• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Кафедраи адабиёти тоҷик

Кафедраи адабиёти тоҷик

 

Мудири кафедраи адабиёт, дотсент

ҚУРБОНОВ Маҷид Абдулҳамидович

 

Нахусткафедраи факултаи филология бо номи шӯъбаи адабиёту забоншиносӣ соли 1931 ва бо унвони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфтааст. Нахустустодони кафедра, ки дар ташкилёбии он саҳми бориз доштанд инҳо адабиётшиносони варзида А.Н Болдирев, Х.Мирзозода, М.Муродзода (ёдашон ба хайр) буданд. Бештари мутахассисони беҳтарини кафедра дар оѓози фаъолияти худ унвони илмӣ надоштанд. Солҳои 1936-1937 кафедраи якҷояи адабиёти тоҷику рус, мудираш дотсент Старухин С. созмон ёфт. Соли 1938 бошад, пас аз ба кори омӯзгорӣ ҷалб кардани забоншиносони варзидаи тоҷик Л.Бузургзода, О Ҷалолов( баъдтар профессор), А.Мирзоев( баъдтар академик), А.Эшонҷонов бо сарварии Б.Ниёзмуҳаммадов нуфузу эътибори бештар касб кард.
Аз солҳои чилум кафедраи забон ва адабиёт аз ҳисоби хатмкардагони боистеъдоди донишкада пурра гардид. Аввалин дастпарварони донишкада Н.Маъсумӣ, Н. Сатторӣ, Тилло Пӯлодӣ пас аз хатми донишкада дар кафедра ба кори доимӣ монданд, ки барои баландшавии эътибори илмию таълимии кафедра мусоидат намуд. Ҳамзамон солҳои аввали пас аз ҷанг М.Шакурӣ (ҳоло академик), С.Табаров (ҳоло Узви вобастаи АИТ), М.Исматуллоев (бадтар профессор ва ду давра ба кафедраи забон сарварӣ кардааст) факултаи филологияро хатм намуда, ба кафедраи забон ва адабиёт ба кор шурӯъ намуданд. Солҳои минбаъдаи пасазҷангӣ аз ҳисоби хатмкардагони факулта Ш.Ниёзӣ, Я.Исоев ва Ҷ. Бобокалонова сафи устодони кафедра пурра гардид.
Аз соли 1974 то соли 1983 ба кафедраи адабиёти тоҷик Х.Мирзозода сарварӣ кардааст ва бо саъю кӯшиши бевоситаи ӯ аз оѓози солҳои панҷоҳум теъдоди устодон дар кафедра аз ҳисоби хатмкардагони донишкада ва аспирантураи он хеле меафзояд. Я.Исоев ва Ҷ. Бобокалонова аз аввалин хатмкардагони факултаанд, ки дар факултаи шарќшиносии Санкт-Петербург рисолахои номзадӣ дифо намуданд. Аз солҳои шасту ҳафтод таҳти сарварии профессор Х. Мирзозода ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кардани Н. Сайфиев, М. Аҳмадов (ҳоло докторони илм ва профессорон), С. Давронов, С. Наимбоев, Б. Худойдодов, С. Мирзоев( ёдашон ба хайр), С. Саидов, С. Нуров нуфузу эътибори кафедра ҳамчун муассисаи пешбар хеле афзуд ва мактаби илмӣ- адабии профессор Х. Мирзозода ба вуҷуд омад. Таҳти сарварии профессор Х. Мирзозода ва устодони кафедра солҳои ҳаштоду навадум як гурӯҳ хатмкардагони факулта У. Казакова, А. Худойдодов, А.Муллоев, Ш. Раҳмонов( ҳоло докторони илмҳои филологӣ), М. Қурбонов, Г. Шарофова рисолаҳои номзади дифоъ намуданд. Таҳти роҳбарии профессор Х. Мирзозода зиёда аз З0 нафар шогирдон рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифо кардаанд.
Солҳои минбаъда ин анъанаи неки кафедра ҳамоно пурмаҳсул давом кардааст. Солҳои 1984-1989 профессор Н. Сайфиев ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудааст ва бо роҳбарии ӯ 15- нафар хатмкардагони факулта рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ кардаанд. Аз соли 1995 то соли 1997 ба кафедра профессор Собир Мирзоев (ёдаш ба хайр), солҳои 1990 то соли 2003 профессор Ҷ. Бобокалонова (рӯҳашон шод бод) ва аз солҳои 2003 то 2007 дотсент А. Худойдодов (ҳоло муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим) роҳбарӣ намудаанд.
Имрӯзҳо дар кафедра 2 доктори илм, профессор - Н. Сайфиев ва М. Аҳмадов, 7 номзади илми филология, дотсентон - С. Саидов, Саломи Нурийёни Баравнӣ, А. Худойдодов, М. Қурбонов, Саъдии Косимӣ,

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru