• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Номзади арзанда ба вакилӣ

Гурӯҳи таблиғотии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рустами Эмомалӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ гузарониданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ меҳмононро муаррифӣ намуда, доир ба нақши ҷавонон

дар ободии кишвар сухан гуфт. Дар мулоқот Абдулло Холиқзода, Комил Шарифов, Зоир Раҳмонзода, Умриниссо Казакова ва Худобердӣ Холиқназар иштирок доштанд.

 

Худобердӣ Холиқназар, шахси боэътимоди шаҳрдори Душанбе, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавононро барои пешрафти ҷумҳурӣ муфид арзёбӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки яке аз чунин ҷавонон Рустами Эмомалӣ мебошад, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ асту барои ободии пойтахту ҷумҳурӣ камари ҳиммат баста. Бо се забон: русӣ, англисӣ ва олмонӣ озод сухан мекунад. Дар бораи мамолики ҷаҳон маълумоти комил дораду таҷрибаи бойи корӣ. Овоз додан ба номзадии Рустами Эмомалӣ ободу зебо дидани шаҳри Душанбе аст.

Умриниссо Казакова таъкид кард, ки барномаи асосии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таъмини ҳаёти осоишта, ислоҳоти соҳаи маорифу тандурустӣ ва нақлиёт нигаронида шудааст. Ӯ аз дурнамои нақшаи номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сухан гуфт.

Дар идома мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултаи таърихи донишгоҳ Н.Убайдуллоев аз иқдомоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе далелҳо оварда, ҷасорату ғайрати ӯро тавсиф кард. Ӯ қайд намуд, ки бо овоз додан ба ин номзад мо дар амалишавии нақшаҳои бузург ҳаммаром мегардем.

Раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ С.Қувватов зикр кард, ки Рустами Эмомалӣ аз хурдӣ дар мактаби сиёсатмадоре чун Пешвои муаззами тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия ёфтааст, ки ӯро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мекунанд. Ҳамчунин, дар соҳаҳои гуногун кор карда, самтҳои рушди иқтисоди миллиро медонад. Дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ таҷриба дорад ва метавонад дар рушди варзиши кишвар саҳмгузор бошад.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ Н.Салимӣ ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки ҷавоне бо фазилатҳои номбаршуда барои ободии шаҳру боло рафтани фарҳангу тафаккури мо метавонад нақши муассир гузорад.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj