• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конференсияҳои апрелӣ оғоз шуданд

Шурӯъ аз 17-уми апрел дар донишгоҳ чун анъана конференсияҳои апрелӣ оғоз гардиданд. Бахшида ба ин рӯйдоди муҳим ҷамъомади васеи ифтитоҳӣ баргузор шуд, ки дар он ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни баромади хеш, аз ҷумла, таъкид дошт, ки маърифатгоҳи куҳансол ва бонуфузи мо, ки макони

илму дониш аст, тайи чанд муддати охир дар ҷодаи илм ба муввафақиятҳои беназир ноил шуд. Мақолаҳои зиёди илмӣ дар «Муҳаққиқ», ки маҷаллаи вижа барои хатмкунандагони зинаҳои бакалавр ва магистратура аст, нашр гардиданд. Муҳассилин ва омӯзгорон аз осори гаронарзиш ва безаволи адибони бурунмарзӣ ҳикояҳо, новеллаҳо ва повусту дигар навъҳои адабиро бо забони тоҷикӣ тарҷума карданд, ки маҳсули заҳмати онҳо дар маҷаллаи «Навруста» ба табъ расиданд.

Ректори донишгоҳ дар идомаи сухан изҳор дошт, ки раёсат меҳнати тамоми устодонро қадр менамояд ва барои заҳмати беандозаашон дар самти таълиму тарбияи ҷавонон сипосгузор мебошад.

Суханронии омӯзгори факултаи химия, профессор Лутфулло Солиев дар мавзӯи аҳамияти тоза нигоҳ доштани об ва проблемаҳои глобалии вобаста ба он, маърӯзаи устоди факултаи филологияи тоҷик, профессор Шамсиддин Солеҳов пиромуни саҳми устод С.Айнӣ дар адабиёти тоҷик ва баромади донишҷӯи факултаи таърих Замира Қурбонова дар хусуси нақши ҷавонон дар ҷомеа анҷомбахши қисмати ифтитоҳии конференсия гардиданд.

Нодираи Абдулҳаким

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru