• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дастурамали

вазифавии директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

  1. 1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Дастурамали вазифавии директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд - донишгоҳ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Низомномаи намунавии оид ба ташкил ва фаъолияти  парки технологии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

1.2. Парки технологӣ (минбаъд - парк) шахси ҳуқуқии тиҷорат ё муассисаи хурд дар сохтори донишгоҳ буда, дар ҳудуди барои ӯ ҷудокарда, дарзери назорати Донишгоҳ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ  ва инвеститсионӣ  фаъолият менамояд.

1.3. Парк шакли ташкили фаъолияти инноватсионии муассисаҳои илмӣ , бюроҳои лоиҳавӣ -банақшагирӣ  буда, бо қарори шӯрои олимон ва  фармони ректори  донишгоҳ таъсис дода мешавад.

 

2.Мақсад ва вазифаҳои асосии директори парк

2.1. Директори парк бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ , ба даст овардани натиҷ аҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи инноватсионӣ , дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷ ӣ  фаъолият менамояд.

Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ директори парк вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- дар доираи истифода намудани маблағҳои худӣ  ё ҷ албшуда ташкил намудани корхонаҳои муштарак, сехҳои истеҳсолӣ ;

- расонидани хизматрасониҳои машваратӣ  ба мутахассисон дар соҳаи технологияи  илмталабу аълосифат ва соҳибкорӣ ;

- дар шабакаи Интернет ташкил ва мавриди фаъолият қарор додани сайти тарғиботию иттилоотии Парки технологӣ ;

- ба намоиш ва озмунҳо пешниҳод кардани дастовардҳои истеҳсолкардаи мутахассисони сехҳо ва коргоҳҳо;

- барои  пайдо кардани маблаѓ барқарор кардани ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои ватанию хориҷӣ;

- ташкили нуқтаҳои савдо ҷиҳати ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки аз тарафи парк истеҳсол карда мешавад;

- намудҳои дигари фаъолияти хоҷ агидорӣ , ки мутобиқи қонунгузории Ҷ умҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

 

3.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои директори парк

3.1. Ҳуқуқҳои  ба парк дахлдошта  аз тарафи директори парк, аз рӯи тақсимоти вазифавӣ , аз тарафи дигар шахсони вазифадори он амалӣ  карда мешавад.

3.2. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо директори парк ҳуқуқ дорад:

- оид  ба такмил додани сохтори парк ба ректори донишгоҳ  пешниҳод манзур намояд;

- аз хизматрасонии дигар қисмҳои сохтории донишгоҳ (майдонҳои таълимӣ  ва истеҳсолӣ , нақлиёт, техникаи ташкилӣ , хизмати алоқа, китобхона ва ғ.) истифода барад.

3.3. бо розигии Раёсати донишгоҳ ва фармони  ректори донишгоҳ кормандони сохторҳои худро барои иҷ ро намудани супоришҳои таълимӣ  ҷ алб кунад;

3.4. Директори парки технологӣ  ӯҳдадор аст:

- меъёрҳоеро, ки Оинномаи донишгоҳ ва низомномаи мазкур пешбинӣ  намудааст,  риоя намояд;

- барои махфӣ  нигоҳ доштани ҳуҷ ҷ атдорӣ , иттилоот, дониш, таҷ риба, ки нисбати характери махфӣ  доштани онҳо донишгоҳ қарор қабул намудааст, тадбирҳои зарурӣ  андешад ва дар мавриди риоя нагардидани ин талабот тибқи тартиби муқарраргардида ва қонунгузории амалкунанда дар донишгоҳ ҷавобгӯ мебошад;

- пояи моддию техникии ба ихтиёри парк мутаалиқро  мувофиқи талаби меъёрҳои муқаррарнамудаи оинномаи донишгоҳ нигоҳ дорад.

3.5. Аз ҳисоби маблағҳои ба дастомада директори парк ҳуқуқ дорад, ки таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои фаъолият заруриро харидорӣ  намояд ва онро ба тавозуни худ ва донишгоҳ гузаронад.

 

 

НИЗОМНОМАИ

МАТБААИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН

БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

 

1.Муқаррароти умумӣ

1.1. Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд - Матбаа) яке аз сохторҳои қисми илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» (минбаъд - Донишгоҳ) мебошад.

1.2. Матбаа фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳуқуқи муаллиф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Оинномаи донишгоҳ, низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ мемонад.

 

2. Вазифаҳои асосии матбаа

2.1. Ба амал баровардани назорати мақсаднок дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи маориф, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф вобаста ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсиву маводи таълимӣ.

2.2. Риояи сиёсати нашри маводи таълимӣ, ки аз ҷониби вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2002 таҳти № 01-53 ба имзо расидааст.

2.3. Таъмини иҷрои ҳамаи корҳои вобаста ба танзим, таҳия, муоинаи китобҳо, санадвораҳо ва дастурҳои таълимӣ, ки аз тарафи Матбаа чоп мешаванд.

2.4. Танзими фармоишот, паҳн намудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимие, ки бо барномаҳои нави таълимӣ мувофиқат карда, аз тарафи Матбаа интишор мешаванд.

2.5. Барқарор намудани алоқаи доимӣ бо муаллифон, ноширон ҳангоми интишори китобҳои дарсӣ.

2.6. Ҳалли масъалаҳои дар назди Матбаа гузошташуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои донишгоҳ.

2.7. Мустаҳкам намудани робита бо комиссияҳои озмунӣ, озмоишӣ вобаста ба нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ.

 

3. Самтҳои асосии фаъолияти матбаа

3.1. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муаллифон (доимӣ), интихоби муаллифон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосӣ корҳои зайл иҷро карда мешаванд:

-      бастани шартномаҳо оид ба таҳия, чопи компютерӣ, тақризи китобҳо ва дигар маводи таълимӣ;

-      қабул намудан ва ба қайд гирифтани дастхатҳо дар асоси варақаи махсусе, ки ҷавобгӯи тамоми меъёрҳо ва талабот бошанд.

3.2. Ташкили экспертиза (муоинаи таҳқиқот):

-      муайян намудани коршиносони озод (бетараф);

-      муайян намудани мактабҳои озмоишие, ки дар онҳо санҷиши китоб ба роҳ монда мешавад;

-      омӯзонидани экспертҳо (коршиносон) ва омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии озмоишӣ.

3.3. Танзими ҳуҷҷатгузорӣ:

-      омӯзиши вазъи умумии таъмини муассисаҳои таълимӣ, факултетҳои донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ: номгӯи ва номи муаллифони китоби дарсии истифодашаванда, ҳолати дастнависи китобҳои дарсӣ;

-      тайёр кардани мактубҳои тавзеҳӣ, ҳуҷҷатгузории маводи таълимӣ;

-      нашри варақаҳои иттилоотӣ доир ба китобҳои дарсӣ;

-      коркарди нишондодҳои баҳодиҳии экспертӣ ва ғ.

3.4. Гирдоварӣ ва таҳияи маълумоти оморӣ оид ба китобҳои дарсӣ ва дигар маводе, ки тибқи хоҳиши раёсати донишгоҳ нашр мекунад:

-      қабули дархостҳои китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, варақаҳо аз раёсат ва дигар сохторҳои донишгоҳ барои нашр;

-      қабули фармоишҳо оид ба нашри китоб, муайян намудани нархи харид ва арзиши иҷораи китобҳои дарсӣ;

-      муайян намудани ҳаҷми дақиқи ҷузъи нашриву ҳисобии ҳар як дастхат;

-      ба танзим овардани феҳристи китобҳои дарсӣ.

3.5. Ҳамкорӣ бо нашриёт ва чопхонаҳои вазорату муассисаҳои дахлдор, омодагӣ ба гузаронидани музояда, фурӯш ва озмунҳо:

-      бастани шартномаҳо оид ба нашри китобҳо, санадвораҳои донишгоҳ ва дигар маводи таълимӣ;

-      дар оянда муваффақ шудан ба нашри мунтазами китобҳои дарсӣ, нашри китобҳо барои муаллимон, дастурҳои методӣ, маводи гуногуни таълимӣ ва дастурҳои аёнӣ, санадвораҳои донишгоҳ, хрестоматияҳо, китобҳои машқ, маълумотномаҳо ва маҷмӯаи саволу супоришҳо, китобҳо барои хониш воқеӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ ва ғайра;

-      баҳодиҳӣ ба нишондодҳои техникии китобҳои дарсие, ки ба воситаи музояда нашр мешаванд;

-      таъин намудан ва расман тасдиқ намудани нишондодҳои сифатҳои китоб: аз ҷиҳати илмӣ, талаботи педагогӣ, забонӣ, методӣ, дидактикӣ, техникӣ-технологӣ, зебошиносӣ, санитарӣ-гигиенӣ;

-      омӯзиши вазъи таъмини факултетҳои донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ ва аён намудани талаботи аввалиндараҷа ба он ва дар асоси ин пешниҳоди таклифот ба раёсати донишгоҳ.

4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мудири матбаа

Ҳуқуқҳои мудири матбаа иборатанд аз:

4.1. Ҳуқуқи чопи такрории китобҳои дарсӣ танҳо дар ихтиёри раёсати донишгоҳ ва мудири матбаа мебошад.

4.2. Аз факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ, идораву шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ доир ба масъалаҳои дахлдори муқар- раргардида маълумоти зарурӣ гирад.

4.3. Дар асоси ҳуҷҷатҳои тибқи нақшаи корӣ таҳлилнамуда ба раёсати донишгоҳ маълумотнома манзур намояд.

4.4. Оид ба дигаргунсозӣ, воридоти тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нисбати таҳия, табъу нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи таълимӣ ба раёсати донишгоҳ фикру мулоҳизот ва таклифоти худро пешниҳод намояд.

4.5.Ба кор қабул кардани мутахассисонро ба матбаа мутобиқ ба воҳидҳои кории ҷудошуда ба роҳ монад.

5. Мудири матбаа уҳдадор аст:

5.1. Аз рӯи дархости сохторҳои донишгоҳ маълумотҳоро оид ба таҳия, нашр, муомилоти китобҳо, барномаҳои таълимӣ пешниҳод намояд.

5.2. Тамоми ҳуҷҷатҳо, мактубу дархостҳоро сари вақт таҳия ва баррасӣ намояд.

5.3. Дар сохтораш шабакаи хурди компютерӣ ташкил намояд, ки он дорои заминаи маълумотдиҳӣ, факсҳо, почтаи электронӣ ва полиграфӣ бошад.

5.4. Дар ҷаласаҳои назоратии назди ректори донишгоҳ мунтазам ширкат варзад.

 

 

НИЗОМНОМАИ

Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

  1. 2. Муқаррароти умумӣ

1.1.Низомномаи Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд - донишгоҳ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Низомномаи намунавии оид ба ташкил ва фаъолияти  парки технологии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

1.2. Парки технологӣ (минбаъд - Парк) шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ ё муассисаи хурд дар сохтори донишгоҳ буда, дар ҳудуди барои ӯ  ҷудокарда, дар зери назорати Донишгоҳ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.

1.3. Парк шакли ташкили фаъолияти инноватсионии муассисаҳои илмӣ, бюроҳои лоиҳавӣ-банақшагирӣ буда, бо қарори шӯрои олимон ва  фармони ректори  донишгоҳ таъсис дода мешавад.

 

2. Самтҳои фаъолияти парк

2.1. Парки технологии  донишгоҳ метавонад фаъолияти худро тибқи шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбию техникӣ, муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва бо воситаи истифодаи қувваи кории хонандагону донишҷӯёни ин зинаи таҳсилот, истеҳсоли маҳсулоти инноватсиониро ба роҳ монда, ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.

2.2. Барои истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии илмталаб парк бо муассисаҳои таҳсилоти касбии дигар тибқи шартнома ҳамкорӣ намуда, бо истифода аз нерӯ и пуриқтидори илмию тадқиқотии муттаҳидгардида лоиҳаҳои ҳалталаби соҳаи инноватсиониро, ки ба технологияи муосир ниёз доранд, ҳаллу фасл менамояд.

2.3. Фаъолиятҳое, ки барои онҳо литсензия (иҷозатномаи махсус) лозим аст, баъд аз ба даст овардани литсензия ба тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, ба амал мебарорад.

 

3.Мақсад ва вазифаҳои парк

3.1. Парки технологӣ дар донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷӣ фаъолият менамояд.

Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ парк вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

дар доираи истифода намудани маблағҳои худӣ ё ҷалбшуда ташкил намудани корхонаҳои муштарак, сехҳои истеҳсолӣ;

расонидани хизматрасониҳои машваратӣ ба мутахассисон дар соҳаи технологияи  илмталабу аълосифат ва соҳибкорӣ;

дар шабакаи интернет ташкил ва мавриди фаъолият қарор додани сайти тарғиботию иттилоотии парки технологӣ;

ба намоиш ва озмунҳо пешниҳод кардани дастовардҳои истеҳсолкардаи мутахассисони сехҳо ва коргоҳҳо;

барои  пайдо кардани маблаѓ барқарор кардани ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои ватанию хориҷӣ;

ташкили нуқтаҳои савдо ҷиҳати ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки аз тарафи парк истеҳсол карда мешавад;

намудҳои дигари фаъолияти хоҷагидорӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

 

4. Сохтор ва идоракунии парк

4.1. Сохтори паркро шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ менамояд.

4.2. Сохтори парк вобаста ба самтҳои асосӣ ва хусусиятҳои фаъолияти он муайян карда мешавад.

4.3. Барои коркарди лоиҳаҳои мушаххаси илмӣ-инноватсионӣ, иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, инчунин дар рафти тайёр намудани истеҳсолот гурӯҳҳои илмию эҷодии муваққатӣ, дар мӯҳлати амали намудани шартномаҳо ташкил дода мешавад, ки аъзои онҳо аз рӯи шартномаҳои меҳнатии мӯ ҳлаташон муайянгардида кор мекунанд.

4.4. Директори парк бо фармони ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

4.5.Ҷадвали воҳиди кории парк бо пешниҳоди директор аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

4.6. Бақайдгирӣ ва гузаронидани мавод, таҷҳизот ва арзишҳои техникӣ (маводи хароҷот) - и парк аз тарафи сармуҳосиб, муҳосиби молу амволи донишгоҳ дар якҷоягӣ бо муҳосибот ва директори парк сурат мегирад.

4.7. Шуъбаҳои паркро мудирон роҳбарӣ мекунанд. Онҳо ба ин вазифаҳо бо пешниҳоди директори парк (дар ҳолати зарурӣ дар асоси озмун) ва фармони ректори донишгоҳ таъин карда мешаванд.

5. Моликият ва воситаҳои парк

5.1. Парк бо мақсади таъмин намудани фаъолияти худ иншоот, биноҳо,  техника ва таҷҳизоти  барои  ӯ ҷудошударо мувофиқи оинномаи донишгоҳ ва низомномаи мазкур истифода менамояд.

5.2.Фаъолияти парк аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ мешавад:

- шартномаҳои хоҷагидорӣ;

- грантҳои самти гуногундошта, аз ҷумла, грантҳои хориҷӣ;

- маблағҳо аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи парк;

- пардохтҳои ихтиёрии хайриявии пулӣ, хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии

ватанию хориҷӣ;

- манбаъҳои дигари молиявӣ, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ

накардааст.

5.2. Буҷаи парк аз ҳисоби ҷудо кардани маблаѓҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавии донишгоҳ, маблағҳои шартномавии парк дар муҳосиботи ягонаи донишгоҳ зери нишони махсус, дар алоҳидагӣ ташкил карда мешавад.

5.3. Пардохти музди меҳнати кормандон мувофиқи музди меҳнати вазифавӣ аз рӯ и воҳиди кории тарифи ягона гузаронида шуда, вобаста ба намуд ва ҳаҷми маҳсулоти содиротии парк кормандони он ҳавасманд гардонида мешаванд.

5.4. Ҳангоми пурра маблағгузорӣ нашудани парк музди меҳнат мувофиқи ҳаҷми пулҳои ҷудошуда гузаронида мешавад. Ба низомдароии муносибатҳои  меҳнатӣ дар ин ҳолат бо роҳи созишномаи байни иттифоқи касаба, иҷрокунанда ва маъмурият муайян карда шуда, бо фармони ректори  донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

5.5. Донишгоҳ бо пешниҳоди парк истифода бурдани маблағҳои ғайрибуҷавӣ, ҳаҷми пули боқимонда  ва иловапулиҳоро ба музди меҳнати кормандон муайян менамояд.

5.6. Хизматрасониҳои муҳандисию техникӣ ва корҳои истеҳсолию таъмирӣ дар қисмҳои сохтории парк аз тарафи хадамоти маъмурӣ-хоҷагидории донишгоҳ амалӣ карда мешавад.

 

6.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои парк

6.1. Ҳуқуқҳои  ба парк дахлдошта  аз тарафи директори парк, аз рӯи тақсимоти вазифавӣ, аз тарафи дигар шахсони вазифадори он амалӣ карда мешавад.

6.2. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо парк ҳуқуқ дорад:

- оид  ба такмил додани сохтори парк ба ректори донишгоҳ  пешниҳод манзур намояд;

- аз хизматрасонии дигар қисмҳои сохтории донишгоҳ (майдонҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, нақлиёт, техникаи ташкилӣ, хизмати алоқа, китобхона ва ғ.) истифода барад.

6.3. Кормандони парк дар фаъолияти худ аз ҳамаи он ҳуқуқҳое, ки кормандони Донишгоҳ доранд, истифода менамоянд.

6.4. Кормандони парк метавонанд бо розигии раёсати донишгоҳ ва фармони  ректори донишгоҳ барои иҷро намудани супоришҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд.

6.5. Парки технологӣ ӯ ҳдадор аст:

- меъёрҳоеро, ки оинномаи донишгоҳ ва низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст,  риоя намояд;

- барои махфӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатдорӣ, иттилоот, дониш, таҷриба, ки нисбати характери махфӣ доштани онҳо донишгоҳ қарор қабул намудааст, тадбирҳои зарурӣ андешад ва дар мавриди риоя нагардидани ин талабот тибқи тартиби муқарраргардида ва қонунгузории амалкунанда дар донишгоҳ ҷавобгӯ  мебошад;

- пояи моддию техникии ба ихтиёри парк мутаалиқро  мувофиқи талаби меъёрҳои муқаррарнамудаи оинномаи донишгоҳ нигоҳ дорад.

6.6. Аз ҳисоби маблағҳои ба дастомада парк ҳуқуқ дорад, ки таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои фаъолият заруриро харидорӣ намояд ва онро ба тавозуни худ ва донишгоҳ гузаронад.

 

7. Назорати фаъолияти парки технологӣ

7.1. Мақоми  ваколатдори давлатии назорати фаъолияти парк Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7.2. Мақоми ваколатдори давлатии назорати фаъолияти парк дар доираи  салоҳияти худ ҷиҳати масъалаҳои назоратии парк қарор қабул менамояд ва оид ба фаъолияти онҳо тавсияҳои методӣ пешниҳод мекунад.

7.3.Самтҳои фаъолияти парк аз тарафи раёсати донишгоҳ  ва маркази илмӣ -  инноватсионӣ назорат карда мешавад.

7.4. Директори парк  ҳар шаш моҳ дар ҷаласаи шӯрои олимони донишгоҳ оид ба фаъолияти корӣ ва натиҷаҳои бадастоварда ҳисобот медиҳад.

7.5. Назорати доимиро аз болои фаъолияти парк муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва директори маркази илмӣ-инноватсионӣ амалӣ менамоянд.

8. Андозбандии парк

8.1.Масъалаи  андозбандӣ аз арзиши иловагӣ ва андози молу амволи парк тибқи оиннома ва низомномаи донишгоҳ, ки парк дар назди он амал мекунад, дар дохили донишгоҳ ҳаллу фасл гардида, ба кумитаи андоз, маблаѓи муайяншударо донишгоҳ пардохт менамояд.

 

9. Натиҷабардориҳо

9.1. Парк ҳисоби фаврӣ ва муҳосибиро аз натиҷаҳои фаъолияти кори худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, аз рӯи шакли муқарраршуда, баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ, коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ бурда, дар ин хусус ба донишгоҳ ҳисобот пешниҳод менамояд.

9.2. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

- ташкили ахбори комилан дурусти раванди хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои корҳо ҷиҳати идора ва роҳбарии фаврӣ;

- таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули нақд, васоити молӣ, меҳнатӣ ва ғайра мувофиқи меъёр, ченакҳо ва сметаҳо:

- сари вақт огоҳонидан аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молӣ-хоҷагӣ, ошкор ва сафарбар намудани захираҳои дохилии парк;

9.3. Давраи ҳисоботӣ барои  парк соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр мебошад.

9.4.Парк баҳисобгирии муҳосибавӣ-омории худро дар асоси муқаррароти таъиншуда ба роҳ мемонад.

9.5. Дар мавридҳои зарурӣ (форсмажор) директори парк бемамониат, дар вақташ маблағи заруриро барои истеҳсолот гирифта метавонад.

9.6.Директори парк ва дигар шахсони мутасаддӣ барои вайрон кардани ҳисобот дар назди қонун масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ доранд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru