• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

НАҚШАИ

ЧОРАБИНИҲО БА ИФТИХОРИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ

СОЛИ 20017 «СОЛИ ҶАВОНОН»

«МО ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!»

О   З   М   У   Н   Ҳ   О

Озмуни фарҳангии «Маҳфили зарифон» миёни донишҷӯёни факултетҳои

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

ФАКУЛТЕТҲО

Таърихи рӯз

Вақти баргузорӣ

Макони баргузорӣ

1

Физика

Математика

14.02.2017

14:00

 

ТОЛОРИ ФАРҲАНГӢ

 

2

Таърих

Технология ва соҳибкорӣ

24.02.2017

14:00

3

Забон ва адабиёти рус

Забонҳои романию германӣ

09.03.2017

14:00

4

Психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф

16.03.2017

14:00

5

Филологияи тоҷик

География

29.03.2017

14:00

6

Забони англисӣ

Таҳсилоти ибтидоӣ

11.04.2017

14:00

7

Биология

Химия

19.04.2017

14:00

ЭЗОҲ: Даври ниҳоии озмун баъд аз ҷамъбасти даври аввал тибқи натиҷаҳои холҳои

бадастовардаи факултетҳо аз 19.04.2017 то 05.05.2017 баргузор карда мешавад.

Номгӯи озмунҳо

Муҳлати иҷро

Вақти иҷро

Сохторҳои масъул

Макони баргузорӣ

Шакли иҷро

1

Озмуни «Олими ҷавони сол» - 2017

10.02.2017 то

 

-

Шуъбаи кор бо ҷавонон,Раёсати таълим, Шуъбаи илм ва

Толор ва синфхонаҳои

Низомнома ва лоиҳаи



05.05.2017


инноватсия, садорати факултетҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

лозимӣ

фармоиш

 

2

Озмуни «Донишҷӯи сол»-2017

10.02.2017 то 05.05.2017

 

----

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Толор ва синфхонаҳои лозимӣ

Низомнома ва лоиҳаи фармоиш

3

Озмуни «Беҳтарин раиси Иттифоқи ҷавонон» дар факултетҳо ва «Беҳтарин раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён»

10.02.2017 то 20.10.2017

 

-

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, садорати факултетҳо

Толор ва синфхонаҳои лозимӣ

Низомнома, барнома ва лоиҳаи фармоиш

4

Озмуни «Хобгоҳи беҳтарин»

10.02.2017 то 17.05.2017

 

--

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳҳо.

------

Низомнома, барнома ва лоиҳаи фармоиш

5

Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»

10.02.2017 то 10.10.2017

 

---

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон

--------

Низомнома, барнома ва лоиҳаи фармоиш

6

Фестивали таъомҳои миллӣ таҳти унвони «Меҳри модар» ба ифтихори Рӯзи модарон.

07.03.2017

14:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи

Боѓ ва майдони варзишии хобгоҳи 8

Гузориш,

Суратҷаласа





маориф ва илми Тоҷикистон



7

Озмуни «Таронаи донишҷӯӣ» - 2017

10.02.2017 то 10.10.2017


Шуъбаи кор бо ҷавонон, Шуъбаи фарҳанг

Толори фарҳангӣ

Низомнома ва барнома









 

Д   И   Г   А   Р          Ч   О   Р   А   Б   И   Н   И   Ҳ   О

1

Чорабинии фарҳангии «Фасли либоси миллӣ»

17.04.2017 то 17.05.2017

 

-

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон

Саҳни Донишгоҳ ва факултетҳо

Гузориш,

Суратҷаласа ва видеоролик

2

Чорабинии фарҳангии «Симои миллӣ»

17.05.2017

14:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе.

Толори фарҳангӣ

Гузориш,

Сабти навор

3

Вохӯри бо иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат

05.05.2017

 

-

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён.

Манзили истиқоматии собиқадорон

Гузориш,

Суратҷаласа

4

Чорабинии фарҳангии «Дунёи ҷавонӣ» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

17.05.2017

16:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон

Майдони назди Парчами Донишгоҳ

Гузориш,

Суратҷаласа

5

Мизи мудавар дар мавзӯи «Ваҳдат рукни ҳастии миллат» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

08.06.2017

17:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён.

Толори Шӯрои олимони факултети технология

Гузориш,

Суратҷаласа

6

Чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Самар аз Истиқлол»

07.09.2017

17:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон

Толори фарҳангӣ

Гузориш,

Суратҷаласа

7

Мизи мудавар дар мавзӯи «Лафзи ширини ҷавонӣ бо забони модарӣ» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

06.10.2017

16:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён.

Толори Шӯрои олимони факултети технология

Гузориш,

Суратҷаласа

8

Чорабинии маърифатӣ – ҳуқуқӣ таҳти унвони «Бахтнома»

03.11.2017

14:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён.

Толори Шӯрои олимони факултети технология

Гузориш,

Суратҷаласа

9

Чорабинии сиёсӣ –

фарҳангии «Номуси ватандорӣ» бо донишҷӯёни хобгоҳҳо

15.12.2016

16:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон,

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шуъбаи фарҳанг.

Толори

фарҳангӣ

Гузориш,

Суратҷаласа

10

Ташкили дарсҳои сиёсӣ бо фарогирии масъалаҳои сиёсии ҷаҳони муосир

Моҳе 2 маротиба

16:00

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ

Толорҳои Донишгоҳ

Гузориш,

Суратҷаласа

11

Фестивали дӯстии донишҷӯён

Сентябр

 

-

Шӯрои мудирони шуъбаҳои кор бо онони муассисаҳои олии таълимӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Донишгоҳҳои шаҳри Душанбе

Гузориш,

Суратҷаласа

12

Баргузор намудани семинар дар мавзӯи «Солимии ҷавонон – солимии миллат»

01.12.2017

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И. Сомонӣ

Толори Шӯрои олимони факултети технология

Гузориш,

Суратҷаласа

13

Гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ

Рӯзҳои шанбе

---

Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

Толор ва майдончаи варзишӣ

Гузориш,

Суратҷаласа

 

Низомномаи

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ

  1. 1. Муқаррароти умумӣ

1.1.        Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории

Тоҷикистон  яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. (минбаъд Шуъба)

1.2.        Шуъба  фаолияти худро дар асоси  Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита), Оиннома ва Низомномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректори Донишгоҳ ба роҳ монда, Низомномаи мазкурро дастури амалии худ қарор медиҳад.

1.3.        Шуъба барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ махсусан бо ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мемонад.

  1. 2. Мақсади таъсис додани Шуъба

2.1.         Шуъба барои амалӣ гардонидани мақсадҳои зерин таъсис

дода шудааст;

2.2.         Иштирок дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид

ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Консепсияи мили сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

2.3.         Саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии мактаби олӣ оид ба масъалаҳои тарбияи донишҷуён.

2.4.         Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯён.

2.5.         Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дустӣ, ягонагии

ҷавонон ва донишҷӯён.

2.6.         Ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён новобаста аз нажод, милат,

эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсӣ.

2.7.         Ҷалб намудани ҷавонон ва донишҷӯён ба идора ва роҳбарии

ташкилотҳо ва итиҳодияҳои ҷавонон.

2.8.         Тарбияи  ҷавонон ва донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба

арзишҳои  миллӣ, хат, забон ва урфу одати милатҳое, ки дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд.

2.9.         Ташкил кардани шӯро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷавонон ва

донишҷӯён.

2.10.    Ҷалб намудани фондҳо, корхонаҳои сарпараст барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва камбизоат.

  1. 3. Самтҳои асосии фаъолияти Шуъба

3.1.         Таҳия ва ба Шӯрои олимони Донишгоҳ пешниҳод намудани

барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳ.

3.2.         Мусоидат ва саҳмгузорӣ кардан дар самти рушди фарҳангу

маданият ва корҳои эҷодии донишҷӯён.

3.3.         Дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои судманд,

ки баҳри тараққӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии донишҷӯён нигаронида шудаанд.

3.4.         Барқарор кардани робитаву алоқа ва ҳамкориҳои муфид бо

ташкилотҳои  марбут ба ҷавонон.

3.5.         Ба танзим даровардани Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ,

ки ба Шуъба ҳисоботдиҳанда мебошад.

  1. 4. Ҳуқуқҳои Шуъба

4.1.         Ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои донишҷӯён ва ташкилотҳои дар сохтори онҳо амалкунанда.

4.2.         Омӯзиш ва ба низомдарории пешниҳодоте, ки аз ҷониби донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо дар масъалаи беҳдошти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

4.3.         Дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароғатии донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо.

4.4.         Гузаронидани фестивалҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, семинарҳо,

машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигарбарои донишҷӯён.

4.5.         Ҳамкории эҷодӣ бо воситаи ахбори умум.

4.6.         Иштирок дар таҳия ва такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон.

4.7.         Мусоидат намудан дар ташкили лагерҳои тобистона барои

донишҷуёни лаёқатманд.

4.8.         Мусоидат намудан дар ташкили дастаҳои варзишии донишҷӯён.

4.9.         Ҷалб намудани фондҳои гуногун, идораҳо ва муассисаҳо

барои амалӣ намудани коркарди лоиҳаҳову барномаҳои донишҷӯёни лаёқатманд.

  1. 5. Вазифаҳои Шуъба

Чун воҳиди таркибии  сохтори Донишгоҳ Шуъба ҳуқуқ дорад:

5.1.         Ба Шӯрои олимони Донишгоҳ масъалаҳои марбут ба донишҷӯёнро барои муҳокима пешниҳод намояд.

5.2.         Иҷроиши қарорҳои Шӯрои олимонро, ки ба масъалаҳои

донишҷӯён вобаста аст, назорат намояд.

5.3.         Ҳуқуқ ва манфиатҳои донишҷӯёнро дар ҷаласаҳои Шӯрои

олимони Донишгоҳ ҳимоя намояд.

5.4.         Бо мақсади амалӣ гардидани барнома ва лоиҳаҳои марбут ба

донишҷӯён Шӯроҳои эҷодӣ ташкил намояд.

5.5.         Таҳти сарпарастии Кумита ва Донишгоҳ таъсиси шӯро,

иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, студия ва гурӯҳои эҷодӣ, маҳфилҳои худфаолияти бадеӣ ва амсоли онҳоро ба роҳ монад.

5.6.         Дар мавриди зарурат ва дар ҷараёни ҳалли вазифаҳои васеъҳаҷм аз маблағ ва моликияти мактаби олӣ ва ё барномаҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷавонон қабул гардидаанд, истифода барад.

5.7.         Талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои аз ҷониби роҳбарони Донишгоҳ ва Кумита содиршавандаро иҷро намояд.

5.8.         Қарору барономаҳои Донишгоҳ, ки ба самти фаолияти

Шуъба дахл дорад, иҷро намояд.

 

  1. 6. Сохтор ва идоракунӣ

6.1.         Шуъба сохтори таркибии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, бевосита ба Ректори донишгоҳ итоат мекунад.

6.2.         Мудири Шуъба бо пешниҳод ва ё дар мувофиқаи Кумита бо

фармоиши Ректори Донишгоҳ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Мудири Шуъба аъзои Раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳ мебошад.

6.3.         Роҳбарии Шуъба бар дӯши мудири Шуъба гузошта мешавад.

6.4.         Мудири Шуъба самтҳои асосии фаолияти Шуъбаро муайян ва назорат мекунад.

6.5.         Дар ҳайати кори Шуъба ба ғайр аз мудир боз корманди

масъул- сармутахассис ва мутахассис пешбини шудааст. Сармутахассис супоришҳои мудири Шуъбаро иҷро намуда, дар самтҳои асосии фаолияти Шуъба кор мебаранд, дар таҳияи зербарномаҳо, ташкил кардани маҷлису ҷамъомадҳо, барномаҳои фаҳмондадиҳӣ барои ҷавонон иштирок карда, ҳмчунин дар ҳамоҳангсозии фаолияти Шуъба саҳм мегирад.

Тайёр кардани матни  мактубҳо, омода сохтани ҳуҷҷату санадҳои Шуъба барои чоп ва ҳуҷҷатҳои содиротию воридотӣ ба зиммаи мутахассис гузошта мешавад.

6.6.         Донишгоҳ бо дарназардошти сатҳи фаолият ва вазъи молиявӣ метавонад идора ва ё воҳидҳои иловагии кории Шуъбаро таъсис диҳад.

6.7.         Шуъба метавонад мувофиқи Низомномааш Шӯроҳои

ҷамъиятии ҳамоҳангсозӣ ташкил диҳад.

  1. 7. Моликияти Шуъба

7.1.         Шуъба моликият ва маблағгузории мустақил надошта, дар

фаолияти рӯзмараи худ аз моликият ва маблағи Донишгоҳ ва ҷалби маблағҳои дигар истифода мебарад.

7.2.         Шуъба ба зиёдшавии моликият, маблағҳои донишгоҳ ва

истифодаи самараноки он мусоидат менамояд.

7.3.         Шуъба дар мавридҳои зарури, зери роҳбарии Донишгоҳ

метавонад дар назди худ хазинаҳои ҷамъиятиро бо мақсади дастгирӣ ва беҳдошти фаолияти донишгоҳ таъсис диҳад.

7.4.         Шуъба барои беҳдошти низоми моддиаш ба иттиҳодияҳои

ҷамъиятӣ, студияҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, маҳфилҳои худфаолияти бадеии дар наздашбуда мусоидат кунад ва дар мавриди зарурӣ маблағ ва имкониятҳои онҳоро баҳри ҳалли масъалаҳои асосии фаолияташ истифода барад.

 

 

 


 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru