• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳақиқати як саҳифаи фоҷиабори таърих

Иқдоми пешгирифтаи кормандони маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия кардани филми «Омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев ошкор ва дастгир шуданд» бозгӯи ифшо шудани тинатҳои нопок, ҷоҳилияту разилӣ ва хиёнатпешагии собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Ҳалим, роҳбарони собиқ ҳизби наҳзати исломӣ - ҳизбе, ки бо фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию ифротгароиаш дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст, мебошад. Фаъолияти собиқ ҲНИТ ва пайравони ӯ аз ибтидо бо ҳидояту дастгирии ҳомиёни хориҷӣ танзим гардида, аслан ҳадафашон нооромсозии авзои сиёсиву фарҳангии кишвар буд ва бо ҳар роҳу васила субот ва ваҳдату пешравии Тоҷикистонро халалдор сохта, ба амалҳои зишт ва нопок даст мезаданд. Маҳз ҳамин кӯшишҳо кишварро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардонд. Дар солҳои ин ҷанги таҳмилии бунёдсӯзи шаҳрвандӣ пайравони ин ҳизб ҳароина барои несту нобуд кардани арбобони сиёсӣ, ходимони илму фарҳанг кӯшиш ба харҷ медоданд, аз тариқи амалҳои экстремистӣ, террористӣ, ташкили диверсияҳо дар байни мардум таҳлука барангехта, вазъияти бе ин ҳам нооромро пуршиддат месохтанд. Ин қабил афрод нангу номуси миллӣ надоранд, онҳо зархаридони хиёнатпешаанд, ки дар бошишгоҳҳои низомии хориҷӣ таълими ҳарбию диверсионӣ гирифта, дар қатлу куштори одамони бегуноҳ муттаҳам дониста мешаванд. Куҷост ҳисси ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳомии беминнати марзу буми кишвар будан, нангу номуси миллӣ доштан?

Бо кадом ақлу тамиз чунин ашхоси нопоку бадандеш ва аҳриманпеша ба ҷойи дифоъ аз якпорчагии миллат, ягонагии қаламрави кишвар даст ба хиёнату ватанфурӯшӣ задаанд. Ин амалҳо далолат аз он мекунанд, ки онҳо рӯҳан солим нестанд, дидашон аз таъсири афкори ғаразноку ифротии хоҷагони хориҷиашон заҳролуд гашта, бозичаи дасти фармоишгарони аҷнабӣ шудаанд. Мақсади нопокашон аз байн бурдани чеҳраҳои илму маърифати тоҷик, ки дар шароити беҳад душвору сангин бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ мамлакати дар гирдоби ҷангу хунрезиҳо оғуштаро бо ғояи неку нияти поки худ наҷот додан мехостанд, маҳсуб меёфт. Нодидагирӣ доштанд аз ҷаҳду талошҳои мудаввоми аҳли илму маориф ва зиёиёни пешқадам, фаъолони ҷомеа, ки дар қатори роҳбарони сиёсии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои ба эътидол овардани вазъият кӯшиш мекарданд.

Омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шоми 8-уми август, тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» филми мустанади таҳиякардаи маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев ошкор ва дастгир шуданд» - ро тамошо намуда, нисбат ба кирдори ноҷавонмардонаи Ҳалим Назарзода - хиёнаткори Ватан ва пуштибонони ӯ ҳисси нафрат доранд. Ошкоро изҳор намудан аз аъмоли зишту ноҷавонмардона ва афсӯсу надомати «қаҳрамонон» -и филми мустанад, пушаймоншавии онҳо имрӯз шаҳодати пойдории сулҳу субот ва осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ аст. Онҳо фаҳмиданд, ки бо амалҳои худ натавонистанд ин миллати тамаддунофарро пароканда созанд, ҷумҳуриро пора-пора кунанд, кишварро бе олиму зиёӣ гардонанд, сохти идоракунии ба мақсадҳои худ мувофиқро барқарор созанд. Аммо хаёлу чораҳои ин ҳизбу пайравонаш ва нияти хоҷагони хориҷиаш пуч ва бепоя буд, дарк накарданд, ки   аъмоли онҳо садди кӯшишу талоши мардуми кишвар, ҷаҳду ҷадали Сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри муттаҳидии мардум, якпорчагии мамлакат ва эъмори ҷомеаи муосир шуда наметавонад.

Аҳмадҷон Муродов

Бобоҷон Самиев

Искандар Сулаймонов

Устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj