• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ




Искандар Сулаймонов,
директори Маркази илмӣ-инноватсионӣ

10-октябри соли 1961 дар деҳаи Шӯроби Поёнии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Солҳои 1968 -1978 дар мактаби миёнаи №81 (ҳоло №53) таҳсил кардааст. Соли 1978 бад аз супоридани имтиҳоноти қабул ба факултети филологияи тоҷикӣ Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе  ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, муассисаи мазкурро соли 1982 бо дипломи аъло хатм кардааст. Бо роҳхатти Вазорати маориф солҳои 1982-1984 ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба мактаби №52 ноҳияи Ҳисор фиристода шудааст. Минбаъд фаъолияти омӯзгории худро то соли 1997 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои бачагони маъюби ноҳияи Ҳисор идома додааст. Дар ин муассиса дар вазифаҳои омӯзгор, мураббӣ ва ҷонишини директор оид ба корҳои таълим кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1998 то имрӯз 19-сол аст, ки дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи забони тоҷикӣ, муаллими калони ҳамин кафедра, ҷонишини декани факултети филологияи тоҷик оид ба корҳои таълимӣ, сардори Раёсати таълим, директори Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, мушовири Ректор оид ба масъалаҳои таълимӣ ва ниҳоят директори Маркази илмӣ-инноватсионӣ фаъолият намудааст.

Сулаймонов И.О. дар мавзӯи «Лексикаи лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор» кори илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додааст. Рисолаи илмии ӯ аз пешдифои кафедра гузашта, дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Муаллифи бештар аз 15-мақолаи илмӣ, 3-барномаи таълимӣ ва 5- дастури таълимию методӣ мебошад.

Сулаймонов И.О. оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.

 







Мавлуда Латипова
Сармутахассис
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru