• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ






Ҳалимҷон  Туйчиев,
мудири кафедраи физикаи назариявӣ,
номзади илмҳои физика – математика, дотсент
Тел: (+992)  918-69-63-39
E-mail:  khalim.tuychiev Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript com




Туйчиев Ҳалимҷон Шерматович - 19 июни соли 1974 дар оилаи омӯзгори ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1981 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №1 – и ба номи Фирдавсии ноҳия рафта, соли 1991 онро бомуваффақият хатм намуд. Пас аз хатми мактаб солҳои 1991 – 1994 дар мактаб – интернати рақами №1 – и ноҳия ба сифати пешоҳанг кору фаъолият намудааст.

Соли 1994 ба шуъбаи физика – астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (Садриддин Айнӣ) дохил шуда, соли 1999 онро бомуваффақият хатм намуд. Қобилияту истеъдод ва шавқу раѓбаташро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба инобат гирифта раёсати Донишгоҳ ӯро ба ҳайси мутахассиси ҷавон, ба сифати ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ба кор мононданд.

Мавсуф солҳои 2001 – 2004 дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ таҳсил кард.

Соли 2004 пас аз хатми аспирантура ба кафедра баргашта, то соли 2011 дар вазифаи муаллими калон кору фаъолият намуд.

Соли 2011 (30 июн) дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Солиҳов Т.Ҳ. дар мавзӯи «Ғайрихаттии хароратӣ дар спектроскопияи пастбасомади фотоакустикӣ» рисолаи номзадӣ дифо намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физика-математика гардид.

Соли 2012 соҳиби унвони илмии дотсенти кафедра гардид.

Аз соли 2013 – узви ҲХДТ.

Туйчиев Ҳ.Ш. аз соли аввали кориаш то ҳол худро ҳамчун корманди фаъол нишон дода, дар ҳамаи корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва факултет фаъолона иштирок кардааст. Дар байни кормандони факултет ва донишгоҳ обрӯю эътибори калон дорад. Тамоми супоришҳои аз тарафи Раёсати донишгоҳ, факултет, ки ба вай супорида мешаванд, сари вақт ба пуррагӣ ба сомон мерасонад.

Дар айни ҳол дарсҳои лексионӣ, амалӣ аз фанҳои механикаи класикӣ ва консепсияи табиатшиносии муосир дар сатҳи баланд бо истифода аз воситаҳои муосири технологии таълим ва маводи мултимедӣ мебарад.

Туйчиев Ҳ.Ш. муаллифи беш аз 96 номгӯй корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, ки аз инҳо 20-тояшро дастурҳои методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Мақолаҳои мавсуф дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ нашр шудаанд.

Аз соли 2012 то айни ҳол вазифаи иҷрокунандаи  мудири кафедраи физикаи назариявиро ба уҳда дорад.

 

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ФИЗИКАИ НАЗАРИЯВӢ

Солҳои тӯлонӣ дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  дар байни устодони дар факултет коркунанда шумораи шахсони унвондори илмии дар соҳаи физика фаъолияти илмибаранда кам буданд. Баъд аз он, ки дар соли 1965 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ Рейзенвассер Леонид Самулович, дар соҳаи механикаи назариявӣ рисолаи номзади дифоъ карда, соҳиби унвони номзади илмҳои физика-математика  гардид, дар заминаи кафедраи физикаии умумии Донишгоҳи омӯзгорӣ кафедраи физикаи назариявӣ таъсис ёфт.

Сарвари нахустини кафедраи физикаи назариявии навбунёд номзади илмҳои физикаву математика Рейзенвассер Л.С. буд. Устодони аввалини кафедра Паршины Н.В, Бобоев В.Б, Масалимов К. Баъданов А.И. Крудковский С.В., Нозимов О. буданд. Дар солҳои минбаъда ба кафедра дотсент Маҳмудов Т.М (солҳои 1970-1977) дотсент Раҷабов П. (солҳои 1978-1987), дотсент Богданов А.И. (солҳои 1987-1989), дотсент Раҷабов П. (солҳои 1989-1992)  ва профессор Нормуродов Ф. (солҳои 1992-2005) сарварӣ кардаанд. Дар ин солҳо шумораи устодони кафедра аз ҳисоби хатмкунандагони факултет ва шахсони ба тариқи конкурсӣ ба кор  омода афзуд монанди Хусравов Ҷ., Содиқов И. , Ҳакимов М., Берг А.И, Рашидов Ҷ., Мисров С., Бобоев О. ва Асоев А.

Солҳои 1975-1985 барои кафедра солҳои бобарор буд. Дар тӯли ин солҳо 9-нафар аъзоёни кафедра рисолаи номзадӣ дифоъ намуда нуфузи кафедра хело баланд шуд.

Саҳми кафедра дар тайёр кардани мутахасисони ҷавони маълумоти олидошта афзуд. Устодони кафедра доир ба масъалаҳои физикаи молекулави, қисмҳои сахт, физикаи  полемерҳо, биофизика  корҳои илмӣ-татқитӣ мегузаронанд.

Соли 1990 дар заминаи кафедраи физикаи назариявӣ, кафедраи физикаи эксперменталӣ таъсис ёфта, якчанд нафар устодон фаъолияти худро дар кафедраи навбунёд давом доданд.

Аз соли 2006 то 2011 сарвари кафедраи физикаи назариявӣ дотсент Нуриддинов З.  буда, аз соли 2012  то имрӯз сарварии кафедраро дотсент Туйчиев  Ҳ.Ш. ба уҳда дорад.

 

Омӯзгорон





Муҳибулло  Шерматов
Дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ,
санаи таваллуд 13.08.1930
Тел: (+992)  907-36-30-50












Зиёдулло  Нуриддинов
Дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ,
санаи таваллуд 01.07.1940
Тел: (+992)  917-35-11-74




 






Фируз  Исмонов
Ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ,
санаи таваллуд 20.11.1984
Тел:(+992)  988-32-02-15
E-mail Firvz 84-84 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ru








Зафар Давлатов
Ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ,
санаи таваллуд 27.12.1979
Тел:  (918-48-95-65)
E-mail: zafardavlatov Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ru
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru