• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Низомномаи

Маркази илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи  давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

I. Қоидаҳои   умумӣ

1. Низомномаи Маркази илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи  давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд - Марказ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз  муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»,  «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия гардида, фаъолияти худро мутобиқи талаботи Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазири маориф, фармоиши ректори донишгоҳ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

1.1. Муассиси Марказ Раёсати донишгоҳ буда, фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси донишгоҳ ва дигар манбаъҳои маблағгузоре, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

1.2. Базаи моддию техникии Марказ барои иҷрои тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии аз тарафи донишҷӯёни лаёқатманд,  мутахассисони ҷавон ва устодон пешниҳодкарда истифода бурда мешавад.

II. Мақсад ва вазифаҳои асосии Марказ

2. Мақсади асосии Марказ рушди илм, назорати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ, дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмии устодон, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён ва устодон мебошад.

2.1. Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:

- самарбахш истифода бурдани иқтидори илмӣ ва нерӯи зеҳнии ҳайати кормандони Марказ ва донишгоҳ  барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва бомақсадона масраф кардани маблағҳои ҷудошудаи мавзӯҳои фармоишӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ;

- назорат намудани иҷрои корҳои илмӣ, ки ба уҳдаи ҳайати профессорону устодони донишгоҳ мебошад;

- назорати сарбории бахши илмии устодону профессорони донишгоҳ;

- назорати иҷрои самараноки соатҳое, ки барои аспирантон ва докторантҳо аз ҷониби кафедра тақсим мешаванд;

- иҷрои нақшаҳои инфиродии устодон ва профессорони донишгоҳ дар бахши илм;

- таҳияи гузориш, ҳисобот, маълумотнома, гузаронидани мониторинг дар бахши илм;

- ташкил ва баргузории семинарҳо, конфронсҳо дар бораи рушди илм ва проблемаҳои илмӣ дар донишгоҳ;

- таҳияи диаграммаҳо вобаста ба рушди илм ва инноватсия дар донишгоҳ;

- амалӣ намудани Барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди илм алоқаманд мебошад;

- назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавии дар бахши илм тадбиқшаванда;

- рушди инноватсия ва таблиғи ғояҳои инноватсиоӣ дар донишгоҳ миёни устодон ва донишҷӯён;

-  мустаҳкам намудани алоқаи илм бо раванди таълим ва бо ин роҳ ҷалб намудани ҳайати устодон, докторантон, аспирантон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

- татбиқ намудани натиҷаҳои илмии бадастовардаи устодон ва олимони донишгоҳ дар истеҳсолот;

- гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, симпозиумҳо дар ҳамкорӣ бо муссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии  кишвар ва донишгоҳҳои хориҷӣ, ки бо муассисаи мо шартномаи дуҷониба бастаанд;

- ташкил намудани корҳои патентӣ, литсензионӣ, ихтироотӣ ва навоварӣ дар Марказ;

- таъмин намудани заминаи моддию техникии бахшҳои илмӣ-инноватсионии Марказ ва саҳмгузорӣ дар иҷрои барномаи иҷтимоию иқтисодӣ;

- татбиқи талаботи Барномаҳои давлатӣ, қарору қонунҳои марбут ба илми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- воҳидҳои кории Марказро шуъбаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, лабораторияҳо, гурӯҳҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо ташкил медиҳанд. Онҳо тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, мавзӯҳои фармоиширо анҷом дода, тарзу усули тадқиқоти илмиро таҳия намуда, такмил медиҳанд; идомаёбӣ ва ташаккули соҳаҳои дахлдорро таъмин карда, кадрҳои тахассуси олидоштаро тайёр менамоянд;

- барои таъмини маводи нав оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, аспирант ва устодон ҷиҳати ҷой додан дар сайт (сомона) - и донишгоҳ ихтироъкорони ҷавонро сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро зери назорат гирад.

 

 

III.Ҳуқуқ ва ваколатҳои роҳбари Марказ

3. Роҳбари Маркази илмӣ-инноватсионӣ чунин ҳуқуқҳоро дорад:

- сохтори Марказро аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва вазифаҳои он муайян намуда,  барои тасдиқ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намояд;

- мувофиқи тартиби кооператсияи илмӣ бо ҳамроҳии дигар муассисоти илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳайатҳои кории муваққатӣ, озмоишгоҳҳои байнисоҳавӣ таъсис диҳад. Фаъолияти ҳайатҳои кории муваққатӣ ва озмоишгоҳҳои байнисоҳавӣ дар пояи Марказ ва ё ташкилоти супоришгар дар асоси қарордод тибқи қонунгузории амалкунанда сурат мегирад;

- дар соҳаи таҳлили иқтисодӣ корҳои илмӣ ва мавзӯҳои фармоиширо анҷом диҳад;

- дар соҳаи татбиқи таҳқиқотӣ илмӣ-инноватсионӣ фаъолият намояд;

- барои гирифтани маблағ аз ҳисоби мавзӯҳои фармоишӣ ба роҳбарони илмӣ ва иҷрокунандагон лоиҳаи фармонро омода намояд;

- дар соҳаи хизматрасонӣ таҳқиқотҳои илмӣ ва татбиқи таҳияҳои илмӣ чораҳо андешад;

- дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ихтироъкорони ҷавон донишҷӯёни лаёқатмандро ҷиҳати иштирок ва муаррифӣ намудани ихтироъ пешниҳод намояд ва ҳамроҳашон ширкат варзад;

- ҳар моҳ бо донишҷӯёни лаёқатманд, навовар ва эҷодкор вохӯрӣ ташкил намояд.

Ваколатҳои Роҳбари Маркази илмӣ-инноватсионӣ иборатанд аз:

- роҳбариро аз болои кори Марказ амалӣ намуда, дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳро  дар амал татбиқ карда, тибқи қонунгузорӣ интизоми меҳнат риоя ва фаъолияти кории кормандонро зери назорат мегирад;

- ба кори таҳияи лоиҳаҳо илмӣ-инноватсионӣ, иҷрои  нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, нақшаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, нақшаи маблағгузорӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ, нақшаи нашри асарҳои илмӣ ва дигар нақшаҳои Марказ роҳбарӣ менамояд;

- лоиҳаи нақшаҳоро барои тасдиқ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;

- ҷадвали вазифавӣ ва суратҳисобро тасдиқ менамояд;

- назоратро аз болои иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар нақшаҳою супоришҳои устодони донишгоҳ таъмин мекунад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти илмии Марказро бо дигар муассисаҳои илмӣ ташкил менамояд;

- ҳайати кории Марказро бо кормандони соҳибтаҷриба ва ҷавон таъмин менамояд, ташаббуси эҷодии кормандони илмро дастгирӣ мекунад, барои ҳавасмандкунии маънавӣ ва моддии фаъолияти илмӣ чораҳо меандешад, ба ашхосе, ки барои баланд бардоштани савияи ихтисоси худ машғул мешаванд, ҳаматарафа кӯмак мерасонад;

- дар асоси тартиби муқарраршуда ҳисоботро роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Марказ ва натиҷаҳои татбиқи амалии тадқиқоти анҷомёфта ва дигар ҳисоботи муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- ба корҳо роҷеъ ба равобити байналмилалии илмии Марказ  роҳбарӣ карда, тибқи тартиби муқарраршуда аз номи Марказ робитаҳоро бо муассисаҳои илмии хориҷӣ ба роҳ мемонад;

- дар назди Шӯрои олимони донишгоҳ роҷеъ ба фаъолияти Марказ ҳисобот медиҳад.

- дар асоси қонунгузории амалкунанда кормандони Марказро дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ ба кор қабул мекунад, аз як вазифа ба дигар вазифа дигар мегузаронад, аз кор хориҷ мекунад, инчунин кормандони Марказро барои кор ба коллективҳои муваққатии илмӣ сафарбар менамояд;

- барои ишғоли ҷойҳои холии вазифаҳои мудирони шуъбаҳо, озмоишгоҳҳо, гурӯҳҳои илмӣ, бахшҳо ва кормандони илмӣ мутобиқ ба хусусияти Маркази  илмӣ-инноватсионӣ  озмунҳо (конкурс) мегузаронад;

- интихоби фардии мутахассисони ҷавонро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба амал мебарорад, гузаронидани касбомӯзии мутахассисони ҷавонро, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, ташкил менамояд, дар бораи гузаронидани таҷрибаи истеҳсолии донишомӯзон ва шогирдон бо мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус шартномаҳо мебандад;

- тибқи қонунгузории амалкунанда кормандони Марказро барои сифати баланди тадқиқоти илмӣ, иҷрои намунавии вазифаҳои меҳнатӣ, навоварона  дар кор, барои ихтироот ва пешниҳодҳои оқилонаю муфид (такмилотӣ) ва дигар муваффақиятҳо дар кору фаъолият бо мукофоту тӯҳфаҳо сарфароз  менамояд;

- тибқи тартиби муқарраршуда  нисбат ба кормандони Марказ шаклҳои мавҷуда муҷозотро  ба кор мебарад;

- нақшаи корҳои илмӣ-инноватсионии Марказ,  инчунин нақшаҳои илмӣ-тадқиқотии воҳидҳо ва гурӯҳҳои тадқиқотиро тасдиқ карда, рафти иҷрои онро назорат менамояд;

- Марказро метавонад дар назди мақоматҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ, дар муассисоти давлатӣ, инчунин дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ намояд;

-  аз номи Марказ дар муассисоти судӣ, арбитражӣ, бонкӣ ва ғайра намояндагӣ ва баромад  мекунад ва инчунин ба ашхоси ҷудогона барои бурдани корҳои маъмурӣ, молиявӣ, хоҷагӣ, судиву арбитражӣ супориш медиҳад;

- тибқи қонунгузории амалкунанда дар ҳудуди маблағи умумии  барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷудошуда, аз васоити нақдӣ ва дигар воситаҳои моддии Марказ ихтиёрдорӣ менамояд;

- барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо шартномаҳо мебандад.

 

IV.Идоракунии Марказ

4. Марказ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, Низомномаи мазкур ва дигар  асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбар идора карда мешавад.

4.1.  Роҳбари Марказ бо пешниҳоди муовини ректор оид ба корҳои илмӣ  аз ҷониби ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

Роҳбари барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ раёсати Марказро ташкил менамояд. Шакли асосии фаъолияти раёсати Марказ гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба зарурати корӣ аз тарафи роҳбари Марказ даъват карда мешавад.

 

V. Натиҷагирии корҳо ва пешниҳоди ҳисобот

5. Роҳбари Марказ ҳисоби фаврӣ ва муҳосибиро аз натиҷаҳои фаъолияти кори худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, аз рӯи шакли муқарраршуда, баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ, коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ бурда, дар ин хусус ба раёсати донишгоҳ  ҳисобот пешниҳод менамояд.

5.1. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

- ташкили ахбори комилан дуруст доир ба раванди хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои корҳо ҷиҳати идора ва роҳбарии фаврӣ;

- таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули накд, васоити молӣ, меҳнатӣ ва ғайра мувофиқи меъёр, ченакҳо ва хароҷотномаҳо;

- сари вақт огоҳонидан аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молӣ-хоҷагӣ, ошкор ва сафарбар намудани захираҳои  дохилии Марказ.

- Марказ ба таври мустақим тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти молия, андоз, омор ва дигар мақомоти марбута дар мувофиқат бо ректори донишгоҳ ҳисобот медиҳад;

- давраи ҳисоботӣ барои Маркази илмӣ-инноватсионӣ соли тақвимӣ - аз 1 январ то 31 декабр мебошад.

- Марказ  маблағҳои буҷетиро дар хазинадории донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

- Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ-омории худро дар асоси муқаррароти таъиншуда ба роҳ мемонад.

- Раёсати Марказ ва дигар шахсони мутасаддӣ барои вайрон кардани ҳисобот дар назди Қонун масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ доранд.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru