• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ваҳдати миллӣ омили асосии таҳкимбахши сулҳу субот ва устувории давлатдории миллӣ

Чунин унвон дошт Конфронси  ҷумҳуриявӣ, ки ахиран бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ  бо ширкати ҷамъе аз муҳаққиқон, ходимони давлатӣ ва пажуҳишгарон баргузор шуд.

Дар сухани муқаддамотии худс Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, академик Носирҷон Салимӣ роҷеъ ба Ваҳдати миллӣ чун омили аслии рушди устувор сухан ронд.

Вай гуфт, ки амният худ зояндаи рушд аст ва маҳз имзои Созшномаи сулҳу таъмини суботу амният буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави тавсеъа ворид шудааст.

Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамчунин ба нақши созанда ва калидии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард ва гуфт, ки маҳз аз худгузаштанҳо, ҷасорат ва матонати Сарвари давлат буд, ки кишвар аз гирдоби як ҷанги дохилии хонумонсӯз берун омад ва роҳи рушдро пеш гирифт.

Дар Конфронс Мирзошоҳрух Асрорӣ-Раиси кумитаи ҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикитсон дар мавзуъи “Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар замони муосир”, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи  муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон Ҷ.Латифов дар мавзуъи “Таҳаммулпазирӣ ҳамчун омили ноил гардидан ва Ваҳади миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, директори маркази таҳқиқотии ҷаҳон А.Раҳмонов дар мавзуъи “Тамоилҳои манфии муосир ва таъсири он  ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” (бо забони русӣ), докторанти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ “ У.Мирзоевдар мавзуъи “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳамчун пояи асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон” ва дигарон суханронӣ намуданд.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj