• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Намунаи либосҳои духтарон,
либосҳои тирамоҳӣ барои духтарон дар донишгоҳ


Дар аввали фасли тирамоҳ барои духтарон:

Домани сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги то зону ва аз зону поёни мувофиқ ба стандарти офис; куртаи сафед, кабуди осмонӣ, гулобӣ; шиму костюми сиёҳ, кабуд ва қаҳваранг бо куртаи сафеди остиндор (галстук ихтиёрист); куртаҳои миллӣ ба истиснои куртаҳое, ки аз матоъҳои ҷилодор ва симдор дӯхта шудаанд, бо поҷома, куртаҳои якранг бе поҷома ва бо поҷома; рӯймоли миллӣ мувофиқи дӯхти курта (ихтиёрист); барои духтарон пӯшидани туфлии пошнапаст, пошнабаланди сиёҳ ва мутобиқ ба либосҳои миллӣ.
Барои духтарон дар донишгоҳ пӯшидани пойпӯши иринка, пойпӯши резинӣ,  латагӣ, синтетикии барои оббозӣ қатъиян манъ аст.

 

Намунаи либосҳои писарон:
Либосҳои тирамоҳӣ барои писарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ


Дар аввали фасли тирамоҳ:

Шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, хокистарранг ва кабуд, камзӯлча (жикет), сегона (тройка); куртаи сафед, кабуди осмонӣ, галстук мутобиқ ба курта - сиёҳ, қаҳваранг, сурх, кабуд; шими сиёҳу қаҳваранг бо куртаи сафед ё кабуди осмонӣ (тоқӣ ихтиёрӣ); пойафзоли мувофиқ ба сару либос.

 

 

Дар нимаи дуввуми фасли тирамоҳ барои  духтарон

Домани сиёҳ, кабуд ва ё қаҳваранги то зону ва аз зону поён мувофиқи стандарти офис; куртаи сафед ва кабуди остиндароз; шиму костюми сиёҳу кабуд ва қаҳваранг бо куртаи сафеду кабуди осмонӣ, гулобӣ (галстук ихтиёрист); шим бо куртаи остиндори сафед, кабуд, сурх ва қаҳваранг; болопӯш, куртка ва плашҳои шинам; куртаҳои миллӣ ба истиснои куртаҳое, ки аз матоъҳои ҷилодору симдор дӯхта шудаанд, бе поҷома ва бо поҷома; рӯймоли миллии ба мавсим мувофиқ; туфлии қаҳваранг ва мувофиқи сару  либос

 

Дар нимаи дуввуми фасли тирамоҳ

Шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуд, камзӯлча (жикет), сегона (тройка); куртаи сафед, кабуди осмонӣ, галстук мутобиқ ба курта; ҷемперҳои беостин; пойафзоли мувофиқ ба сару либос (тоқӣ ихтиёрӣ)

Либосҳои зимистона барои духтарон дар донишгоҳ:

Болопӯши пашмин, чармӣ, пахтагӣ, куртка, палтои пашмӣ, чармӣ; домани пашмӣ, пахтагӣ ва чармии сиёҳ, қаҳваранг, куртаи сафед (агар синфхона гарм бошад) водолазкаи сафед, сурх ва гулобӣ; шиму костюми пашмӣ ва пахтагӣ, брижаҳои духтаронаи зимистона, либосҳои миллии якранги зимистона бо поҷома ва бе поҷома, рӯймоли миллии мавсимӣ (пашмӣ ва пахтагӣ); пойафзолҳои зимистонаи сиёҳ ё қаҳваранг;  дастпӯши чармӣ ва пашмӣ.

Либосҳои зимистона барои  писарон дар донишгоҳ:

Болопӯши пашмӣ, чармӣ, палтои пашмӣ ва чармӣ, курткаҳои пашмӣ ва чармӣ; шиму костюм, куртаҳои сафед, кабуди осмонӣ; галстук мутобиқ ба курта; дастпӯшак; кулоҳҳои пашмӣ, чармӣ, кепкаҳо; пойафзоли зимистона.

 

Либосҳои писарон дар донишгоҳ дар нимаи аввали   фасли баҳор:

Шиму костюми сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги сегона (тройка) бо ҳамин навъи рангҳо; куртаи сафед, кабуди осмонӣ; галстук мутобиқ ба курта,  пойафзоли мувофиқи сару либос; болопӯши баҳорӣ (пашмӣ, пахтагӣ ва чармӣ); шими сиёҳ ва қаҳваранг, куртаи сафед ё кабуди осмонӣ,           галстук мувофиқ ба сару либос, ҷемперҳои нимостин ва остиндор пойафзоли  мувофиқ  ба сару либос

 

Либосҳои баҳории духтарон дар донишгоҳ дар аввали фасли баҳор

Домани сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги то зону ва аз зону поён мувофиқи стандарти офис, куртаи сафеди остиндор ва кабуди осмонӣ, пиджак шиму костюми  сиёҳ, кабуд ва қаҳваранг (галстук ихтиёрист), куртаҳои якранги миллӣ, поҷома ва ё бе поҷома, рӯймолҳои миллӣ, куртаи атлас (адрас) бо поҷомааш, ҳангоми идҳо туфлии мувофиқ ба либос.

Нимаи дуввуми фасли баҳор барои писарон

Шими сиёҳ, кабуд, хокистарранг ё қаҳваранг; куртаи сафеди остинкӯтоҳ бо галстуки мутобиқ бо сару либос, пойафзоли мувофиқ ба сару либос; шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуди осмонӣ.
Барои писарон ҳангоми ба дарс омадан пӯшидани чунин либосҳо ва амалҳо манъ аст: либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар); мӯйҳои аз ҳад зиёд дароз;
бо риши расида ва баланд; либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳо ва дигар тасвирҳои ғайрро таҷассум менамоянд; занҷири гардан, истифодаи ангуштарин (ғайр аз ангуш­тарини домодӣ);

 

Дар нимаи дуввуми фасли баҳор

Домани то зону ва аз зону поён бо стандарти офисӣ бо куртаҳои сафед ва кабуди остинкӯтоҳ (галстук ихтиёрист), шим бо куртаи сафед, кабуд, куртаҳои шинами миллӣ бо поҷома ва бе поҷома, рӯймолҳо

Талаботи ҳатмӣ

Рӯзҳои ҷашнҳои давлатӣ (умумиҷумҳуриявӣ), ҷашнҳои донишгоҳ, конфронсу симпозиумҳо пӯшидани либоси протоколӣ ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон ҳатмӣ  мебошад. Ба либоси протоколии писарон  шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуд ва хокистаранг, куртаи сафед, галстук мутобиқи курта ва пойафзоли мувофиқ ба сару либос  дохил мешавад.
Ба либоси протоколии духтарон домани сиёҳ, қаҳваранги то зону ва ё аз зону поёни мувофиқ ба талаботи офис, куртаи остиндор ё нимостини сафед, галстук, костюм, шиму костюм, пойафзоли мувофиқ ба сару либос дохил мешавад. Духтарон метавонанд либоси миллии якранг, поҷомаи бо курта шинам, рӯймоли миллии бо либосҳо мувофиқ дар бар намоянд. Пойафзоли мувофиқ ба сару либос .
Рӯзҳои идҳои миллӣ (бахусус Наврӯз, Сада, Меҳргон) духтарон метавонанд куртаи атлас ё адрас бе поҷома ва ё бо поҷома пӯшанд, (бастани рӯймол ихтиёрист). Дигар намуди либосҳои миллӣ низ ба духтарон иҷозат дода мешавад.
Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ пӯшидани либоси варзишӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон ҳатмӣ мебошад.
Дар дарсҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ барои духтарон ва писарон пӯшидани хилъати ба талаботи дарс мувофиқ ҳатмӣ мебошад.
Барои донишҷӯёни ихтисосҳои тиббӣ хилъати сафед ҳатмӣ мебошад.

 

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru