• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

НИЗОМНОМАИ
ШӮРОИ  ЗАНОНИ  ДОНИШГОҲИ  ДАВЛАТИИ  ОМӮЗГОРИИ  ТОҶИКИСТОН  БА НОМИ  САДРИДДИН  АЙНӢ

1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

1.1  . Шӯрои занон сохтори ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  (минбаъд Донишгоҳ) мебошад.

1.2  . Низомномаи мазкур вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии Шӯрои занони донишгоҳ  (минбаъд Шӯрои занон) – ро муайян менамояд.

1.3  . Шӯрои занон фаъолияти худро  дар  асоси қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон « Дар  бораи маориф», Оинномаи донишгоҳ ,амру фармонҳои  ректор  ва Низомномаи мазкур  ба  роҳ мемонад.

1.4  . Шӯрои занон фаъолияти худро  дар   ҳамкорӣ бо Раёсат, марказҳою шуъбаҳо,   факултет ва кафедраҳои донишгоҳ   пеш  мебарад ва  дар  назди муовини  ректор   оид  ба  корҳои тарбиявии донишгоҳ масъул мебошад.

2. Сохтори  Шӯрои  занон

2.1.  Ҳайати Шӯрои занон  аз  раис, ҷонишини раис  ва намояндаи факултетхо    (17 нафар) иборат мебошад.

2.2.  Шӯрои занонро раиси  он  роҳбарӣ менамояд,  ки бо пешниҳоди муовини  ректор оид ба корҳои тарбиявӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

2.3. Ба риояи интизоми меҳнат  аз  тарафи кормандони Шӯрои занон ва самаранокии фаъолияти онҳо раис ҷавобгар мебошад.

2.4. Ҳамаи кормандони Шӯрои занон вазифадоранд, ки низоми кор, қоидахои техникаи бехатарӣ, қоидахои зидди сӯхтор ва дастуру нишондодҳои муқаррарнамудаи раёсати донишгоҳро пурра ва пайваста риоя намоянд.

2.5. Ба  Низомномаи мазкур таѓироту иловаҳо  аз  тарафи Шӯрои олимони донишгоҳ ворид  карда  мешавад.

2.6. Фаъолияти Шӯрои занон  дар  асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ қатъ  ё  аз  нав барои фаъолият иҷозат дода мешавад.

 

3. Вазифахо ва самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои занон:

3.1.  Дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ,  Қарорҳои Шӯрои олимон ва дигар супоришҳоро иҷро мекунад.

3.2.  Бо раисони бахши кор бо духтарону занони факултетҳо  дар  хусуси иҷрои нақша -  чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ ҳамкорӣ менамояд.

3.3. Чорабиниҳои идона, мизҳои мудаввар,  маҳфилҳои саволу ҷавоб, конфронсу машваратҳоро бо донишҷӯдухтарон ва занони донишгоҳ ташкил ва мегузаронад.

3.4.  Иштироки фаъолонаи духтарону занонро  дар  чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ,  шанбегиҳо,  маъракаҳои гуногуни донишгоҳ ва ѓайра таъмин менамояд.

3.5. Фаъолияти раисони бахши кор бо духтарону занони Донишгоҳро таҳти назорат қарор медиҳад.

3.6. Бо Созмони ҷавонон, Шӯрои сарпарастон, Шӯрои волидайн ва Шӯрои собиқадоро ҳамкорӣ мекунад.

3.7. Занону духтаронро  дар  рӯзҳои чорабиниҳои сиёсӣ  дар  миқёси ҷумҳурӣ сафарбар менамояд.

3.8. Дар  тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ  дар  Донишгоҳ саҳмгузорӣ мекунад.

3.9. Маълумоти саривақтиро оид  ба  корҳои анҷомёфта  ба  муовини  Ректор  оид  ба  корҳои тарбиявӣ манзур месозад .

3.10.  Аз  рӯи тартибу  низом  ва одобу ахлоқи донишҷӯдухтарон, бахусус, донишҷӯдухтароне, ки  дар  хобгоҳҳо истиқомат мекунанд,  назорат мебарад.

3.11. Суҳбатҳо, вохӯриҳо бо донишҷӯдухтарон ва занони   донишгоҳ мегузаронад.

 

4. Ҳуқуқхои Шӯрои занон

4.1.  Шӯрои занон ҳуқуқ дорад,  бо ҳадафи тадбиқи ҳаматарафаи фаъолияти  худ  бо тамоми зерсохторҳои донишгоҳ иртиботи расмӣ дошта бошад.

4.2.  Шӯрои занон бо мақсади муайян намудани риояи Низомномаи сару либоси донишҷӯён дар  факултаҳои донишгоҳ  рейду  санҷишҳо баргузор менамояд.

4.3.  Шӯрои занон оид ба тартибу низоми донишҷӯён вобаста  ба  натиҷаҳои  рейду  санҷишҳо  ба  ректори Донишгоҳ  маълумот пешниҳод менамояд.

4.4 . Шӯрои занон вобаста ба одобу ахлоқи накӯи инсонӣ бо донишҷӯён ҷаласаю мулоқотҳо доир менамояд.

 

Нақшаи

чорабиниҳои Шӯрои занон ва духтарони  ДДОТ ба номи С.Айнӣ барои   соли таҳсили 2016-2017

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

Шахсони масъул

Эзоҳ

1.

Таҳия ва тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2016-2017

то 23.09.2016

Раиси Шӯрои занон,   зерсохторҳо

Лоиҳаи нақша

2.

Иштироки фаъолонаи ва саҳм гирифтани занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар рӯзҳои ҷашн

Раисони Шӯрои занони факултетҳо

Гузориш

3.

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултетҳо  оиди Қоидаҳои дохилии донишгоҳ

Мувофиқи нақшаи Қисми тарбия то 26.09

Садорати факултетҳо

Гузориш

4.

Иштироки фаъолонаи занону духтарони донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароѓатӣ бахшида ба санаҳои муҳими аҳамияти  таърихӣ дошта ва семинару машваратҳо оиди баланд бардоштани маърифати либоспӯшӣ

 

 

 

Мунтазам

Раисони Шӯрои занони факултетҳо

Гузориш

5.

Гузаронидани рейдҳо оид ба иҷроиши Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 31.10.2012 оиди «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ»

 

Мунтазам

Раисони Шӯрои занони факултетҳо

гузориш

 

6.

Кор бо донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда

Мунтазам

Раисони Шӯрои занони факултетҳо, муовинони декан оид ба тарбия

Гузориш

7.

Ташкил ва баргузор намудани озмуни «Маликаи донишгоҳ»

Аз рӯи нақша

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,

Гузориш

8.

Ташкил ва баргузор намудани конференсия дар мавзӯи «Хушрӯзии мо зи ваҳдат аст».

Дар давоми соли таҳсил

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,

Гузориш

9.

Иштироки фаъолона  ва саҳм гирифтани занону духтарони донишгоҳ дар шанбегиҳо ҷиҳати тозагӣ ва ободонии гирду атрофии донишгоҳ

Мунтазам

Кураторони гурӯҳҳо

Гузориш

10.

Иҷрои дастуру супоришҳои ректор

 

мунтазам

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,

Гузориш

11.

Ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Танзим- баракати зиндагӣ»

Октябри  2016

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,

Гузориш

12.

Расонидани ёрии амалӣ барои оилаҳои оянда, баргузор намудани семинар-машваратҳо баҳри омода намудани донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона

Дар давоми сол

 

 

13.

Саҳм гузоштан дар баргузор намудани суҳбатҳо оид ба қоидаҳои дохилӣ ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароѓатӣ дар хобгоҳҳо

 

мунтазам

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,  Тошпулатова Т., коммендантҳои хобгоҳҳои №2,№3,№7

Гузориш

14.

Таъин намудани раисони шӯрои духтарон дар гурӯҳҳои академии курсҳои 1-ум

 

Сентябр

Кураторони гурӯҳҳо

Гузориш

 

 

 

 

 

15.

Ҷалб намудани донишҷӯдухтарон ба китобхонӣ, маҳфилҳои фаннӣ

мунтазам

Шӯрои занон,   Шӯрои духтарон,   зерсохторҳо,кураторони гурӯҳҳо

Гузориш

16.

Кор бо донишҷӯдухтароне, ки давомоти хуб надоранд ё ягон рафтори манфӣ содир кардаанд

мунтазам

Шӯрои духтарон,   зерсохторҳо,кураторони гурӯҳҳо

 

 

Гузориш

17.

Саҳм гирифтан дар гузаронидани чорабиниҳои идона ва ҷашнӣ:

-Рӯзи дониш

-Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Рӯзи омӯзгорон

-Рӯзи забон

- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Соли нави мелодӣ

-Иди модарон

-Иди Наврӯз

-Иди Ѓалаба

-Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Дар давоми сол

Шӯрои занон,   Шӯрои духтарон,   зерсохторҳо,кураторони гурӯҳҳо

Гузориш

18.

Иштироки раисони шӯрои занон ва духтарони  факултетҳо ва донишҷӯдухтарон дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, ноҳия ва шаҳр(шанбегиҳо, бозиҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангию ва сиёсӣ)

мунтазам

Шӯрои занон,   Шӯрои духтарон,   зерсохторҳо,кураторони гурӯҳҳо

Гузориш

19.

Ташкил ва гузаронидани вохурӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оила-ниҳоди

муқаддас»

Дар давоми сол

 

 

20.

Омода намудани ҳисобот оид ба иҷроиши нақшаи кори Шӯрои занон дар   соли таҳсили 2016-2017

Июли соли 2017

Шӯрои занон ва зерсохторҳо,

Ҳисобот

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷадвали

гузаронидани семинар-машваратҳо бахшида ба «Масъалаи тайёрии донишчӯдухтарон ба ҳаёти оилавӣ»

Санаи баргузорӣ

Вақт

Мавзӯъ

Мутахассис

Шахси масъул

Мутасаддӣ

Макони баргузорӣ

1

02.11.

2016

13:30

Оила макони муҳаббат аст. Ишқ чист?

Бобокалонова Р.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

2

07.12.

2016

13:30

Калиди хушбахтӣ дар дасти худи шумост! Муносибат бо  ХУШДОМАН.

Каримова М.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

3

21.12.

2016

13:30

Таъсири таҳсилоти модар ба тарбия ва рушди кӯдак

Обидова М.И.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

4

11.01.

2017

13:30

Модар чи гуна, духтар намуна. Маданияти никоҳ ва оила.

Маҷидова Б.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

5

16.02. 2017

13:30

Ҳуқуқҳои худро бидон! Зӯроварии хонаводагӣ ҷиноят аст!

Қосимова Р.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

6

11.03. 2017

13:30

Либоспӯшӣ санъат аст

Мухторова Г.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

7

05.04. 2017

13:30

Сарфакорӣ-кафили устувории оила. Тарбияи иқтисодии фарзанд.

Шарипова Ф.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

8

19.04. 2017

13:30

Тозагии шахсӣ ва оилавӣ. Кӯдак таваллуд шуд…

Тошпулотова Т., Иронова С.

Қувватова С.

Садорати факултетҳо

Толори Шӯрои олимони факултети технология

Нақшаи

чорабиниҳои Шӯрои занони  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20- солагии Ваҳдати миллӣ

Номгӯи чорабиниҳо

Мутасаддӣ

Муҳлати иҷро

Шакли иҷро

1.

Тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар байни занон ва донишҷудухтарони  донишгоҳ

 

Қувватова С.

Баротова М.

Мунтазам

Гузориш

2.

Дар ВАО, ширкатҳои телевизионӣ, радиоӣ, нашри мақолаҳо, баёни афкор дар партави Паём

 

Қувватова С.

Давоми сол, мунтазам

Гузориш

3.

Баррасии мӯҳтавои Паём дар ҷаласаи Шӯрои занони донишгоҳ

 

Қувватова С.

Январи  соли 2017

Гузориш

4.

Баргузор намудани форуми занон ва духтарон дар мавзӯи «Интихоби мо – сулҳу оромии ҷомеа ва хушбахтии ҳар як хонадон»

Қувватова С., Раисони шӯрои занони факултетҳо

Апрели  соли  2017

Гузориш

5.

Баргузор намудани  озмуни «Маликаи донишгоҳ» байни донишҷӯдухтарони факултетҳо бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ.

Бобокалонова Р.

Қувватова С.

Феврали соли 2017

Гузориш

6.

Ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни дониҷӯдухтарони донишгоҳ бахшида ба таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Қувватова С.

Баротова М.

Дар давоми соли таҳсил

Гузориш

7.

Чопи мақолаҳои ҷиҳати тарбиявӣ дошта, дар мавзӯъҳои доѓи рӯз аз ҷониби занон ва духтарон дар рӯзномаву маҷаллаҳо.

Садорати факултетҳо

Дар давоми соли таҳсил

Гузориш

8.

Таъмини иштироки фаъолонаи бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Қувватова С., Раисони шурои занони факултетҳо

Июни соли 2017

Гузориш

 

9.

Ба чоп расонидани мақолаҳо, навиштани рефератҳо ва иштироки занон ва донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳо, барномаҳои телевизионӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор».

Садорати факултетҳо

Мунтазам

Гузориш

 

Раиси Шӯрои занон                                              С. Қувватова

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru