• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Низомномаи

китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.1.     Китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд-Китобхона) ҷузъи таркибии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридоин Айнӣ» (минбаъд-Донишгоҳ) мебошад. Вай хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии донишгоҳро таъмин намуда, дар баробари он маризи андухтани дониш, чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ мебошад.

1.2.         Дар фаъолияти худ китобхона қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи табъу нашр», Оинномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, асноди дигари дастурию роҳбарикунандаи соҳаи маорифу фарҳанг, ва Низомнома и мазкурро ба роҳбарй мегирад.

1.3.1 Китобхона таҳти назари муовини ректор оид ба корҳои илм қаpop дошта, ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад..

1.4. Дар фаъолияти рӯзмарраи худ китобхона аз амволи худ истифода менамояд.

2. Вазифаҳои китобхона

2.1.      Хадамоти самарабахши рӯзмарраи иттилоотию библиографӣ ба ҳайати профессорону устодон, кормандони илмӣ, аспирантон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ташкил мекунад;

2.2.            Захираи (фонди) китобхона ва шуьбаҳои он мувофиқи фаъолият ва самтҳои таьлимию илмии донишгоҳ дар асоси талаботи нақшаҳоӣ таълимӣ, илмӣ ва хонандагони китобхона ташкил карда мешаванд;

Не

2.3.  Тарбияи фарҳангӣ, итилоотӣ, омӯзондани малакаи истифода аз китоб ва китобхона, омода намудани хонандагон барои кор бо маҳзанхон иттилоотии электронӣ дар усулҳои нави технологияи компютериро ба роҳ мемонад;

2.4.   Номгӯи хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати он дар асоси таҷхиэоти нави техники, технологияҳои нав, компютеркунонии ҷараённ китобдорию иттилоотӣ, пайваст намудани компютерҳои китобхона ба шабакаи ягонаи донишгоҳ ва интернетро ташкил мекунад;

2.5 Таҷрибаи кори китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии дигар китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар китобхонаҳои соҳавию ташкилотҳои иттилоотии илмию техникиро омӯхта дар худ татбик менамояд;

2.6.    Барои таъсис додани китобхонаҳои электронӣ ва ташкили феҳристи электронй чораҳои лозимиро меандешад;

2.7. Дар толорҳои қироат, абонентҳо ва шуъбаҳои китобхона ба хонандагони алоҳида ва ё гурӯҳи хонандагон хидмат мерасонад.

2.8.      Талаботи муштариёнро ба воситаи табодули китоб ё китобхонаҳои дигар (МБА) қонеъ мегардонад;

2.9.     Барои кӯмак ба ҷараёни таълим, пешбурди кори илмии донишгоҳ номгӯи асарҳои устодони донишгоҳ, маьлумотномаҳои унвонию мавзӯ ва намоиши китобҳоро ташкил менамояд;

2.10.      Ба донишҷӯён малакаи ҷустуҷӯ ва дарёфт намудани маьлумотҳои зарурӣ ва истифодаи онро дар ҷараёни таълиму корҳои илмй, инчунин сарфаҳм рафтан ба маводи маълумот ва иттилоотию библографии китобхонаро меомӯзонад;

2.11. Барои аспирантон ва донишҷӯён дарсҳои асосхои китобдорй ва библиографиро ташкил менамояд;

2.12 Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалии донншҷӯён донишкадаҳо ва мадориси миёнаи махсуси китобдорӣ пойгохӣ асосӣ мебошад;

2.13.  Барои хонандагони китобхона намоиши китоб, экскурсияҳо машваратҳоро дар назди феҳристхо ва карготекахо ташкил менамояд;

2.14.  Таъминоти фаврӣ ва илман асоснокшудаи фонди китобхонаро мувофиқи барномаҳо ва накшахои таьлимӣ, номгӯи тадқикотҳои илмии донишгоҳ ташкил менамояд;

2.15.    Адабиёти таълимӣ, илмӣ иттилоотӣ, бадей ва матбуоти давриро харидорй менамояд;

2.16.  Ҷобаҷогузории китобҳо, ҳифзи онҳо, баҳисобгирй ва усули иигоҳдошти китобро ташкил менамояд. Дар ҳолати зарурӣ метавонад истифодаи қисме аз адабиётро маҳдуд созад, ки тибки қонунҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва таъмин намудани ҳифзи дастовардҳои таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон пешбини шудааст;

2.17.    Ҳифзи китобҳои арзишманд, ноёб ва коллексияҳоро, ки ёдгории таърихию фарҳангӣ мебошанд, таъмин намуда, баназаргирии саривақтии онҳоро дар феҳристҳои умумӣ пешбинй мекунад;

2.18.   Бо мақсади пешниҳоди ҳаматарафа ва пурраи захираҳои адабиёти мавҷуда феҳристҳои алифбои мураттаб, электронй ва библиографиро ташкил менамояд;

2.19.  Корҳои илмию методиро (аналитики, ташкилй, машваратй) барои мукаммал намудани ҳамаи соҳаҳои фаъолияти китобхона анҷом медиҳад;

2.20.        Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон чораҳои зарурӣ меандешад;

2.21. Бо ташкилотхои ҷамъиятию хориҷӣ, сафоратҳо алоқаи корӣ барқаpop намуда, дар лоиҳаҳои онҳо ширкат меварзад ва барои дарёфти маблаѓ, китоб, компютер ва таҷҳизоти дигари лозима барои китобхона корҳои заруриро анҷом медиҳад;

2.22.Кори худро бо шуъбаҳои дигари донишгоҳ мутобиқ, месозад;

2.23.   Ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи фонди гардиши китоб китобҳоро ба иҷора медиҳад.

3. Роҳбарият, тартиб рӯйхати мансабҳо ва таьминоти моддию техникӣ

3.1.   Роҳбарии китобхонаро директори он бар уҳда дорад, ки аз тарафи ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директор ҷавобгарии пурраро барои натиҷаи кори китобхона бар душ дошта, дар ҳудуди масъулиятхои худ дастуру қарорҳои лозимаро ба табъ мерасонад, ки риояи онҳо барои ҳамаи кормандони Китобхона ҳатмист.

3.2 Мудирони шуъба ва дигар кормандони китобхона бо фармони ректори донишгоҳ ва пешниҳоди директори китобхона ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.

3.4.     Барои анҷом додани корҳои методӣ ва такмил додани ҷараёнҳои технологӣ дар китобхона шӯрои методӣ амал мекунад, ки кори он тавассути муқаррароти дахлдор танзим мегардад.

3.5.  Таркиби китобхона ва рӯйхати муносибатҳои он дар асоси масъалаҳои дар назди китобхона гузошташуда, самтҳои фаъолият ва вазифахои он, таркибу рӯйхати мансабҳои намунавӣ (типй) бо тавсияи Вазорати фархангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди директори китобхона аз тарафи ректори донишгоҳ амали мегардад.

3.6.      Масрафҳои таьминоти китобхона дар буҷаи хароҷоти донишгоҳ нишон дода мешавад.

3.7.    Раёсати донишгоҳ китобхонаро дар асоси меъёрҳои мавҷуда бо бино ва утоқҳои корӣ, маводи чопӣ, компютер ва дигар олоти электронию ҳисоббарорӣ ва нусхабардорию чопӣ, барномаҳои компютерӣ ва ѓайра таьмин менамояд.

4. Ҳуқук ва уҳдадориҳои кормандони китобхона

4.1 .Китобхона ҳуқуқ дорад:

-  бо оинномаи донишгоҳ шинос шаванд, онро омӯзанд ва ҳар як банди онро дар дохили китобхона қатъиян риоя намоянд;

-         аз хизматрасонии китобхонаҳо, интернет, сайту почтаи электронии донишгоҳо, синфхонаҳои электронӣ, фондҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хадамоти шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шуъбаҳои дигари сохтории донишгоҳ мувофики Оинномаи мазкур ва ё шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

-     Донишгоҳро дар ташкилоту идораҳои гуногун намояндагӣ намоянд, дар кори конфренсияҳои илмӣ, ҷаласа ва семинархо оид ба масоили китобдорӣ ва библиографию иттилоотӣ ширкат намоянд;

-   тарзу усул ва воситахои таълимиро, ки ба хусусияти ҳар кадоми онҳо бештар чавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимиро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;

-     аз имтиёзоте, ки қонунҳои Ҷ,умҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва шартномаҳои коллективии раёсати донишгоҳ бо Кумитаи иттифоки касабаи устодону кормандони донишгоҳ ва хамчунин қарорҳои шӯрои олимони донишгоҳ муқаррар кардаанд, истифода баранд;

-       қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳро комилан иҷро намоянд;

-         таълимгирандагонро дар рӯхияи мустақилият, ташаббускорй тарбия карда, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

-  дар конфренсияхои илмӣ, амалӣ, назарӣ бо маърӯзаҳо баромад намоянд ва дар азхудкунии технологияҳои нави педагогӣ ва итилоотй, саъю талош варзанд;

• маблаѓхои барои китобхона муайяншударо масраф намояд;

-  таркиб ва номгӯи мансабҳои китобхонаро, ки аз тарафи ректори донишгоҳ тасдик карда мешаванд, такмил диҳад;

-  маошҳои кормандонро дар худуди фонди музди меҳнати китобхона, маоши иловагӣ ва инчунин тартиб ва ҳаҷми мукофотпулии кормандонро муайян намояд;

-   дар асоси меъёрҳои ҳуқукӣ, сармояи берунии иловагӣ, аз ҷумла асъори хориҷиро, ба тарики масруфоти ихтиёрӣ ва мушаххас аз шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои ватанию хориҷиро ҷалб намояд;

-   бо розигии ректори донишгоҳ қоидаҳои истифодаи китобҳоро дар китобхона тасдик намояд;

-   дар асоси қоидаҳои истифодаи китобҳо дар китобхона ҳаҷми ҷуброни зарари аз тарафи донишҷӯён расонидашударо муайяи намояд;

-    фаъолияти коргузории худро барои афзун намудани номгӯи хадамоти пешниҳодшуда бо назардошти он ки ин хадамот бо фаъолияти асосии китобхона безарар аст ба самар расонад;

-   бар асоси фармон ва қарорҳои мавҷуда, ки ректори донишгоҳ тасдик намудааст, аз ҳисоби китобхона баровардан ё фуруши китобро аз захираҳои китобхона ташкил намояд.

-   бо мақсади мусоидат кардани рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқхои иҷтимоию тахассусии худ асотсиатсияхо созмон диҳад ва ё ба ассотсиатсияхои соҳавии ватаниву хориҷӣ ҳамроҳ шавад;

-     тибқи тартиби ҷорӣ ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар созмонҳою ташкилотҳои ҷамьиятии хоричӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муқарар гардида ба ҳайати созмонҳои байналмилалӣ шомил гардида, дар татбики барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дар барномаҳои сохавӣ ширкат варзад.

4.2.    Роҳбарияти китобхона дар асоси меъёрҳои қонунӣ барои вайрон намудани вазифаҳои муайяншуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

4.3.  Китобхонаи донишгоҳ барои ҳифзи захираҳои адабиёти он, пурра масъул аст. Кормандони китобхона, ки дар расонидани зарари моддӣ ба захираҳои он гунаҳгоранд ва дар асоси қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru