• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

РАЁСАТИ КАДРҲО

Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар тадбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зиннаҳои пасттарини ташкилоту муассисаҳо рафта расад.

Дар навбати худ, татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд.

Бинобар ин, масъалаи мазкур пайваста дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри тадбиқи амалии он ҳамасола чораҳои зиёди маънавию иҷтимоӣ андешида мешаванд.

Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён намуда буданд: «бояд бештар ба кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбию сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъу- лиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ кард.

Дар ин раванд ба масъалаи аз байни ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат интихоб кардан ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаву масъул пешбарӣ намудани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дод».

Сарчашмаи асосии фаъолияти Раёсати кадрҳоро, пеш аз ҳама Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ҳар инсон ва шаҳрвандро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, музди кор, манъ будани ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ кафолат додааст, ташкил медиҳад.

Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 таҳти рақми 582 тасдиқ шудааст, қоидаи рафтори фаъолияти ҳаррӯзаи мо ба ҳисоб меравад, зеро санади мазкур маҷмӯи ғояҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок, принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва роҳҳои ба кадрҳои баландихтисос таъмин намудани давлатро муайян менамояд.

Дар баробари ин санадҳои муҳим ва асосию стратегии давлатӣ дар масъалаи кор бо кадрҳо, раёсати кадрҳо ҳамарӯза меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи шуъбаи кадрҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13- апрели соли 2006 №8\6 тасдиқ шудаст, сарчашмаи фаъолияти худ қарор медиҳад.

Санадҳои зикршуда, алалхусус Низомномаи шуъбаи кадрҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии шуъбаи кадрҳоро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври дақиқ муайян намудааст, ки онҳо ба таври муфассал аз инҳо иборатанд:

-интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

-ба расмият даровардани ҳуқуқҳои конститутсионии корманд ба меҳнат, аз ҷумла қабул ва озод кардан аз кор, ба кори дигар гузаронидан, ба рӯхсатӣ ҷавоб додан, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои кормандон барои сафарҳои хизматӣ, фаро гирифта шудан ба таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва баланд кардани тахассус, пешбурди парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон ва сари вақт пур кардани маълумоти зарурӣ ба онҳо, пешниҳод намудан ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, додани маълумотномаҳо ба ҷойҳои зарурӣ;

-ба расмият даровардани ҳуқуқҳои корманд ба ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳсили донишҷӯён ва ғ..

Рӯйхати воқеии омории ҳайати кадрии донишгоҳ, кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ ба таври саҳеҳ ва аниқ муайян карда шуданд, ки ба 8-апрели соли 2014 дар донишгоҳ 778 нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 374 нафарашонро ҳайати проффессорону устодон, аз ҷумла 134 нафарро ҳамкори дохила ва 31 нафарро хамкори беруна ташкил медиҳанд.

Дар донишгоҳ 115- нафар ҳайати ёрирасони таълимӣ ва техникӣ, 99 нафар кормандони хоҷагӣ кору фаоълият доранд.

Теъдоди мардон 465- нафар ва занон 345 - нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 11 нафар занон тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯхсатии ҳомиладориву таваллуд қарор доранд.

Дар коллективи мо 115-нафар кормандони донишгоҳ дар синни нафақа ҳастанду кору фаъолият менамоянд.

Инчунин шахсони маъюб низ дар баробари мову шумо фаъолияти меҳнатиашонро пеш мебаранд, ки аз ин теъдод 13- нафарашон маъюби гурӯҳи дуюм ва 13-нафарашон маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд.

Дар Дастурамали намунавии вазифавии кормандони муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандон аниқ нишон дода шудааст. Дастурамал бояд барои ҳайати идоракунандаи муассисаи олии таълимӣ, ҳайати устодону професорон, кормандони техникиву таъминкунандаи фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ таҳия карда шуда, шакли ягона ва мазмуну мундариҷаи фаъолияти касбию меҳнатии ҳар категорияи кормандони муассисаи олии таълимиро дар бар мегирад.

Бояд зикр кард, ки дар алоқамандӣ ба Дастурамали намунавии вазифавии кормандони муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои кадрии муассисаҳои олии таълимӣ ҳамчунин ба шартномаи (қарордоди) меҳнатии қабул ба кор ба муассисаи олии таъимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз доранд, то ки ин шартнома хусусияти хоси фаъолияти кормандони муассисаҳои олии таълимии мамлакатро инъикос карда тавонад.

Дар шартнома фаъолияти кормандони идоракунанда (раёсатҳо), устодону профессорони ба раванди таълим машғул, фаъолияти кормандони техникӣ ва таъминкунандаи фаъолияи муассисаҳои олии таълимӣ, аз қабили музди меҳнати онҳо, иловапулию изофапулиҳова тартиби пардохт, имтиёзҳои онҳо, тартиби кор: корбайъ ва соатбайъ, ҳуқуқ ба пешбурди кори илмӣ, сафарҳо ва рӯхсатиҳои илмӣ, рӯхсатиҳои меҳнатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳои мушахас пешбинӣ карда шаванд.

Ба кадом муҳлат (ба муҳлати номуайян, бо муҳлати муайян, вале на бештар аз 5 сол ва ғ.) баста шудани шартнома дар муассисаи олии таълимӣ низ аз аҳамият холӣ нест.

Масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои донишгоҳ ҷиддӣ ва воқеӣ буда, раёсати кадрҳоро чун дигар сохторҳои донишгоҳ водор месозад, ки он сатҳу сифати хизматрасонии кадриро ба кормандони ин даргоҳ сифатан нав кунад. Ин раёсат набояд назоратчии куркуронаи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, интизоми кормандон, сари вақт ба кор омадану рафтани кормандон ва амалӣ намудани функсияҳои техникӣ, балки сохтори зиндаи коркунанда, ба фаъолияти кормандон ҷиддӣ ва эҷодкорона муносибаткунанда ва дар масъалаи интихоби ҳайат кӯмакрасони роҳбарият бошад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru