• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Баҳогузорӣ ноадолатона буд?

Даври ниҳоии озмуни «Маликаи донишгоҳ» 28-уми феврал дар толори фарҳангии донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин даври озмун намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бӯриев, Муниса Бобоева ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Маҳбуба Азимова ба ҳайси ҳакамон ҳузур доштанд.

Озмун аз шартҳои зерин иборат буд: Кадбонуи беҳтарин (тайёр намудани хӯриш, дарзмол кардан ва бастани галстук), намоиши либосҳои миллӣ ва муаррифии худ, ҳозирҷавобӣ.

Бояд дар ин давр касе ғолиб меомад, ки сараввал қаду қомати расову ҳусни зебо дошта бошад ва аз иҷроиши шартҳо бе мамоният баромада тавонад.

Мушоҳидаҳои мо бозгӯи онанд, ки баҳогузорӣ то андозае ғайривоқеӣ буд. Ба андешаи мо, Умеда Раҷабова, донишҷӯи факултаи таърих ё Фарзона Назариева, донишҷӯи факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир, бояд сазовори ҷойи аввал эълон мешуданд, зеро аз иҷрои ҳамаи шартҳо бе мушкилӣ баромаданд ва ҳусни зебо низ доранд.

Аз рӯи натиҷагирие, ки доварон намуданд, ҷои аввал ба Маҳина Иззатуллоева, донишҷӯи соли 1-уми факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф, дода шуд. Дар рафти озмун мавсуф ба тарзи дуруст суханронӣ накарду ҳозирҷавобиаш нисбат ба дигар иштирокчиён сусттар буд. Ҳатто, ба саволи одӣ ҷавоби саҳеҳ ва пурра гуфта натавонист...

Дар фарҷом ҷои аввал ба донишҷӯи факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф Маҳина Иззатуллоева, ҷои дуюм ба донишҷӯёни факултаи таърих Умеда Раҷабова ва факултаи химия Шукрона Фозилова ва ҷои сеюм ба донишҷӯёни факултаҳои психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир Фарзона Назариева, факултаи забон ва адабиёти рус Сабрина Ашӯрова ва факултаи физика Меҳрона Давлатзода сазовор дониста шуд.

Саидаброр Саидӣ, хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj