• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ






Меҳринисо Каримова,
сардори шуъбаи кадрҳо,
Телефон: (+ 992) 938 85 27 23

 

Каримова Меҳринисо Абдураҳмоновна 1 марти соли 1959 дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1975 мактаби миёнаро хатм намудааст.

Соли 1975- 1976 ба Донишкадаи  давлатии педагогии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1980 хатм кардааст. Ихтисосаш математика бо иловагии физика, омӯзгори математика ва физика мебошад. Маълумоти дуюмаш, соли 1980 шуъбаи ғоибонаи  факултети ҳуқуқшиносии ДИТ-ро хатм кардааст. Ихтисосаш  ҳуқуқшинос  мебошад.

Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад. Дар айни замон дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор карда истодааст.

 

Кoр  ва фаъолияти собиқа

Солҳо

Мансаб бо нишон додани номи мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилот

1975-1980

Донишҷӯи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш.Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

1980-1986

Муаллимаи мактаби миёнаи №3 ноҳияи Совет

1987-1988

Методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Совет

1989-1992

Мудири шуъбаи кадрҳои маорифи ноҳияи Совет

1993-1995

Мудири боғча-яслии №3 ноҳияи Совет

1996-2006

Методисти факултети ҳуқуқшиноси Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

2006-2007

Нозири раёсати таълими ДИТ

2008-2009

Методисти факултети иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи  маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2010-2011

Сардори шуъбаи тайёрии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносов

октябри 2011

Ҷонишини декан оид ба корҳои таълимии факултети математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

октябри 2012

Сардори раёсати кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru