• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Намоиши китоби Ваҳдат

Дар ҳошияи баргузории конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ”, ки субҳи имрӯз оғоз шуд, дар даромадгоҳи толори фарҳанг намоиши китобҳои Ваҳдат баргузор шуд.

Ширкаткунадагони конфронс  имкон доштанд бо силсилакитобҳои Асосгузори сулҳ ва Ваҳади миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ва дар бораи ӯ, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “О времени и о себе”, “Баёзи Ваҳдат”, “Пешво ифтихори миллат”, “Подвиг  Эмомалӣ Рахмона”, “Ҳайкали тиллоӣ” ва ғайра ошно шаванд.

 

Дар намоиш ҳамчунин китобҳое гузошта шуда буданд, ки инъикосгари таърихи тоҷикон, дастовардҳои солҳои Истиқлолият, пажуҳишҳои арзишм анди илмӣ дар кишвар, маҷмуъаҳои энсиклопедӣ аз таърихи Донишгоҳи омӯзгорӣ буданд.

Дар рафи чунин китобҳо асарҳое аз қабили “Андар шинохти тоҷикон”, “Таърихнигор”, “Таърихи Россия (охири асри XYII ва ибтидои асри ХХ), Нахустдонишгоҳи олии Тоҷикистон”, “Биступанҷ  нахли пурсамар”, “Энсиклопедияи Донишгоҳи омӯзгорӣ”, “Бозсозӣ: сохтем ё бохтем?”, “Таърихи сиёсии тоҷикон”, “Ориёнома, “История таджикского народа” ва чанд номгӯи дигар гузошта шуда буданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ташкили намоиши китоб дар ҳар ҳамоиш ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ, ҷаласоти бошукуҳ ва санаҳои таърихӣ дар ин боргоҳи маърифат ба ҳукми анъана даромадааст.

Кормандони китобхонаи донишгоҳ вобаста ба мавзуъи мавриди баҳси ҳамоишҳо китобҳои заруриро гирд меоранд ва ба маърази тамошо мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ” субҳи имрӯз бо сухани ифтитоҳии декани факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгорӣ  Аҳмадхон Муродов шуруъ ба кор кард.

Қарор аст дар ин ҳамоиш дар ду бахш ҳудудан бист маърӯзаи илмӣ дар атрофи Ваҳдат дар Тоҷикистон, вижагиҳои он, роҳи расидан ба сулҳ ва нақши сулҳофаринии Пешвои миллат  шунида шавад.

Хабари муфассали ин Конфронс ба зудӣ интишор меёбад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj