• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Таърихи кафедраи забони русӣ

 

Кафедра забони русии умумидонишгоҳӣ аз рӯзҳои аввали ташкили Донишгоҳ дар сохтори шуъбаи адабиёт ва забоншиносии тоҷикӣ факултети таърих фаъолият карда, соли таҳсили 1936-37 ба кафедраи алоҳидаи забони русӣ табдил дода шудааст. Кафедра мустақилан соли 1972 таъсис дода шудааст, ки сарварии онро  дотсент Кострикова М.В. ба ӯҳда дошт, ки дар он устодони болаёқат фаъолият намудаанд. Устодони Донишгоҳ Мадиева М. Олимова М. Мирганова Н. Салимов И. кафедраро сарварӣ кардаанд. Аз соли 2008 кафедраи мазкур ба ҳайати факултети забон ва адабиёти рус гузаронида шуд, ки дар он замон кафедраро номзади илми педагогика Мирганова Н.Р. роҳбари мекард. Соли 2013 кафедра аз ҳайати факултет ҷудо шуда, мустақилан фаъолияти худро бо сарварии номзади илми педагогика Салимов И. (2013-2014) давом дод, ки дар  он 17 омӯзгор аз фани забони русӣ дар 12 факулта аз рӯи ихтисос ба таври низоми кредитӣ машғулият мегузарониданд.

Имрӯз дар кафедра 14 нафар муаллимон фаъолият доранд. Аз ин теъдод 4 нафар номзадони илм Рустамова Г. н.и.ф.дотсент, Кулобиев А. н.и.ф.,  Сафарова М. , Шарифов С. дотсент,  номзади илмҳои педагогӣ мебошанд.  3 нафар муаллими калон Кулиев А., Маҳмудова Ф., Собирова Л., ва 6 нафар асстистентон - Аминов Ф., Ғуломҷонов З., Харитонов О., Холназарова Н., Қурбонова М., Мусоева Ш., Салимов Ф. фаъолият доранд.

Аз моҳи майи соли 2014 то имрӯз мудири кафедраро номзади илмҳои филология, дотсент Рустамова Г. ба ӯҳда дорад. Маҳз зери роҳбарии ӯ  кафедра  ба як қатор комёбиҳои илмӣ-методӣ мушарраф гардид. Бо дастгирию кӯмаки ӯ муаллимони кафедра Шаривоф С. ноябри  соли 2014, Кулобиев А. июни соли 2015 ва  Сафарова М. майи соли 2016 рисолаҳои номзадиашонро  дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардиданд. Дар солҳои минбъда низ кафедра фаъолияти худро барои беҳбудии сифати таълим равона сохта, як силсила китобҳо, барномаҳо дастурҳо ва мақолаҳо ба чоп расонид. Таҳия ва нашри  силсилабарномаҳои  таълимӣ амсоли «Контрольная работа по русскому языку», «Правтический курс  русского языка» (барои ихтисосҳои факултети химия), «Методическое пособие по русскому языку», «Практикум по развитию устной и письменной речи русского языка», «Сборник технических текстов» (Рустамова Г.), «Об ва пешомадҳои он дар сайёра», «Тарбияи фарзанд кори аҳли башар аст», «Использование пословиц, поговорок и загадок на уроках русского языка в средней школе» (Шарифов С.), «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» (худомӯзи забони туркманӣ-тоҷикӣ) (Кулиев А.) маҷмӯаи таълимию методӣ аз фани забони русӣ ба қалами омӯзгорони кафедра тааллуқ доранд.  Устодони кафедра аз рӯи равияи илмии «Робитаҳои адабии русу тоҷик» ва «Роҳҳои омода намудани омӯзгорони баланд ихтисоси оянда дар мактабхои олии кишвар»  корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд, ки натиҷааш таҳия ва нашри чандин рисола, барнома  ва воситаҳои таълимӣ аст. Муаллимони кафедра мунтазам мақолаҳои худро дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмиву методии кишвар ва донишгоҳ ба табъ расонида, бо маърӯзаҳо  конференсияҳои донишгоҳӣ ва берун аз он  баромад мекунанд. Бояд қайд кард, ки маводҳои конференсияҳои аз тарафи кафедра гузаронида шуда, ҳамчун маҷмӯи маводҳои конференсия аз чоп баромаданд. Кафедра  бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи  Носири Хусрав  робитаи зич дорад.

Дар назди кафедра маҳфили «Изучаем русский язык» барои донишҷӯён амал мекунад. Мавзӯъҳои дар маҳфил матраҳшаванда бо равияи илмии кафедра робитаи қавӣ доранд. Маҳфил ҳафтаи дуюм ва чоруми ҳар моҳ гузаронида мешавад.

Дар кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ пайваста ҳафтаи забони русӣ, иштироки устодону донишчуён ба фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ бо доираи васеи донишҷӯёни ҳамаи факултаҳо  баргузор мегардад. Чунин  иқдомот имкон медиҳад, ки донишҷӯён бештар бо шавқу  завқ барои омӯзиши   забони русӣ ҷалб  гарданд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru