• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ



Сафарали Мардонов,
роҳбари Парки технологи,
Телефон: (+ 992) 918 73 60 73
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

Мардонов Сафаралӣ Ҳасанович 26-уми сентябри соли 1988 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1995 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ба синфи якум қабул гардида, соли 2006 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия ва шаҳр қадрдонӣ гардидааст.

Мардонов Сафаралӣ баъди хатми мактаби миёна соли 2006 ба факултети забони  англисии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2011 бомуваффақият хатм намудааст. Дар давоми таҳсили  хеш дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи  болаёқат нишон дода, сазовори эътирофи устодони хеш гардидааст.

Мардонов Сафаралӣ фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси оператор-систематехник дар ҶДММ «Техно-Торг-Сервис» ва ҶДММ «Сафири-Рушд» оғоз намудааст.  Ҳамзамон тайи солҳои 2009-2013 дар гимназияи №9 ба номи Низомии ш. Душанбе ва баъдан дар гимназияи №1 ноҳияи Варзоб ба ҳайси муаллими фанни забони англисӣ фаъолияти омӯзгорӣ намудааст.

Мардонов Сафаралӣ соли 2011 ба вазифаи директори Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гардида, аз 11.06.2016 то ҳол фаъолияти худро дар вазифаи директори парки технологӣ босамар идома дода истодааст. Дар давоми фаъолият дар ин вазифа кори матбааи донишгоҳӣ  хеле  равнақ  пайдо  карда, барои пешрафти фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ саҳми арзанда гузошт. Нашри дастуру восоити таълимию методии омӯзгорони донишгоҳ,  сари вақт ва бо сифати баланд дар матбаа ба нашр мерасанд.

Мардонов Сафаралӣ аз соли 2011 яке аз аъзои  фаъоли   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар чорабиниҳои гуногуни илмию ҷамъиятии донишгоҳ ширкати фаъолона дорад ва  вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бо масъулияти баланд ба иҷро мерасонад.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru