• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ як ҷузъи сохтори Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дастуру фармонҳои ректори донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёриро сармашқи кори худ қарор медиҳад.

Шуъбаи  умумӣ аз мудирияти шуъба (мудири  шуъба, сармутахассис,  ва мутахассиси  пешбар ) иборат аст.

Шуъба дар назди Раёсати донишгоҳ ҷиҳати камбудиҳои ошкоргардида оид ба таъмини ҳуҷҷатҳо масъалагузорӣ мекунад.

Ҷавоби мактубҳо, аризаву пешниҳодхо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо зери назорат гирифта, мактубҳо ва фармонҳоро нусхабардорӣ намуда, онҳоро сари вақт ба сохторҳои дахлдор мерасонад.

Аз рӯйи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои ректори донишгоҳ назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба ректори донишгоҳ маълумотнома пешниҳод менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти Шуъбаи умумӣ

Шуъба мувофиқи вазифаҳои ба зимааш вогузор шуда аз рӯйи самтҳои зерин фаъолият мекунад:

1.  Ворид ва содир намудани мактубҳо дар шуъба.

2.  Саривақт дастрас намудани мактубҳо ба сохторҳо, шуъбаҳо ва ректори донишгоҳ .

3.  Мунтазам назорат бурдан оид ба иҷрои мактубҳои воридшаванда.

4.  Саривақт ҳисобот додан ба ректори донишгоҳ.

5.  Таъмини низоми ҳуҷҷатҳо ва ҳифзи онҳо дар бойгонии донишгоҳ.

6.Қабул кардан, ба қайд гирифтан ва ташкил намудани иҷрои ҳуҷҷатҳои воридшуда.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳое. ки ба раёсати донишгоҳ ворид мегарданд, дар шуъбаи умумӣ қабул карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои воридшуда дар дафтарҳои шаклашон муайян гардида қайд карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои таъҷилӣ бе навбат ба қайд гирифта шуда, мувофиқи таъиноти ректори донишгоҳ, фавран ба шахсони масъул расонида мешавад.Ҳуҷҷатҳои боқимонда дар давоми рӯз аз ҷониби шуъбаи умумӣ ба иҷрокунандагон расонида мешаванд.

Мудири шуъба ҳуқуқ дорад, ҳамаи лифофаҳоро кушода бинад, то ки чи гуна ҳуҷҷат будан дар лифофаҳоро муайян намуда,тартиби иҷроиши онҳоро ба роҳ мемонад. Дар ҳуҷҷатҳои воридшуда муҳр, рақами қайд ва нишон додани санаи дохилшавии онҳоро ба назорат гирифта, рақами воридот гузошта ба ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд.

 

Назорат, санҷиш ва иҷрои кор

1.  Дар шуъбаи умумӣ ҳуҷҷатҳои мақомоти зерин ба назорати қатъӣ гирифта мешаванд:

- амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳо, амру фармонҳои нақша чорабиниҳо ва супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармоишҳо ва супоришҳои ректори донишгоҳ, ки иҷрои онҳоро талаб мекунад.

2. Ҳуҷҷатҳое, танҳо зери назорат гирифта мешаванд, ки дар онҳо супоришҳои мушаххас, муҳлати иҷрои онҳо муайян карда шуда бошанд.

3.  Рафт ва муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳое, ки ба иҷрокунанда супорида мешаванд аз тарафи шуъбаи умумӣ назорати доимӣ бурда мешавад.

4. Шуъбаи умумӣ ҳар ҳафта ба ректори донишгоҳ оид ба кори шуъба дар муҳлати муайяннамуда оид ба иҷроиши мактубҳо, иҷро нагардидани қарорҳо маълумот тайёр намуда ахбор пешниҳод менамояд.

 

Ҳуҷҷатҳои содиротӣ

1.   Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки аз раёсати донишгоҳ содир мешаванд, барои барраси ба мақомотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тавассути шуъбаи умумӣ ирсол карда мешаванд.

2. Рақам ва санаи содироти ҳуҷҷатҳо дар дафтарҳои тахассус ва нусхаи ҳуҷҷати содиротӣ дар парванда нигоҳ дошта мешаванд, агар ҳуҷҷат ба якчанд суроға фиристода шавад, пас дар нусха ба киҳо фиристода шудани ҳуҷҷат қайд карда мешавад.

2.   Ҳуҷҷатҳои барои ирсол намудан на дертар аз 2 соат пеш аз анҷоми вақти  корӣ қабул карда мешаванд. Баъди муҳлати нишондодашуда танҳо мактубҳои таъҷилӣ қабул карда мешаванд.

3.   Ҳуҷҷатҳо вобаста ба характери онҳо ва таъҷилӣ буданашон ба гиранда ба воситаи шуъбаи алоқа ё бо телеграф (факс) ирсол карда мешаванд. Таъҷилӣ будани ирсоли ҳуҷҷатҳоро ирсолкунанда муайян мекунад.

4.   Ҳангоми ирсоли ҳуҷҷатҳо суроға дар болои лифофа мувофиқи қоидаҳои муқарраршуда навишта мешавад. Агар ба як гиранда дар як вақт якчанд ҳуҷҷат фиристода шавад, он гоҳ дар лифофа бо нишон додани рақамҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар он буда, ирсол карда мешаванд.

5.   Барқияҳои ба як суроға фиристодашаванда якҷоя бо нусхаи онҳо ба шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилӣ ва бойгонӣ барои ирсол супорида мешаванд. Барқияҳои дорои як мазмун, ки ба якчанд суроға фиристода мешаванд, ба ҳар суроға дар шакли алоҳида тайёр ва ирсол карда мешаванд.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru