• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ  зерсохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳсуб ёфта, Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии наврасону ҷавонон ва омода гардонидани онҳо барои супоридани Имтиҳонҳои марказонидаишудаи қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштан аз имтиҳонҳои қабул барои идомаи таҳсил дар назди комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси худмаблағгузорӣ аз соли 2008 инҷониб фаъолият менамояд.

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартнома  шунавандагонро аз рӯи гурӯҳои (кластерҳои) ихтисосҳои  зерин омода месозад:

1) гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ;

2) гурӯҳи ихтисосҳои иқтисод ва география;

3) гурӯҳи ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат;

4) гурӯҳи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) гурӯҳи ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш.

Курсҳои омӯзишӣ ба довталабон имкон медиҳад, ки барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гарданд.

Муҳлати таҳсил дар Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ   аз 3 то 6 моҳ мебошад.  Раванди таълим вобаста ба хоҳиш ва сатҳи забондонии шунавандагон ба забонҳои тоҷикӣ  ва русӣ гузаронида мешавад. Ба шунавандагони курсҳои тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ рӯзе то 4 соат машғулият гузаронида мешавад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru