• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Иқдомоти рӯ ба тавсеъаи нашри китобҳои дарсиву таълимӣ ва таърихӣ Китобҳои дарсӣ

Татбиқи  «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии  рушди Донишгоҳи давлатии омўгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019» имконият додааст, ки бахше аз мушкилоти ҷойдошта дар самти пурқувват намудани базаи моддии озмоишгоҳҳои химиявӣ, физикӣ, биологӣ, устохонаҳои технологӣ бартараф карда шаван/

Нашри китобҳои дарсӣ, тахассусӣ, баргардон аз расмулхати форсӣ тадриҷан ба як анъанаи нек дар Донишгоҳи омӯзгорӣ табдил мешавад. Иқдоми шоиста сабаб шуд, ки соли гузашта як теъдод асарҳои илмӣ аз адабиёти пурғановати классикӣ ва китобҳои маъруфи пажуҳишиву таърихӣ бо талоши донишмандони Донишгоҳ ва муаллифони беруна интишор ёфтанд.

Бори аввал дар соли 2016 муаррифии китобҳои тахассусии соҳаи химия “Донишномаи химия барои наврасону  ҷавонон”, муаллиф Л.Солиев,  дар соҳаи филология: «Шеър-ул-аҷам»-и Шиблии Нўъмонӣ (тарҷумон Абдухолиқ Набавӣ),  Шарҳи “Гулистон” (Б.Шарифзода), “Муқаддимаи ихтисоси филологӣ” (А. Мирбобоев), “Таҳлили луғавӣ-семантикии матн” (Н.Гадоев), дар соҳаи фалсафа- “Фалсафаи илм” (Назариев Р., Самиев Б.), дар соҳаи таърих- “Андар шинохти тоҷикон” (Н.Убайдуллоев), бо ширкати ҷамъе аз муҳаққиқону пажуҳишгарон баргузор шуд.

Як падидаи дигар ин нашри китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳарчанд дар айни замон теъоди ин китобҳо каманд, вале боз ҳам барои пӯшиши камбуди адабиёти таълимиву дарсӣ кӯмак мерасонанд.

Соли 2016  бо талоши устодони Донишгоҳ З. Мўсоев ва  Р. Рауфов китоби “Заминшиносии умумӣ”, Ш. Бердиев, Б.Шомуродов “Этика”, А. Нуров “Таърихи педагогикаи ҷаҳон”, Б. Маҷидова “Педагогикаи томактабӣ”, О. Маҳмадҷонов, Р. Шоев “Забони адабии муосири тоҷик”, Б. Қодиров “Оптикаи геометрӣ ва мавҷӣ”, “Логопсихология” (М.Дадабоева), “Сурдопсихология” (Қувватов С., Дадабоева М.)  ва амсоли инҳо чоп шуданд, ки метавон онҳоро дастовардҳои муҳими сол дар соҳаи табъ нашр унвон кард.

Дар маҷмуъ соли гузашта устодони донишгоҳ 31 китоби дарсӣ, 15 монография, 65 дастури таълимию методӣ ва беш аз 700 мақолаи илмию методӣ таҳия намудаву ба нашр расонданд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj