• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конференсияи байналмилалӣ доир ба об

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 14-уми марти соли равон дар донишгоҳ конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳҳо ва самтҳои истифодаи самараноки сарватҳои обии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон аз Федератсияи Русия Вячеслав Бабурин, доктори илмҳои географӣ, профессор, мудири

яке аз кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Юрий Гортишов, профессор, президенти Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва техникии ба номи А.Н.Туполеваи шаҳри Қазон, Людмила Шагурова, номзади илмҳои техникӣ, корманди Институти гидрогеологӣ ва геоэкологии ба номи У.М.Аҳмадсафинаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар олимон аз мамолики Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ширкат варзиданд.

 

Ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳон ёдовар шуд. Дар шароити кунунӣ масъалаи мазкур ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зеро рушди тамоми соҳаҳо аз оби тозаи ошомиданӣ вобастагӣ дорад.

Ректор изҳор дошт, ки дар конференсияи имрӯза масоили тақсими баробари манбаъҳои обӣ дар ҷумҳурӣ вобаста ба афзоиши аҳолӣ, масъалаҳои марбут ба баҳри Арал, гуногунандешиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти об, офатҳои табиии обӣ ва тозагии об мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҷонишини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев доир ба қатъномаи аз ҷониби СММ қабулгардида маълумоти муфассал ироа намуда, зикр кард, ки Президенти мо аз соли 2003 инҷониб таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об нигаронидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд ин иқдоми Пешвои муаззами тоҷиконро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои тоза нигоҳ доштан ва истифодаи сарфакоронаи об камари ҳиммат бандад.
Мавзӯи маърӯзаи Леонид Бабурин, меҳмон аз шаҳри Маскав, оид ба таъсири глобалии иқлим ба табиат ва ҷомеа, оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва пешгирии хавфи офатҳои табииро фарогир буд. Ҳамчунин, мавсуф ба мавзӯи роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии ҳавзаи дарёи Сир дахл кард.

Юрий Гортишов дар суханрониаш қайд намуд, ки дар ояндаи наздик об ба яке аз сарватҳои қимату арзишманд табдил меёбад. Аз ин рӯ, муҳофизат, тоза нигоҳ доштан ва сарфакорона истифода бурдани он вазифаи аввалиндараҷаи сокинони сайёра аст. Ӯ истифодаи об дар техника ва системаҳои хунуккуниро мавриди баррасӣ қарор дод ва дар шакли нақшаҳо ба ҳозирин пешкаш намуд.

Дар идома муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Абдусамад Муллоев дар мавзӯи «Ҷойгоҳи об дар фарҳанги ниёгон» маърӯза хонд. Ӯ, аз ҷумла, таъкид дошт, ки об аз қадим ҳамчун чизи муқаддасу пок эътироф гардида буд. Об сарчашмаи сарсабзии дунё буда, дар таркиби тамоми мавҷудоти зинда ҷойгир аст ва он яке аз чор унсури асосии зиндагисоз маҳсуб меёбад.

Омӯзгори факултаи география, профессор Холназар Муҳаббатов пиромуни мавзӯоти аҳамияти иқтисодии манбаъҳои обии ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, масъалаҳои тақсимоти оби дарёҳои сарҳадгузар, роҳҳои истифодаи самараноки манбаъҳои обӣ, аз ҷумла, кӯлҳо, дарёҳо, пиряхҳо ва чашмаҳои маъданӣ андешаҳои хешро изҳор дошт. Мавсуф, ҳамзамон, доир ба самтҳои ояндадори ҳифзи манбаъҳои обӣ, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои хоҷагидории Тоҷикистон-гидроэнергетика, обёрии заминҳои бекорхобида, бунёди осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо муфассал маълумот дод.
Қисмати дуюми конференсия дар бахш идома ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 50 маърӯза шунида шуд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj