• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ






Умар Умаров,
мудири кафедраи «Методикаи таълими физика»,
Тел: (+992) 935 94 93 28
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Кафедраи методикаи таълими физика соли 1974 таъсис ёфт. Асосгузор ва сарвари аввалини кафедра устод Ғулом Ҷабборов буданд. Ба кафедра устодони беҳтарин Куинов Н.Г., Шодиев Т., Норқулов А., Двойкин Е.П., Мирзоев Б., Ҷумъаев Т., Мухамедшин Р.А., Кривсов Н.М., Давлатов А., Попова А.Г. ба кор ҷалб карда шуда буданд. Минбаъд ҳайати кафедра аз ҳисоби омӯзгорони варзида Ҷумъаев Ҳ.Қ., Раҳматов Р., Бобоев В., Тоҳирова Р.Б., Файзиев И.Д., Кондратйев В.И., Гусамов Н.А., Хайлобеков Қ. ва дигарон пурра гардид. Бо ранҷу заҳмати ин устодон кабинету лабораторияҳои намоишӣ доир ба методикаи таълими физика ва воситаҳои техникии таълим ташкилу  таҷҳизонида шуданд.

Таҳия ва нашри дастуру воситаҳои таълим барои гузаронидани корҳои лабораторӣ, практикуми физикӣ ва ороишу таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ба донишу маҳорати устодон ва ҳайати кормандони ёрирасони техникии кафедра тааллуқ доранд. Дар як муддати кӯтоҳ кафедраи методикаи таълими физика чун яке аз кафедраҳои беҳтарини мактабҳои олии омӯзгории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъ  пайдо кард.

Бо ташаббуси устод Ғ. Ҷабборов робитаи устувори ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ - методии шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург) Челябинск, Киев, Боку, Тошкент, Свердловск (ҳоло Екатеринбург) ва ғайра барқарор гардид, ки натиҷаҳои он хеле судбахш буд. Натиҷаи ин ҳамкориҳо буд, ки устодони кафедра Мирзоев Б. дар шаҳри Ленинград (соли 1979), Шодиев Т. дар шаҳри Москва (соли 1982), Ҷумъаев Ҳ.Қ. (соли 1989), Файзиев И. (соли 1988), Мухамедшин Р.А. (соли 1989), Давлатов А. (соли 1990)  дар шаҳри Челябинск ва Раҳматов Р. дар шаҳри Киев (соли 1993) рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Дар ҳалли масъалаҳои умдаи таълими физика дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аъзоёни кафедра корҳои зиёде ба сомон расонданд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ – методии аъзоёни кафедра дар нашрияҳои умумиттифоқии «Физика в школе», «Народное образование», «Вестник высшей школы», ҷумҳуриявӣ «Маърифати омӯзгор» (собиқ «Мактаби Советӣ» ва «Маърифат»), «Омӯзгор» ва маҷмӯаҳои дигар нашр гардиданд. Дар тӯли фаъолияти кафедра аъзоёни он зиёда аз 900 номгӯй мақолаҳои илмӣ-методӣ, васоити таълимию методӣ таҳия намуда, дастраси хонандагон гардониданд, ки зиёда аз 400 номгӯйи онҳо ба давраи истиқлолият рост меояд. Дар давраи истиқлолият ду дастпарвари кафедра (Умаров У. С. ва Бегимов Ҳ. Х.) рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Бо ташаббуси профессор Б. Мироев (рӯҳашон шод бод) дар гимназияи ба номи М. Маҳмудоваи шаҳри Душанбе кафедраи методикаи таълими физика  ташкил карда шуд, ки он на танҳо масъалаҳои таълими физикаро дар гимназияи мазкур, балки дар миқёси шаҳри Душанбе ҳаллу фасл менамояд. Дар ташкил ва таҷҳизонидани кафедраи мазкур дотсент Ҷумъаев Ҳ. Қ., устодони калон Умаров У. С. (ҳоло номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент) ва Бегимов Ҳ. Х. (ҳоло номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент) саҳми босазое гузоштанду тадқиқотҳои илмии худро дар мактаб амалӣ гардониданд. Дар кафедраи мазкур ҷаласаҳои муштараки кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Иттиҳодияи методии муаллимони физикаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар ин ҷаласаҳо устодони кафедра Ҳ. Ҷумъаев, У. Умаров, Р. Тоҳирова ва Г. Бобониёзова оид ба масъалаҳои гуногуни таълими физикаи мактабӣ гузориш медиҳанд.

Устодони кафедра дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити методӣ, воситаҳои аёнӣ ва китобҳои дарсии физика барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда доранд.

Таҳти роҳбарии собиқ мудири кафедра дотсент Ҷумъаев Ҳ. Қ. (рӯҳашон шод бод) нақшаи кори кафедраи методикаи таълими физика баҳри такмилу ривоҷи мазмуну мундариҷаи курси физикаи мактабӣ барои солҳои 2010-2015 мураттаб гардидааст. Дар нақшаи корӣ масъалаҳои гуногуну умдаи таълими физика дар асоси татбиқи «Консепсияи маълумоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи мактаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҷассум ёфтаанд.

Аъзоёни кафедра таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент Умаров У. С. имрӯзҳо низ дар ҳалли масъалаҳои умдаи таълими физика дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат мекашанд. Устодони кафедра Р. А. Мухамедшин, А. Давлатов, Р. Б. Тоҳирова, У. С. Умаров, Г. А. Бобониёзова ва И. Ш. Мавлонов аз рӯйи равияи илмии кафедра «Мукаммалкунонии мазмун, васоит ва методҳои таълими физика дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои маориф», «Консепсияи маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» дар соҳаҳои гуногуни методикаи таълими физика доир ба ҳалли  проблемаи  «Баланд бардоштани сифату самаранокии шаклҳои гуногуни ташкили раванди таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ» тадқиқот бурда истодаанд.

Аъзоёни кафедра ғайр аз корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ низ машғуланд. Дар кафедра доир ба ду мавзӯъ корҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ бурда мешавад: 1. «Асосҳои психологӣ-дидактикии ташаккули тафаккур ва қобилияти эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҳангоми омӯзиши физика)» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент, мудири кафедра Умаров У. С.); 2. «Такмили мазмун, метод ва воситаҳои таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қодиров Б. А.).

Дар рушду нумӯи кафедра кормандони ёрирасони техникӣ Кораблёв С., Ширинхонов Ш., Колосов П., Бобониёзова Г., Сиддиқова П.М., Ҳусейнова М., Каримов М., Нигай В., Худойқулов О., Турдиева Д., Холмуродов А., Ҷумъаев З., Саъдуллоева Н., Абдураҳимова М., Юлдошева М., Набиева З., Мавлонов И. Ш. ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.

Доктори илмҳои техникӣ, профессор Сафаров М., доктори илмҳои техникӣ, профессор Боймуродов Э. (рӯҳашон шод бод), номзадҳои илм, дотсентон Неъматов А., Акрамов М., Тиллоев Ҳ., Фатҳуллоев Т. дастпарварони ҳамин кафедра мебошанд.

Дар арафаи ин ҷашнҳои муборак 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  80 - солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва 80 – солагии таъсисёбии факултети физика ба таърихи кафедраи методикаи таълими физика назар афкандан ва ба хотир овардану зикр намудани корҳои ба сомон расонидаи аъзоёни он кори хайр аст. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра дар он шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, устодону кордони соҳибтаҷриба, хоксору нексиришт, меҳтандӯсту соҳибирода кору фаъолият намудаанд, ки намунаи ибрати имрӯзиёнанд.

Солҳои 1983 - 1986 дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими физика кору фаъолият намудааст. Аз соли 1985 узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаби Советӣ»  (ҳоло «Маърифати омӯзгор») буд. Солҳои 1961-1980 раиси Шӯрои илмӣ- методии факултети физика ва узви Шӯрои илмӣ-методии донишкада буд.

Мавзӯи тадқиқоти ӯ «Истифодаи моделронӣ дар омӯзиши ҳалли масъалаҳои физикӣ» мебошад.

Соли 1976 барои кори пурмаҳсул ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии факултет ва донишкада бо раҳматномаҳои раёсати донишкада ва 1980 бо нишони «За отличные успехи в работе» сарфароз гардидааст.

Муаллифи беш аз 40 номгӯй корҳои илмӣ–методӣ мебошад, ки 5-тои онҳоро васоити методӣ ташкил медиҳанд.

 

Омӯзгорон

 






Абдулалӣ  Давлатов
Дотсенти кафедраи «Методикаи таълими физика»,
санаи таваллуд 19.06.1939
Тел: (+992) 93 514 00 96
E-mail: а Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Рашид  Мухамедшин
Дотсенти кафедраи «Методикаи таълими физика»,
санаи таваллуд 4.09.1947
Тел: (+992) 919 00 12 35
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Гулчеҳра  Бобониёзова
Муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика»
санаи таваллуд 10.10.1958
Тел:  (+992) 917 48 80 58












Изатулло  Мавлонов
Ассистенти кафедраи «Методикаи таълими физика», санаи таваллуд 24.08.1985
Тел:  (+992) 918-14-64-10











Ашурмаҳмад  Ашуров
Ассистенти кафедраи «Методикаи таълими физика»
санаи таваллуд 21.12.1989
Тел:  (+992) 93-807-80-81










Сафаралии Авлиёқул
Ассистенти кафедраи «Методикаи таълими физика»,
санаи таваллуд 1.09.1990
Тел: (+992) 988-66-58-08













Мавҷуда  Юлдошева
Лаборанти калони кафедари «Методикаи таълими физика»,
санаи таваллуд 17.07.1974
Тел: (+992) 985-38-57-16
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru