There are no translations available. Риояи тартибот ҳатмист Шурӯъ аз 13-ум то 19-уми сентябр вохӯрии ташреҳии кормандони раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли 1-ум баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии силсиламулоқотҳо шинос намудани толибилмон бо низомномаҳо, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро дар бар мегирифт. Р.Бобокалонова махсус таъкид кард, ки дар доираи асноди амалкунанда бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯён, пӯшидани рӯймоли сиёҳ, сарулисбоси ғайрирасмӣ, куртаи дароз, бурукҳои танг (ласина), макасин ва ғайра қатъиян манъ аст. Дар ҳолати роҳ додан ба чунин камбудиҳо муҳассилинро мебояд подоши сангинеро, то ҳадди хориҷ шудан аз донишгоҳ интизор шаванд. И.Қосимов |