• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
28.03.2017 05:48

Айёми ҷавонист заминрову замонро!

Паёми табрикии ректори донишгоҳ,

академик Носирҷон Салимӣ ба ифтихори

ҷашни байналмилалии Наврӯз

Устодон ва донишҷӯёни азиз, муҳтарам кормандони донишгоҳ!

Басо хушоянду сурурбор аст, ки боз кишвари маҳбуби биҳиштосои моро фазои мушкбезу атромези баҳорӣ фаро гирифта. Баҳори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳусну таровати тозаву беназиру дилпазир дорад ва ҳамагонро мафтуну болидарӯҳ месозад. Вуруди баҳор «бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб» оламу одамро бедору ҳушёр ва ба фаъолияти бобарор водор мекунад, ҳама ҷо шавқу сурур, созандагиву бунёдкорӣ авҷи дигар мепазирад.

Баҳор бо он фархундаву фараҳбортар аст, ки дар оғӯш Наврӯз дорад-ҷашне, ки ба шиносномаи миллати сарафрохтаи тоҷик табдил ёфта. Наврӯз муқаддастарин, пазиротарин оини ниёгони мост, ки умри бардавому безавол дорад. Он муждаи эҳёи табиат, рамзи сарсабзиву шукуфоӣ, паёмовари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, хирад бар ҷаҳолат ва овони тарабу шодмонист. Наврӯз пайвандгари наслҳо буда, дар арсаи таърих монеаву ихтилофҳои зиёдеро бартараф кардаву баршикаста, азму ниятҳои нопоки басо нотавонбинонашро ботил сохта, бо ҳама ҳусну назокаташ, бо ҳама мазмуну муҳтавояш то ба замони мо расидааст ва умраш боз ҳам бардавом хоҳад буд.

Ин фархундаҷашни ҳумоюнфар дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон густариши бесобиқа дарёфт, ҳамчун волотарин сарвати маънавии миллат пазируфта шуд. Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёди қавии ватандӯстонаву башарпарварона дорад, мусоидат бинмуд. Бо ибтикори пайгиронаи Сарвари кишвари хуршедии мо ва бо ҳамовозии иддае аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва доираи таҷлилаш хеле густариш ёфт.

Пешвои миллати фархундаамон, ки дар радифи расму анъанаҳои дигари мардумӣ ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи хоса доранд, дар ситоиши ин ҷашни хуҷаста, аз ҷумла, иброз доштанд: «Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост. Он яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад».

Ҳамасола Наврӯз ба кишвари фарҳанггустари мо бо хусусияти тозаву ҷолиб ворид мешавад ва имсол низ қадами мубораки он ба Ватани азизамон сарсабзиҳову фараҳмандии дигаре оварда. Соли равон бо ибтикори Пешвои миллатамон Соли ҷавонон эълон шудааст ва Наврӯз табиатан бо ҷавонӣ ҳамбастагӣ дорад; он бо ташрифи муборакаш ҷаҳонро, замину замонро ҷавонӣ эҳдо мекунад, ончунон ки шоире шодмон аз омади ин ҷашни бостонгуҳар нидо дардодааст: «Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро, Айёми ҷавонист заминрову замонро!» Наврӯз Соли ҷавононро боз ҳам пурсуруртару пурнишоттар хоҳад кард.

Соли равон, ҳамчунин, дар диёри арҷманди мо 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, ки ин ҳодисаи фараҳбахш низ боиси такмили муҳтавои имсолаи ҷашни Наврӯз мегардад. Ба як сухан, фархундаҷашни Наврӯз дар соли равон бағоят ғановатманду пуршукӯҳ хоҳад буд.

Бовар дорам, ки бо файзу баракати Наврӯзи имсола фаъолияти аҳли донишгоҳи азизи мо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт, ин ҷашни пурфар ба бештар гулрезу муаттар, ободу зебо гаштани донишгоҳамон, ба амалигардии ҳама орзуву ниятҳои некамон мусоидат хоҳад кард ва моро барои комёбиву пешравиҳои навин илҳомбахш хоҳад шуд.

Ҳамаи шумо устодону шогирдони азизро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик мегӯям. Рӯзгорони саршор аз фараҳу шодмонӣ, бахту саодат ва сарсабзиву шукуфоӣ насибатон бод.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru