• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ









Фирӯз Муминов,
Мудири кафедра,
муаллими калон
Телефон: (+ 992)
935 17 38 22
Email:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Фирӯз Муминов 5 майи соли 1973 дар  ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Ӯ мактабт миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, пас аз хатми мактаб ӯ ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, ин донишгоҳро бо муваффақият соли 2010 хатм кардааст. Маълуматаш олӣ ва ихтисосаш , технология ва соҳибкорӣ, мошинҳои кишоварзӣ мебошад.

Аз сентябри соли 2014 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи технология ва соҳибкории  факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  кор мекунад.

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1990 - 1991 -         Корманди оддӣ дар «Райпо»-и ноҳияи Ванҷ

Солҳои 1991 –1992 -          Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ

Солҳои 1993 – 1998-          Милисаи қатории Ш.К.Д.-и    н.Ванҷ

Солҳои 1998 - 2001-           Нозири андоз дар нозироти андози н.Ванҷ

Солҳои 2001- 2008 -           Муаллими фанҳои  физика ва математикаи мактаби миёнаи №4-и н. Ванҷ

Солҳои 2008 –2010 -          Директории матаби миёнаи №4-и н.Ванҷ

Солҳои  2010 -2011 -           мудири кабинети кафедраи методикаи таълимӣ технология ва соҳибкории  ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Солҳои  2011 -  2012-          Ассистенти кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкории  ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Солҳои 2012 – 2014-           Методисти шуъбаи ғоибонаи факултети технология ва соҳибкорӣ

Аз  майи  соли 2014 -         муаллими калони кафедраи технология ва соҳибкорӣ

аз сентябри соли 2014-       Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи то 2015  технология ва соҳибкорӣ

аз сентябри соли 2015-        мудири кафедраи технология ва соҳибкорӣ то ҳол

 

Методикаи  таълими  технология ва

Соҳибкорӣ

Маълум аст, ки ҳар як кафедра таьрихи таъсисёбӣ ва самтҳои асосии инкишофи худро дорад.

Фаьолияти кафедраи  «Методикаи таьлими фанҳои умумитехникӣ» аз ноябри соли 1975 огоз ёфтааст.Аз соли 1975 роҳбарии кафедра то соли 1989 таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Пелипенко Г.Я сурат гирифтааст. Дар ин давра таҷҳизотҳои  корӣ пурра нав карда шуданд. Раванди таьлим ба маҷрои муайян дароварда шуд. Устодон ба тадқиқоти мавзӯи   «Мукаммал намудани тайёрии муаллимони фанҳои умумитехникӣ ва меҳнат»  машғул  буданд. Устодони кафедра барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ «Дастури методӣ оиди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ»-ро навишта аз чоп бароварданд. Устод Пелипенко Г.Я дар як муддати кӯтоҳ тавонист коллективи кафедраро бо муаллимони варзида ва соҳибмаьлумот таьмин намояд. Дар байни онҳо дотсентон Ахмедзянов Р.Х., Ниниашвили М.И., устодон Трембач А.А., Кейзер Б.А., мудири устохона  Халиулин Х.З. ва ғайраҳо шомил буданд.

Дар ин муддат кафедра ба як мактаби  илмӣ табдил ёфт, ки роҳбарии ин мактабро дотсент Карамзин И.В ба ӯҳда дошт. Зери сарпарастии ӯ муаллимони варзидаи кафедра Ниниашвили М.И., Пелипенко Г.Я., Ахмедзянов Р.Х. рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя  намуданд.

Соли 1979 вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон Ниниашвили М.И, гузошта шуд. Дар ин муддат ӯ барои беҳбудии сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Бо ташабуси Ниниашвили М.И, қисми зиёди омӯзгорон барои баландбардории ихтисос ба шаҳрҳои Москва,  Санкт-Петербург, Минск, Киев фиристода шуданд. Як зумра устодон дар ин марказҳои илмӣ бо олимони намоёни ҳамонвақта Никандров Д.Н., Атутов П.Р., Катханов К.Н., Васильев Ю.К., Тхоржевский Д.Н., Симоненко Д.Н. шинос гардида, таҳти сарпарастии онҳо рисолаи номзади дифоъ  намуданд.

Аз соли 1989 дар заминаи кафедраи «Методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ» кафедраи «Интихоби касб» ташкил гардид.

Соли 1989  вазифаи мудирии кафедраи «Методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ» ба зиммаи дотсент Рӯзиев Ш.М. гузошта шуд.

Соли таҳсили 1989 дар таҳти роҳбарии дотсент Рузиев Ш.М дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  аз рӯи равияҳои зерин сурат гирифтааст:

  1. Баландбардории сифати тайёрии меҳнатӣ ва касбии хонандагон.
  2. Мукаммал намудани дониши касбии донишҷӯён дар ҷараёни таълим.
  3. Мукаммал намудани ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар устохонаҳои таълимӣ.

Устодони кафедра пайваста дар конфронсҳои илмӣ, илмию методии собиқ иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намудаанд.

Аз соли 1991 кафедраи методикаи фанҳои умумитехникӣ ба тадқиқоти проблемаи нави илмӣ оғоз намуд, ки масоили зеринро дарбар мегирад:

- методикаи таълими технология

- назарияи таълими меҳнат

- муҳофизати меҳнат

- базаи моддӣ таълимӣ

- технологияи конструксионӣ ва моделсозӣ

- практикум оиди коркарди технологияи масолеҳ

Пас аз декани факултет интихоб шудани дотсент Рӯзиев Ш.М аз соли 1995 то соли 2006 вазифаи мудирии кафедраро дотсент    Исломов С.(шодравон) иҷро кардааст. Таи ин солҳо кормандони кафедра ба таҳқиқи масъалаҳои илмӣ-технологӣ машғул гардиданд. Таҳти роҳбарии дотсент Рузиев Ш.М. барномаҳо, стандартҳои таълимӣ таълиф гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар кафедра ду мавзӯъи супоришии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Роҳбарии ин мавзӯҳоро дотсент Рӯзиев Ш.М. ба ӯҳда дошт. Аъзоёни кафедра мунтазам дар симпозиумҳо, конференсияҳои байналхалқӣ, ҷумҳуравӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, донишгоҳӣ иштирок намудаанд. Дар ин муддат китобҳои таълимӣ аз ҷониби дотсент Исломов С.,(барои синфҳои 5, 6, 7 ва 8-ум) таълиф гардидааст. Устод Рӯзиев Ш.М. силсилаи монографияҳои илмиро ба чоп расониданд.

Ҳамин тавр, кормандони кафедра дар баробари таълиму тарбия ба тадқиқотҳои проблемаҳои мухталиф машғул мебошанд. Кафедра сарварии таҷрибаомӯзии факултетро ба ӯҳда дорад. Дар ин кор методистони соҳибтаҷриба Рӯзиев Ш., Исломов С(шодравон), Сайфудинов М., Нозимов О., Холов К. ва дигарон саҳмгузоранд.

Моҳи ноябри соли 2006 дотсент Рузиев Ш.М рисолаи доктории хешро дар мавзӯъи “Системаи педагогии тайёрии технологии муаллимони технология ва соҳибкорӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ” ҳимоя намуд. Ҳамзамон Мухторова Г. рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тарбияти меҳнати дар педагогикаи халқӣ ва мушкилоти кори наврасон дар Тоҷикистон» ҳимоя намуда соҳиби унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ гардид.

Аз моҳи марти соли 2006 то 2009 вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Рузиев Ш.М гузошта шуда буд. Кафедраи методика дар қатори беҳтарин кафедраҳои донишгоҳ шинохта шудааст.  Шодравон устод Рузиев Ш.М. силсилаи монографияҳои илмиро ба чоп расониданд. Аз соли 2009 то 2013 мудирикафедраи методикаи таълими технология номзади илмҳои педагогӣ Мухторова Г. таъин карда шуданд. Дар зери роҳбарии ин Мухторова Г.  ассистенти кафедра Муминов Ф. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Мукамалгардонии мактабҳои камнуфус дар шароити деҳот» ба охир расонида, дар соли 2014-ум дифоъ намуд. Аз соли 2013 то соли 2015-ум мудири кафедраи технология ва соҳибкорӣ(дар ҳамин сол номи кафедра аз «Методикаи таълими технология» ба «Технология ва соҳибкорӣ» иваз карда шуд) дотсент Сангов Н.Н. таъин карда шуд. Аз соли 2015 то инҷониб мудири кафедраи технология ва соҳибкорӣ номзади илмҳои педагогӣ Муминов Ф.У. таъин карда шуда, то ҳол фаъолият дорад.Дар муддати ин солҳо кафедра бо Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, АТТ, Аккадемияи илмҳо, ДДХ, ДҶТИ ва БКСМ ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурӣ ва берун аз марзи Ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад.




Гавҳар Мухторова,
декани  факултети  технология ва соҳибкорӣ,
номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент
Телефон: (+ 992) 938 36 41 58
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Муҳабат  Сайфудинов
муаллими калон
Тел: 951 76 91 98
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Манучеҳр Давлатов
ассистент
Тел: 918 14 41 15
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript







Шамсиддин Оев
ассистент
Тел: 985309030
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru