• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баҳси масоили таълими математика ва физика дар ҳамоише дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Олимон ва пажуҳишгарон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ масъалаҳои муосири фаъолгарадонии таълими математика ва физика дар муассисаҳои таълимоти миёнаи умумиро дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ мавриди баҳс қарор доданд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори факултаи математикаи донишгоҳ баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар ду бахш бештар аз 40 мавзуъро баррасӣ карданд.

 

Дар бахши аввал, ки “Бахши умумӣ ва методикаи таълими математика” унвон дошт,  мавзуъҳое чун “Равиши фаъол дар таълими геометрия”, “Истифодаи омӯзгорон аз шабакаи интернет ва асарбахшии он дар раванди таълим”, “Тамоюли омӯзгор ва хонанда дар таълими электронии математика”, “Роҷеъ ба ташаккули кори мустақилонаи донишҷӯён”, “Ҳалли масъалаҳои амалӣ”, “Чор тарзи ҳалли як масъалаи геометрӣ доир ба чоркунҷаҳо”, “Тарзҳои гуногуни исботи теоремаи Пифагор”, “Мавқеъи ташкили бозиҳои математикӣ дар дарс”, “Истифодаи ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар таълими тафриқӣ”, “Математикаи бузург” баррасӣ шуданд.

Дар бахши дуюм – “Методикаи таълими физика” ширкаткунандагон дар атрофи мавзуъҳои “Истифодаи таҷрибаҳои ҳаётии хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои озмоишӣ дар синфи 9”, “Рукнҳои тарбиявии масъалаҳои физикӣ”, “Таҷрибаҳои синфӣ доир ба  ба мавзуъҳои физикии синфҳои 7-8”, “Нақши масъалаҳои графикӣ дар ҷараёни таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ”, “Ташкили кори мустақилонаи таснифоти эҷодидошта дар ҷараёни корҳои берунисинфӣ аз физика” ва ғайра баҳс карданд.

Аксари мавзуъҳои баррасишуда мақолоти пажуҳишии илмӣ буда, метавонанд чун маводи ёрирасон дар омӯзиши фанҳои математика, геометрия ва физика хизмат кунанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj