз параметр вобаст» (Абрамов Ю.), «Нишондоди методӣ ва корҳои курсӣ аз ананлизи математикӣ» (Абдулофизов Ш., Азизов М., Шабозов М.). «Тадбиқи интегралҳои каратӣ» (Азизов М., Шабозов О.Ш.) «Тадбиқи интегралҳо дар ҳалли масъалаҳо» (Усмонов Н., Шарипов Б.), «Ҳалли масъалаҳои физикӣ бо тадбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ» (Арабова М., Мирзоев Б.), «Функсиянинг лимитӣ ва узлуксизлиги, Функсиянинг ҳосиласи кунинг татбиқи, Бошланѓинч функсия ва аниқмас интеграл. Дифференсиал тенгламалар» (Болтаев Х., Менгниёзов Г., Қараев Х., Раҳимов Р.), «Математикаи олӣ. Қисми I.» (Азизов М. c. 2010), Муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояшон хусусии тартиби дуюм (Ахмедов М., Холиқова М.Б. соли 2011), Муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии тартиби якум. (Ахмедов М. соли 2011), Барномаҳои таълимӣ ва баъзе тавсияҳои методӣ аз фанҳои “Анализи математикӣ”, “Муодилаҳои дифференсиалӣ”, ”Назарияи функсияҳо” дастури таълимӣ (Пиров Р. Раҳимов Ф. Соли 2016), Нишондодҳои методӣ ва корҳои контролӣ аз математикаи олӣ (Холиқова М.Б., Лашкарбеков С. соли 2016) ва ѓайраҳо ба табъ расиданд.

Аз рӯи китобҳои «Алгебра» (Усмонов Н., Пиров Р. 2001) ва «Алгебра ва ибтидои анализ» - и (Пиров Р., Усмонов Н. 2005) «Геометрия» ва «Алгебра» (Болтев Х.) хонандагони мактабҳои  Ҷумҳурӣ истифода бурда истодаанд.

Дар солҳои охир чун натиҷаи маҳфилҳои илмии донишҷӯён корҳои илмии донишҷӯён бо дотсент Раҳимов Р. ва профессор Каримова М. мақолаҳо чоп кардаанд. Донишҷӯёни факултет Холиқова М. (роҳбари илмӣ профессор Усмонов Н.) Никитенко А. (роҳбари илмӣ профессор Каримова М., Алоев Ф.,  Саъдиева Н., Зикиллоев Ш. ва Тимурова Ю. (роҳбари илмӣ, дотсент Пиров Р.Н.), Матмусоев Ш.(роҳбари илмӣ дотсент Холиқова М.Б.) дар озмуни Ҷумҳуриявӣ корҳои илмии донишҷӯён ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардидаанд.

Дар солҳои гуногун дар назди кафедра семинари илмӣ зери роҳбарии устодон Рузметов Э., Шабозов О., Муродов Б., Пиров Р., Раҳимов Р.  Каримова М.М. ва Азизов М. мунтазам амал карда дар онҳо натиҷаҳои корҳои илмӣ, муҳокимаи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаи таълимӣ мавриди баррасӣ ва баҳодиҳӣ қарор гирифтаанд.

Дар кафедра курсҳои махсус, аз он ҷумла «Назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ», «Системаи барзиёд муайяншудаи муодилаҳои  дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ», «Назарияи теоремаҳои тауберӣ», «Назарияи наздиккунии функсияҳо» ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо дастовардҳои нави илмии устодони кафедра ва корҳои илмие, ки аз берун дохил мешаванд муҳокима ва баҳогузори мешаванд.

Доир ба натиҷаҳои корҳои илмӣ, илмию методии устодони кафедра ва ҳамкорӣ бо донишҷӯён дар се соли охир 227 номгӯӣ корҳои илмӣ, илмию методӣ, аз он ҷумла 109- мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, 90 - маърузаҳои илмӣ дар конфронсҳои мақоми донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дошта, 11 васоити таълимӣ ба табъ расонида, бисёр корҳоро таҳрир ва тақриз кардаанд. Дар солҳои гуногун кафедра дар ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию методии донишгоҳӣ ҷойҳои аввал ва дуюмро ишѓол кардааст.

Соли 2007 конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ «Современные проблемы теорий функций, дифференциальных уравнений и их приложения» бахшида ба 70-солагии профессор Каримова М.М. гузаронида шудааст.

30-юми майи соли 2009 бо ташаббуси кафедра конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуъи «Проблемаҳои муосири назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ, анализи математикӣ ва татбиқи онҳо» бахшида ба 70-солагии корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Рӯзиметов Эргаш гузаронида шуд, ки маводаш дар «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ» (№1 (33), 273 саҳ.) ба чоп расид.

Соли 2011 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ «Масъалаҳои анализи математикӣ, назарияи функсияҳо, муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо» бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикситон, ҷашни 80-солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва 80-солагии дотсент Ахмедов М. гузаронида шудааст.

Махсусан дар солҳои охир 2007-2010 семинари илмии кафедра хело пурмаҳсул кор кардааст. Дар ин давра шаш рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ дар семинари илмии кафедра муҳокима ва ба ҳимоя пешниҳод шудаанд. Кафедра дар ҳимояи чор унвонҷӯ чун корхонаи пешбаранда баромад кард. Устодони кафедра инчунин ба ҳайси оппоненти унвонҷӯйҳо дар шӯроҳои илмӣ баромад кардаанд.

Ҳоло дар кафедра омӯзгорони зерин фаъолият доранд: мудири кафедра Холиқова М.Б., профессорон: доктори илмҳои физика-математика Азизов М. ва номзади илмҳои физика-математика Пиров Р., муаллимони калон: Наҷмиддинов Ҷ. ва Болтаев Г., ассистентон: Файзуллобекова В., Лашкарбеков С., Сафарзода Э., Надирова М.И. ва лаборант Мирзоназарова Б.

Дар кафедра ду нафар аспирантони шуъбаи ғоибона Лашкарбеков Рустам  зери роҳбарии академик Илолов М. ва Сафарзода Эшмат зери роҳбарии профессор Ҳасанов Ю. кор карда истодаанд. Инчунин ду нафар докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) Мухлис Абдул Вадуд (докторанти хориҷӣ) зери роҳбарии профессор Азизв М. ва Усмонов Меҳрҷон зери роҳбарии мудири кафедра Холиқова М.Б. дар кафедра фаъолият доранд. Дар кафедра аз рӯи ихтисосоҳои 01.01.01.-анализи математикӣ ва 01.01.02. –муодилаҳои дифференсиалӣ мутахасисон тайёр карда мешаванд.

Омӯзгорон






Музафар  Азизов
профессори кафедраи анализи математикӣ
Тел:  93-508-68-97,
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Раҳмон   Пиров
профессори кафедраи анализи математикӣ
Тел:  919-43-70-75,
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Ҷамолиддин Наҷмидинов
Муаллими калони кафедраи анализи математикӣ
Тел: 93-94-48-82-20













Гулчеҳра Болтаева
Муаллими калони кафедраи анализи математикӣ
Тел: 93-601-72-75,
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Сӯҳроб Лашкарбеков
Тел:  508-88-95-42














Моҳрухсор  Надирова
Тел: 918-94-15-93,
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Васила Файзуллобекова
Тел: 93-393-48-29














Эшмат   Сафарзода
Тел: 98-102-07-41
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru