• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 




Сайдулло  Қуватов,
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон,
Тел: 907 80 00 71,  918 91 00 85
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript




Қуватов Сайдулло Зувайдович 25 январи соли 1989 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1996 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи номбурда ба синфи якум қабул гардида, онро соли 2007 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Баъди хатми мактаби миёна соли 2007 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2012 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси Ҳисобчӣ моҳи июни соли 2012 дар ҶДММ «Ғаюр» дар НБО Роғун оғоз намудааст.

01.09.2012 дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ассистент ба кор қабул гардид.

Моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ ва аз моҳи декабри ҳамин сол ба вазифаи мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ таъин гардид. Аз моҳи январи соли 2016 ҳамзамон роҳбарии Шўрои мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олии таълимии кишварро ба ўҳда дорад.

Аз  моҳи сентябри соли 2012 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад ва дар мавзўи «Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об дар солҳои соҳибистиқлолӣ: мушкилот ва дурнамо» кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 13 мақолаҳои илмӣ, як китоб ва як Стратегия мебошад.

Аъзои ҲХДТ ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Донишгоҳ мебошад.

Дар ташкил ва фаъолияти ташкилотҳои кор бо ҷавонон «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» ва Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона саҳм гузоштааст.

Бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардидааст.

 






Абдулҳафиз Расулов
Аз моҳи октябри соли 2016 дар вазифаи Сармутахассиси Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ фаъолият намуда истодааст.
Тел: 918 18 34 18
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru