• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
15.03.2017 06:15

Тарғиби аъмоли ношоиста дар «Маҳзар»

Бахшида ба Соли ҷавонон дар донишгоҳ 24 феврал озмуни фарҳангии «Маҳфили Зарифон» байни факултаҳои таърих ва технология ва соҳибкорӣ баргузор гардид. Озмун аз панҷ шарт: Саломнома, суруд дар васфи Ватан, саҳначаи ҳаҷвӣ, навозиши асбобҳои миллӣ ва ҳозирҷавобӣ иборат буд. Ҳамчунин, ном доштани гурӯҳ, ороиши саҳна, ҷой надоштани таҳқир дар саҳнаҳо

ва инъикоси камбудиҳои соҳаи маориф ба назар гирифта мешуданд. Факултаи технология ва соҳибкорӣ бо номи «Соҳибкорони ҷавон» ва факултаи таърих бо номи «Сарбадорон» ҳунарнамоӣ намуданд.

 

Ҳакамон, мудири шуъбаи тарбия Қ.Иброҳимов, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Ҳ.Бедилов ва раиси Шӯрои занони донишгоҳ С.Қувватова ба ҳунари дастаҳо баҳогузорӣ карданд.

Барои ороиши саҳна ба ҳарду даста панҷ холӣ баҳогузорӣ шуд. Дар саломнома бошад, донишҷӯёни факултаи таърих бартарият нишон дода, бо ҳашт забон сухан гуфтанд, дар ҳоле, ки донишҷӯёни гурӯҳи «Соҳибкорони ҷавон» танҳо бо чор забон баромад намуданд, аммо фарқияти холҳо дар баҳогузорӣ фақат як холро ташкил мекард. Ҳакамон ба дастаи «Сарбадорон» 15 ва ба дастаи «Соҳибкорони ҷавон» 14 холро муносиб донистанд. Баҳогузорӣ дар ин ҷо ноодилона буд.

Дар шарти дуюм, ки суруд дар васфи Ватан буд, факултаи таърих соҳиби 15 хол ва факултаи технология ва соҳибкорӣ соҳиби 13 хол гаштанд.

Дастаи «Соҳибкорони ҷавон» дар бахши сеюм афзалият доштанд. Онҳо саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ ва тарбиявии зиёд нишон дода, 15 хол ба даст оварданд. Танҳо як саҳнаи онҳо аз доираи ахлоқ берун буд, ки мавзӯи ҳоҷатхонаро дар бар мегирифт.

Саҳнаи факултаи таърих тарғиби майхуриву майпарастӣ буд ва илова бар ин, суханҳои қабеҳ ва нохушоянд, аз қабили «туро момаат дузд буд» садо доданд,  ки ба талаботи низомномаи маҳфил ҷавобгӯ набуданд. Бар замми ин, ҳеҷ ҳаҷве дар он дида нашуд. Дар ин шарт ба факултаи таърих 13 хол насиб гашт.

Дар навозиши асбобҳои мусиқӣ низ ба хатоӣ роҳ дода шуд. Ҳарду даста ҳам асбобҳоро якбора ба навохтан сар карданд. Дар ин шарт ҳисоб мусовӣ, 9 бар 9 шуд.

Дар шарти ниҳоӣ низ дастаи «Сарбадорон» зафар ёфтанд. Онҳо нисбат ба дастаи «Соҳибкорони ҷавон» бештар ба саволҳо ҷавоби дуруст доданд. Мутаассифона, намояндагони ҳарду дастаҳо ба одитарин савол «Ному насаб ва номи падари муовини декан оид ба тарбияи факултаатонро гӯед?» ҷавоб гуфта натавонистанд. Дар фарҷом бо ҳисоби 75 бар 74 музаффарият насиби дастаи «Сарбадорон» гашт.

Миҷгона Ҳайдарова, хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj