• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Қабул ба магистратура


2.1.Қабул ба магистратураи донишгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

2.2. Донишгоҳ нақшаи қабулро барои гурӯҳҳои ройгон ва ғайри ройгон аз рӯи равия ва ихтисосҳо мутобиқи замимаи иҷозатнома дар мувофиқа бо муассис, Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо муайян ва тасдиқ менамояд.

Донишгоҳ ҳаҷм ва андозаи пардохти маблағро дар гурӯҳҳои ғайри ройгон барои таълимгирандагони ватанӣ ва хориҷӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо муассис ва Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2.3 Ба магистратураи донишгоҳ донишҷӯёне, ки бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ тавсия шудаанд ва аз рӯи равияи интихобнамудаашон дипломи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабони мазкур аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон реферат таълиф  намуда, ба тариқи  сӯҳбат аз озмун мегузаранд.

Дар донишгоҳ барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратураи донишгоҳ имтиҳони ҳатмӣ месупоранд.

2.4.Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишгоҳ дар соли хатмкунии довталаб ба вуқӯъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз «хуб» паст набошад). Дар мавриди «қаноатбахш» будани баҳои ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб интиҳоми дохилшавӣ месупорад.

Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишгоҳ пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд.

Ба магистратураи донишгоҳ то 20%-и хатмкунандагони донишгоҳ ва хатмкунандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз 20% зиёд будани довталабон, дар магистратураи донишгоҳ дохилшавӣ дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

2.5.Аз рӯи сӯҳбат ва натиҷаҳои имтиҳонӣ дохилшавӣ дар магистратураи донишгоҳ бо назардошти ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида барои довталаб рейтинг муайян карда мешавад. Дар он холи миёнаро аз рӯи замимаи дипломи донишгоҳ муқаррар менамоянд. Системаи рейтингро Комиссияи қабули донишгоҳ аз рӯи пешниҳоди факултети марбута муайян мекунад.

2.6.Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди пардохти ҳаққи таълим (мувофиқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими ғайриройгон ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими ғайриройгон гузаронидани магистр иҷозат дода мешавад. Тартиби онро Низомномаҳое, ки аз тарафи муассис ва шӯрои олимон донишгоҳ тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

2.7. Донишгоҳ дар ҳолатҳои алоҳида тибқи Низомнома оид ба тартиби гузаронидани донишҷӯён аз гурӯҳҳои ғайриройгон ба гурӯҳҳои ройгон ва аз гурӯҳҳои ройгон ба гурӯҳҳои ғайриройгон, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ мешавад, интиқоли таълимгирандагонро ба равия ва ихтисоси мувофиқ аз як курс ба курси дигар ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар ба роҳ мемонад.

2.8.Шумораи умумии магистрҳо ва тартиби қабули онҳоро аз ҳисоби маблағи буҷет ҳарсол мақомоти марбутаи давлатӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ муайян менамояд.

2.9. Тартиби қабули, хориҷ, барқарор ва интиқоли магистрон аз донишгоҳ тибқи қоидаҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2.10. Донишгоҳ барои дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷии бетабаа ба зинаи магистратура дар шакли аҳсилоти рӯзона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат тибқи қарордодҳои байналмилалӣ, созишномаҳои байниҳукуматй, шартномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ватаниву хориҷӣ ва шартномаҳои инфиродӣ бо қарори шӯрои олимон ва дар мувофиқа бо Муассис ҷойҳои қабули ройгон ва ғайриройгон ҷудо мекунад.

2.11.Таҳсил дар зинаи магистратура мувофиқи Низомнома дар бораи магистратура ки бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ мутобиқи санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат мегирад.

2.12.Шахсоне, ки ба магистратураи донишгоҳ дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва барномаи магистрӣ (тахассусӣ);

-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;

-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ ба магистратура;

-дигар ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забони хориҷӣ, таҷрибаи кор дар компютер, ифтихорномаҳо, нусхаи мақолаҳо ва ғайра.

2.13.Қабули ҳуҷҷатҳо нимаи дуюми моҳи июн ва июл сурат мегирад. Имтиҳонот аз 15-уми август шурӯъ мешавад. Ҳуҷҷатҳоро довталабон бо Комиссияи қабул аз рӯи равия ва ихтисос месупоранд.

6.11.Ба шахсоне, ки нақшаи инфиродиашонро дар донишгоҳ аз рӯи барномаи таҳсилотии касбии магистр пурра иҷро намуда, рисолаи магистриро бомуваффақият ҳимоя карда, имтиҳони хатмкуниро супориданд, дараҷаи тахассусии «Магистр» дода  мешавад. Намунаи давлатии дипломи магистр аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

6.12.Ба хатмкардаи магистратураи донишгоҳ ҳамчунин замимаи диплом-нусха аз варақаи имтиҳонӣ бо нишон додани мавзӯи рисолаи магистрӣ дода мешавад. Дар замима ҳамчунин номгӯи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот ё дипломи мутахассис, ки дар асоси он магистрант ба магистратураи Донишгоҳ дохил шудааст ва ё дипломи мутахассис бо номгӯи мушаххаси равияи тайёр кардани магистрант ё ихтисос ва соли супоридани он нишон дода мешавад. Дар тарафи дигари замимаи дипломи магистр фанҳои дар давоми 2 сол омӯхташуда дарҷ карда мешавад. Дар сатри поёнтар навишта мешавад: фанҳои дар давоми 4 соли пеш омӯхташуда дар замимаи диплом нишон дода шудаанд. Поёнтар аз он номгӯи дипломи мушаххас, ки дар сатри замимаи дипломи магистр «ҳуҷҷати пешинаи таҳсилот» омадааст, навишта мешавад.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru