• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ




Саломат Қувватова,
Раиси шӯрои занон ва духтарон,
Телефон: (+ 992)
988-55-41-41
Email:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


 

Қувватова Саломат Мусоевна, 31 августи соли 1971 дар ноҳияи Вахш, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи №17 ноҳияи Вахш рафтааст. Соли 1988 мактаби номбурдаро бо баҳои аъло хатм намудааст. Худи ҳамин сол ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи                     Т.Г. Шевченко дохил шуда, соли 1993 онро бомуваффақият хатм намудааст. Инчунин, курсҳои омӯзиши забони англисӣ (2008), курсҳои омӯзиши компютер (2015), курси «Зан- роҳбар» (2015), курси «омӯзиши фаъол» дар назди ЮНИСЕФ (2015) –ро хатм намуда, соҳиби Гувоҳнома ва Сертификатҳо гаштааст.

Аз соли 1993 то соли 2013 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 ноҳияи Вахш ба ҳайси муаллими забони русӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намудааст.

Соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун мудири кабинет  дар Маркази русии донишгоҳ ба кор қабул шудааст.

Аз соли 2015 дар вазифаи Раиси Шӯрои занони донишгоҳ фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 2004 аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

Суроѓа: ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский, хонаи 21, ҳуҷраи 27.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru