• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баррасии беш аз бист маърӯза дар Конфронси “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ”

Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ”, ки  субҳи имрӯз бо сухани ифтитоҳии Аҳмадхон Муродов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори фарҳанги донишгоҳ оғоз ба кор карда буд, ба поён расид.

Дар оғоз доктори илмҳои таърих, профессор Х.Пирумшоев бо номи “Ваҳдати миллӣ – падидаи

тақдирсоз дар сарнавишти тоҷикон” маърӯза кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки ҳамин ваҳдату якпорчагӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон аз суботу амният бархӯрдор аст ва дар роҳи рушди иқтисодӣ ва истиқлолияти энержӣ устуворона гом мезанад.

 

Проофессор Н.Убайдуллоев бошад нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Прфессор Убайдуллоев таъкид кард, ки маҳз ҷонбозиву азхудгузаштанҳои Сарвари давлат буд, ки миллат ба сулҳи пойдор расид. Вай бо мисолҳои рушану таърихӣ ба нақши ояндасози Пешвои миллатдар  таъмини сулҳ ва ҳифзи амният  таъкид кард.

Баъд аз зуҳр конфронс дар гуруҳҳо идома кард. Дар ҷаласаи гуруҳи аввал доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Қаҳҳор Расулиён мавзуъи ”Фиристодагони доно ва сарвари тавоно”-ро мавриди суҳбат қарор дод. Вай бо ишора ба фарҳанги сулҳофаринии тоҷикон ба ин ин нукта таъкид намуд, ки пойдевори сулҳ аз муколама сар мешавад ва фиристодагон бояд хеле зираку донишманд бошанд, ки дар бунёди ин девор саҳве накунанд.

Устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон дорои ҳамин гуна фарҳанг будани Пешвои миллатро омили аслии расидан ба сулҳ ва тавофуқи миллӣ донист.

Дарстовардҳои Ваҳдати миллӣ дар Бадахшонро профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев Э. Ҳоҷибеков таҳлил кард. Вай гуфт, ВМКБ, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, дар таҳкими дастовардҳои сулҳ нақши муҳим дорад. Профессор Ҳоҷибеков ҳамчунин зикр кард, ки пуштибонии оммаи васеъи халқ аз иқдомоти Пешвои миллат боис шуд, ки субот дар вилоят комил барқарор шуд ва ободиҳои солҳои охир нишони ҳамин пуштибониҳост.

Дотсент С. Сайнаков нақши Федератсияи Русияро дар сулҳи Тоҷикистон ба риштаи тасвир кашид. Вай гуфт, ки Русия чун шарики стратегӣ аз оғоз барои расидан ба сулҳи фарогир дар кишвари мо нақши калидӣ дошт.

Дар ин гуруҳ ҳамчунин маърузаҳо дар бораи инъикоси Ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллӣ, дар матбуот, рушноии тафакури пурбори миллати тоҷик, ҷойгоҳи тафаккури миллӣ дар раванди ваҳдатофарин дар Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раванди барқароршавии сулҳи тоҷикон шунида шуданд.

Дар бахши дуюм дотсенти Донишгоҳи омӯзгорӣ М.Каримов таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ваҳдат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа ҷалб намуд.

Номзади илми таърих, дотсент Н.Давлатбеков бошад дар мавзуъи “Ягонагии миллат аз Ваҳдат сарчашма мегирад” суханронӣ кард. Вай таъкид намуд, ки расидан ба тавофуқ дар гуфтушунидҳои сулҳ муҷиби таҳкими ваҳдати миллӣ шуд ва агар ин ваҳдат аз байн мерафт, миллат парешон мешуд.

Муаллими калони  ДДОТ Д. Неъматов чашмандозе ба сулҳи тоҷикон аз нигоҳи оламиён дошт,  ассисенти ДДОТ Н.Зарифов дар бора и нақши СММ дар сулҳи тоҷикон ҳарф зад, Т.Наҷмуддинов аз таърихи бунёди неругоҳҳо дар замони Истиқлолият  ва М.Шарофова маърӯзае хонд бо номи “Миллати ваҳдатофар”.

Конфронс бо ҳамин ба кори худ поён дод.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj