• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Авесто»-китоби ориёиён

Дар маҳфили илмии «Занд»-и кафедраи таърихи халқи тоҷик, ки 23-юми феврал баргузор гардид, мавзӯи «Дини зардуштия» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ибтидо роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, мухтасар оид ба моҳияти таърихии мавзӯъ ақидаҳои хешро баён намуд.

Дар идома донишҷӯи соли 1-ум Муҳаммадато Атоев қайд кард,

ки дини зардуштия аз ҷумлаи динҳои қадимтарини аҷдоди куҳанбунёди мо, ориёиҳо, мебошад.  Мавсуф ба нуктаҳои муҳимтарини дини зардуштия такя намуда, зикр кард, ки ниёгони мо пайрави дини зардуштия, дини яктопарастӣ буда, ба Аҳурамаздо чун худои доно ва ягона эътиқод доштанд. Дар дини зардуштия шайтонро Аҳриман меномиданд, ки тарғибгару ташвиқгари амалҳои бад буд. Дар ин дин инсон дорои ду гавҳар (ду асл), яъне рӯҳ ва модда дониста мешавад.

 

 

Донишҷӯи соли якуми ҳамин факулта Шоҳрух Азимов доир ба китоби қадимаи ориёиён «Авесто»-и аслӣ, ки аз 1200 боб, 21 наск ва 2 миллион байт иборат буд, сухан гуфт. Аз ҷумла, қайд кард, ки қисмҳои алоҳидаи «Авесто»-ро дар асри XVI-и пеш аз мелод тӯрониён, дар соли 330 пеш аз мелод Искандари Мақдунӣ ва дар асри VII арабҳо сӯзонидаанд.

Ҷамъоварии «Авесто» аз давраи ҳукмронии сулолаи Ашкониён оғоз ёфта, дар давраи ҳукмронии Сосониён анҷом пазируфт. Сосониён тавонистанд, ки аз 1200 боби аслӣ танҳо 347 бобро барқарор кунанд.

Дар аҳди халифаи Аббосӣ Маъмун (813-833) ба мубади зардуштӣ Озарфаранбағ иҷозати навиштани китобе дар бораи дини зардуштия дода шуд. Озарфаранбағ бо номи «Динкард» китобе навишт, ки дар он сухан дар бораи қисмҳои «Авесто» низ меравад. Ин китобро пас аз вафоти Озарфаранбағ шогирдаш Озарбод идома дода, ба итмом мерасонад.

Дар қисмати саволу ҷавоб ба саволҳои иштирокчиён маърӯзачиён ҷавобҳои мушаххас гуфтанд.

Устодон ба мазмуну муҳтавои марӯзаҳо аз ҷиҳати илмӣ баҳои баланд доданд.

Фирӯз Бадриддинов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj