• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

 

Мансур Нугмонов,
мудири кафедра,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Телефон: (+ 992 37) 224-83-17
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

НУГМОНОВ Мансур (Нӯъмонов) (тав. 10. 02. 1949), доктори илмҳои педагогӣ (2000), профессор (2004), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003). Солҳои 1966–1971 дар шуъбаи математикка-физикаи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1971–1973, 1974–1979 ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи номбурда, 1973–1974 афсари Артиши Шӯравӣ, 1979–1987 муаллими калон, номзади илм (1986), 1988–1991 дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко.  Солҳои 1991–1993 ҳамчун ходими калони илмӣ, 1993–1996 дотсенти кафедраи методикаи таълими математика, 1996–2000 ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев. Солҳои 1997–2000 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Москва таҳсил намуда, аввалин доктори илм дар соҳаи назария ва методикаи таълими математика дар ҷумҳурӣ мебошад. Аз соли 2002 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математика ва профессори кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба ӯҳда дорад. Оид ба пайдарҳамии курсҳои математикаи синфҳои 6-8 ва 9–10 дар мактаби миёна, асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм, сохтори методии таълим, фалсафа ва методологияи таҳсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаҳои байнифаннӣ, масъалаҳои муосири дидактика, психологияи математика корҳои илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 620 номгӯи асарҳои илмию методӣ мебошад, ки қисми зиёдашон дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷ ба табъ расидаанд. Аз ҷумла,  муаллифи 7 монография илмӣ, 8 барномаи таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 18 барномаи таълимӣ барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2 барномаи таълимӣ барои коллеҷҳои омӯзгорӣ, 67 воситаҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумию донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ, стандарти давлатӣ оид ба математикаи мактаби таҳсилоти  ибтидоӣ ва умумии Тоҷикистон, инчунин мушовири китобҳои дарсии математикаи синфҳои 1-4 аст. Зери назари ӯ 76 маҷмӯаи илмӣ ва дастурҳои таълимӣ ба чоп расидаанд. Дар зиёда аз 22 конференсияҳои илмии байналхалқӣ (Москва, Черноголовка, Саранск, Саратов, Самара, Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Душанбе, Толятти, Арзамас, ва ғ.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Инчунин, ташкилкунанда ва раиси 9 конференсияи илмии байналмиллалию ҷумҳуриявӣ мебошад. Саҳми ӯ дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи илм ва тарбия низ калон аст. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 36 нафар рисолаи номзадӣ дифо кардаанд. Аз соли 2009 вазифаи раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ аз назария ва методикаи таълими математика дар назди Донишгоҳи омӯзгориро ба ӯҳда дошт.

Айни замон таҳти роҳбариаш 3 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ омода шадаанд ва мунтазири ҳимоя мебошанд.

 

Таърихи кафедраи методикаи таълими математика

То ибтидои солҳои шастуми асри ХХ дар факултети «Физика ва математика»-и дар он вақт амалкунанда фанҳои шомил ба методикаи таълими математикаро дар кафедраи ягонаи «математика» таълим медоданд. Кафедраи «Методикаи таълими математика» дар заминаи кафедраи умумии «математика» 7 сентябри соли 1961 бо номи «Математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика» ташкил ёфта, баъдтар номи аслиашро гирифтааст. Ин нахустин кафедра оид ба методикаи таълими математика дар ҷумҳурӣ мебошад.

Асосгузор ва аввалин мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент (баъдтар, доктори илмҳои педагогӣ, профессори психология, сармутахассиси Институти психологияи Академияи маорифи Россия) Лев Моисеевич Фридман буд, ки то соли 1963 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.

Дар солҳои минбаъда вазифаи мудири кафедраро дотсент (баъдтар профессор) Қ.У. Осимов (1963-1964; 1968-1971; 1977-1982), дотсентон Г. Собиров (с 1965-1968), А. Қодиров (1982-1988). С. Ҳасанов (1988-1997), М. Махкамов (1997-2000), Қ. Норов (2000-2002) ба ӯҳда доштанд. Аз с. 2002 вазифаи мудири кафедраро Узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор М.Нугмонов ба ӯҳда дорад.

Дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси кафедра саҳми устодони варзида, профессорон Л.М. Фридман, Қ.У. Осимов, И.К. Андронов, В.А. Гусев, В.И. Мишин, В.И. Крупич, Ю.М. Колягин, Г.И. Саранцев, А.А. Столяр, М. Нугмонов, Р.С. Черкасов, дотсентон  Р.А. Хабиб, А.Я. Блох калон аст.

Саҳми кафедра дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илми методикаи таълими математика дар ҷумҳурӣ ва берун аз он калон аст. Дар солҳои мавҷудияти кафедра аспирантураро зиёда аз 50 нафар хатм намуда, қисми зиёди унвонҷӯён номзадҳои илм ва баъзеашон сазовори унвони докторҳои илм гардиданд.

Фаъолияти илмии кафедра серсоҳа буда, масъалаҳои марбут ба маълумоти математикӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифро дар бар мегирад. Устодони кафедра инчунин оид ба таърихи математика, бахусус таърихи Осиёи Марказӣ ва ватанӣ тадқиқоти илмӣ гузаронида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд ва ҳоло низ машғули пажӯҳишанд.

Дар солҳои фаъолияти мустақилӣ кафедра бо равияҳои гуногун, ба монанди «Тадқиқи мазмун ва методҳои таълими математика дар мактабҳои миёна», «Хусусиятҳои таълими математика дар мактабҳои Тоҷикистон», «Истифодаи элементҳои таърихи математика дар дарсҳои математика», «Таъмини пайдарҳамии раванди таълими математика дар мактабҳои миёна», «Масъалашиносӣ ва асосҳои ташаккули масъалаҳалкунӣ дар таълими математика», «Инкишофи қобилияти математики хонандагон», «Асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм», «Системаи тайёрии касбӣ-методии муаллими математика дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ», «Системаи методии таълими математика» ва ғайра тадқиқотҳо ба анҷом расондааст.

Дар заминаи кафедра борҳо конференсияҳои илмии умумииттифоқӣ, байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии хусусияти соҳавӣ дошта, аз ҷумла конференсияи умумииттифоқии илмию амалии «Робитаи математика ва физика дар мактабҳои миёнаю олӣ» (соли 1978), конференсияҳои илмии ҷумҳуриявии «Тайёрии касбии омӯзгорони математикаи мактабҳои миёна» (1994), «Проблемаҳои муосири математика. Таълими математика ва информатика дар мактабҳои миёнаю олӣ» (2003), «Робитаи байнифанни математика бо фанҳои табиӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ» (2004), «Асосҳои психологӣ-педагогии таълими математика, физика ва технология» (2005), «Назария ва амалияи китоби дарсии математикаи мактабӣ» (2005), «Методологияи методикаи таълими математика» (2006), «Проблемаҳои муосири тайёрии касбӣ-методии муаллими математика дар мактаби олии педагогӣ» (2007), «Проблемаҳои низоми кредитии таҳсилот дар мактабҳои олӣ» (2010), «Проблемаҳои таълими таърихи математика дар мактабҳои миёнаю олӣ» (2011), конференсияҳои илмии байналхалқии «Системаи методии таълим. Математика, физика, информатика ва технология» (2009),  «Математика (физика информатика) ва таҳсилоти математикӣ (физикӣ информатикӣ) дар мактабҳои миёнаю олӣ» (2013), «Проблемаҳои муосири таҳсилоти математикӣ, физикӣ ва информатсионӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ» (2016) баргузор гардиданд. Устодони кафедра борҳо дар конференсияҳои байналхалқию умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Саҳми кафедра дар офаридани асарҳои илмӣ-методӣ бузург аст. То имрӯз устодони кафедра зиёда аз  15 – монографияи илмӣ, 26 – маҷмӯаи илмӣ, зиёда аз 2000 – мақола ва фишурдаҳои илмӣ, 230 – китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, 6 стандарти таҳсилоти математикӣ, 22 барномаҳои таълимӣ ба табъ расондаанд.

Кафедра бо марказҳои ҳамноми илмии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белоруссия ва Қириғизистон равобити илмӣ дорад.

Дар кафедра семинарии илмии «Системаи методии таълимии математика» амал мекунад, ки устодон ва аспирантону унвонҷӯён корҳои илмию методии худро дар он ҳаллу фасл менамоянд.

Кафедра маркази таҳқиқоти илмӣ буда, дар асоси он Шӯрои дисертационӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ  аз назария ва методикаи таълими математика (дар асоси фармони КОА – Россия, солҳои 2009-2012)  ташкил  ва амал  мекард, ки унвонҷӯёни ватанӣ ва хориҷӣ рисолаҳои номзадӣ дифо кардаанд.

Омӯзгорон

 

Бобоҷон Ҳасанов

аз соли 1973 дар вазифаи ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ  ба номи С. Айнӣ кор мекунад.

Тел: 98-812-76-26.

 

 

 

 

 

Ҳалим Юсупов

 

аз моҳи августи соли 1988 дар вазифаи саромӯзгор ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ  кор мекунад.

Тел: 91-885-34-24.

 

 

 

Қурбон Саидов

аз сентябри соли 2007 дар кафедраи методикаи таълими математикаи факултаи математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнї кор мекунад

Тел: 95-155-26-00.

 

 

 

 

 

 

Раҷабалӣ Норов

аз моҳи августи соли 2008 дар мансаби омӯзгори кафедраи геометрия ва баъдтар,   аз соли 2013 саромӯзгори омӯзгори кафедраи методикаи таълими математика кор мекунад.

Тел: 90-111-34-25.

 

 

 

 

 

 

 

 

Умедҷон Холиқов

аз моҳи августи соли 1998 дар мансаби ассистенти кафедраи методикаи таълими математика ва баъдтар  омӯзгори калони кафедраи мазкур кор мекунад.

Тел: 91-735-74-14.

 

 

 

 

 

 

Муҳамадсафар Ҷаборов

аз моҳи сентябри  соли 2005 ассистент, муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика.

Тел: 93-388-71-73.

 

 

 

 

 

 

 

Худойдоди Насриддин

аз моҳи апрели соли 2013 дар мансаби мудири кабинети кафедраи методикаи таълими математика  ва ассистенти кафедра кор мекунад.

Тел: 93-406-36-67.

 

 

 

 

 

 

 

Ҳусан Амонқулов

аз моҳи августи соли 2011 дар мансаби ассистенти кафедраи алгебра ва назарияи ададњо баътар, аз соли 2013  ассистенти  кафедраи методикаи таълими математика кор мекунад.

Тел: 93-542-92-88.

 

 

 

 

 

 

 

Азизбеки Маъруфҷон

аз соли 2013 ассистенти кафедраи анализи математики, аз соли 2015 аспиранти рузонаи кафедраи методикаи таълими математика кор ва фаъолият мекунад.

тел:91-844-81-69

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru