• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Бародарҳо забони мо ҳамин аст...

Ҳудудан 90 нафар бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд аз муассисаҳои омӯзишии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби туҳфаҳои хотиравии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон шуданд.

Ҳамоише бо номи “Мо фарзандони ҳамин диёрем” бахшида ба рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, ки субҳи имрӯз дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

баргузор шуд.

Якуми июн Рӯзи ҷаҳони ҳифзи кӯдакон аст ва дар ин рӯз дар сар то сари олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чорабиниҳои вижа ба ин муносибат доир мешаванд. Ҳамчуноне Ректори Донишгоҳ, академик  Носирҷон Салимӣ дар сухани муқаддамотии худ иброз дошт, ҳуқуқи кӯдак дар Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар ҳифз шудааст. Гузашта аз ин Тоҷикистон аксари санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи кӯдакро пазируфтаву аз он ҳимоят мекунад.

Носирҷон Салимӣ аз ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти атфол дар ҷомеа сухан ронд ва инро як таваҷҷуҳи пайваставу ҳамешагии Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.

Роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгорӣ қаблан тасмим гирифта буд дар ин рӯз хонандагони мактаб-интернатҳои махсуси ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанберо даъват кунад. Аз ин даъват дар мактаб-интернати  ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, мактаб-интернат ҷумҳуриявии атфоли нимшунаво ва рушдашон дермондаи ноҳияи Рӯдакӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии № 3 шаҳри Душанбе, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии № 2-и шаҳри Душанбе истиқбол карданд ва бо теъдоде аз хонандагонашон ҳузур ёфтанд.

Маҳфил аслан маҳфили шеъру тарона буд. Меҳмонон ба толори фарҳанги Донишгоҳи омӯзгорӣ бо дастовези худ омада буданд ва ин дастовез як порча меҳр ба зиндагӣ буд, ки дар тарона ва рақси онҳо ғунҷида. Ба онҳо донишҷӯёни факултаҳои гуногуни донишгоҳ пайвастанд ва таронаҳоро бо имову ишора ва рақс барои меҳмонон иҷро карданд.

Аммо дар оғоз донишҷӯи соли дуюми факултаи психология Моҳира суруди “Майда-майда”-ро бо имову ишора иҷро кард ва  дар ҳавои он донишҷӯи факултаи филология Суман Каримова рақсид.

Бародарҳо забони мо ҳамин аст,

Ишора баҳри мо чун ангубин аст.

Набошад гар ишора мо чӣ донем,

Ки боло осмон поён замин аст.

Баъдан хонандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ вориди саҳна шуданд ва рақси гуруҳӣ иҷро карданд.

Дар миён аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи омӯзгорӣ, бо сарварии Ректори он Носирҷон Салимӣ ба меҳмонон, тифлакони ношунавову нобино ва маҳрум аз пойи равон, афроди рушди ҷисмониашон дермонда туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Аз ҷумла: ду ароба барои маъюбон, барои 35 нафар духтарон маводҳои конселярӣ: китобу дафтару қалам, барои 49 нафар писарон  пироҳани варзишӣ ва шорт.

Сипас, намояндагони ҳамаи мактаб-интернатҳои даъватшуда таронасароӣ карданду дар ҳавои мусиқиҳои ҷолиб рақсиданд.

Ҳамаи бачаҳо дар саҳни донишгоҳ ғизои нисфирӯзӣ тановул карданд.

Чорабинӣ ҳам барои ташкилкунандагон ва ҳам барои даъватшудагон хотирмону ҷолиб гузашт.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj