• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Насби камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо бар манфиатанд

Андешаҳои деканони факултаҳо доир ба ин мавзӯъ

Диловар Муродов, декани факултаи химия

- Барои мутобиқ намудани сатҳи саводи муҳассилини имрӯза бо донишҷӯёни давлатҳои пешрафта бояд аз усулҳои навини таълим истифода бурд. Инчунин, бояд аз шакли ҷадиди назорати таълим кор гирифт. Яъне, яке аз чунин шаклҳои назорат насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳо мебошад.

Мирзобек Шарифов, декани факултаи биология

- Насби камераҳои назоратӣ аз он ҷиҳати хубанд, ки назорат беҳтар мешавад, масъулият дар донишҷӯ ва омӯзгор бештар мегардад. Омӯзгорон аз болои худ кор карда, ташаббускор мешаванд. Таҷрибаи ғании худро истифода мебаранд, то дигарон омӯзанд.

Ҳобилҷон Зикирзода, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ

Дар шароити муосир раванди технологӣ вусъат ёфта истодааст ва гузаштан ба системаи идораи технологӣ ногузир аст. Аз тарафи дигар, имконият барои назорати раванди таълим дар факулта осону қулай мегардад, ки ин қобили дастгирист.

Боймурод Шарифзода, декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ

- Мавҷудияти камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо барои беҳтар шудани назорат аз болои ҷараёни таълим мусоидат мекунад. Иштироки декан дар дарс ба муаллим як навъ фишор меоварад, бо камера бошад, муаллим худро озодтар ҳис менамояд. Бар замми ин, омӯзгор дар дарс ба беҳудагӯӣ машғул намешавад.

Шарифҷон Раҳмонов, декани факултаи физика

- Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони фанҳои дақиқ, хусусан, физика гузоштани камераҳои назоратӣ амри воқеист. Зеро дар як вақт назорати 28 гурӯҳи таълимӣ имконнопазир аст. Назорати раванди таълим ба воситаи камераҳо имкон медиҳад, ки омӯзгорон ҷиҳати машғулиятҳои худ ҷиддӣ ва масъулиятшинос гарданд, ки ин барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён мусоидат мекунад. Чунин назорати раванди таълим дар муассисаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чанд сол қабл ба роҳ монда шуда буд, ки натиҷаҳои хуб ба бор овард.

Аҳмадхон Муродов, декани факултаи таърих

- Ибтикори раёсати донишгоҳ оид ба васли камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳо айни муддаост. Ин шакли назорат омӯзгорро водор месозад, ки бе маҷмӯаи таълимӣ ба дарс ворид нашавад. Ҳамчунин, ба ин восита сатҳу савияи дониши омӯзгор муайян мегардад.

 

Абдусамад Муллоев, декани факултаи филологияи тоҷик

- Ба ҷаҳони муосири таҳсилот ҳамқадам будани мо шарт ва зарур аст. Инсони муосир бояд аз тамоми воситаву техникаҳои иттилоърасонӣ огоҳ бошад ва бо онҳо кор карда тавонад, ба ибораи дигар, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошад. Дар акси ҳол барои миллату давлат хизмат карда наметавонад.

 

Назорати онлайнии раванди дарсро чӣ гуна қабул доред?

Катя Тутишоева, донишҷӯи соли 2-юми факултаи химия

- Мондани камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо хеле хуб аст, чунки мо,  донишҷӯён медонем, ки  моро ба воситаи камераҳо назорат менамоянд ва дар вақти муайян ба дарс ҳозир мешавем. Сабаби дуюми мусбии камераҳои назоратӣ дар он аст, ки донишҷӯён дар вақти дарс ба хомӯшӣ риоя менамоянд ва ба бетартибӣ роҳ намедиҳанд.

Дар донишгоҳ муаллимони ҷавоне ҳастанд, ки бо аксарияти донишҷӯён  дар муносибат мушкилӣ кашида, байнашон муноқишаҳо ба вуҷуд меояд ва махсусан дар ин вақт камераҳои назоратӣ ин мушкилиро ҳал мекунанд. Тавассути камераҳо ректори донишгоҳ ва деканҳо метавонанд аз ҷараёни дарсҳо бевосита воқиф гарданд ва ба усули таълими омӯзгорон баҳо диҳанд.

Манижа Гадоева, донишҷӯи соли  2-юми факултаи география

- Яке аз ҷиҳатҳои хуби камераҳои назоратӣ дар он аст, ки дарсҳо сабт мешаванд ва дар сомонаи донишгоҳ мавриди тамошои умум қарор мегиранд.  Ҳам донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва ҳам шуъбаи ғоибона дар дилхоҳ маврид метавонанд ба ин сабт дастрасӣ дошта бошанд. Ҳамчунин, омӯзгорон сабти дарси худро дида, аз камбудиву нуқсонҳои он огоҳ мегарданд ва аз пайи ислоҳаш мешаванд. Камераҳои назоратӣ омӯзгорро водор месозанд, ки бо дарс муносибати ҷиддӣ дошта бошад ва вақтро беҳуда сарф накунад. Ин иқдом барои ба таҳсилоти фосилавӣ гузаштани донишгоҳ, ки таълимгоҳ раванди онро ба роҳ монда истодааст, кумак мерасонад.

Эмомҷон Раҷабов, донишҷӯи соли 1-уми факултаи биология

- Бо вуҷуди он ки донишҷӯён солимфикранду ақли комил доранд, бе назорат мондани онҳо хатои маҳз аст. Назорати синфхонаҳо дар ҳолати дарс ва танаффус донишҷӯёнро аз гуфтани суханҳои қабеҳ ва амалҳои нодуруст нигоҳ медорад. Аслан, донишҷӯ бояд хушгуфтор ва хушрафтор бошад, вале ҳастанд дар байни онҳо нафароне, ки тарбияи нодуруст гирифтаанд. Аз ин рӯ, насби камераҳои назоратӣ ба гуфтору кирдори муҳассилин таъсири мусбӣ мерасонад. Толибилмоне, ки бо сабабҳои гуногун ба дарсҳо иштирок карда наметавонанд, тариқи сайти донишгоҳ метавонанд дарси гузаштаи омӯзгорро тамошо кунанд ва аз мавзӯъ бохабар шаванд.

 

Аброр Наврӯзов, ассистенти кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон

- Мо, омӯзгорони факултаи забон ва адабиёти рус, ин иқдоми пешгирифтаи раёсати донишгоҳро мусбӣ арзёбӣ менамоем. Бо насби ин камераҳо донишҷӯён масъулияти  зиёд пайдо карда, дар дарсҳои лексионӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. Манфиати ин камераҳо дар он аст, ки дарсшиканиҳо, дер кардан ба дарс пешгирӣ мешаванд. Барои баланд бардоштани раванди таълим ва хушсифат гузаронидани ҷараёни дарсҳо аҳамияти зиёд доранд. Асри 21 асри пешрафти технология аст. Мо мехоҳем, ки  ҳамаи факултаҳо бо технологияи замонавӣ таъмин гарданд.

 

Зайналобиддин Азизов, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи    тоҷик - Насби  камераҳои назоратӣ дар донишгоҳ яке аз масъалаҳои муҳим  мебошад. Фаъолияти ин камераҳо барои муҳофизати хуб ва пурзӯр гардонидани амният дар донишгоҳ ва риояи одобу ахлоқи намунавӣ мусоидат мекунад. Яке аз хусусиятҳои хуби камераҳо дар он зоҳир мегардад, ки раёсати донишгоҳ осон давомоти донишҷӯён ва омӯзгоронро назорат мекунад. Ҳамчунин, сифати таълим, раванди дарсгузарӣ боло меравад, омӯзгорон пурмасъулият мегарданд, барои гузаронидани дарс омодагии ҷиддӣ мебинанд, зеро медонанд, ки тавассути камераҳо назорат мешаванд.

Шаҳзода Табарова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ

- Камераҳои назоратӣ барои масъулиятнок будани донишҷӯён аҳамияти зиёд доранд. Бо ин восита гузаштани дарс, фаъолнокӣ ва интизоми донишҷӯён,  ҳатто, тарзи либос пӯшидани онҳоро, ки яке аз қоидаҳои муҳими донишгоҳ ба шумор меравад, назорат кардан мумкин аст. Ба ақидаи ман, агар дар ҳамаи синфхонаҳо ва даҳлезҳо  камераҳои назоратӣ насб гарданд, раванди таълим боз ҳам самараноктар мегардад. Ин иқдоми раёсати донишгоҳ, албатта натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

Амина Ироншоева, донишҷӯи соли 1-уми факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

- Боиси хушбахтист, ки донишгоҳи мо баробари дигар донишгоҳҳои мутараққии ҷаҳон баҳри устувор гардонидани таълиму тарбияи намунавӣ гомҳои баланд гузошта истодааст. Яке аз чунин пешравиҳо насби камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо мебошад. Акнун донишҷӯ дигар дар вақти дарс ба корҳои нолозим даст намезанад, аз қабили дарсвайронкунӣ дашноми рафиқ ва ё дигар корҳои ношоистае, ки ба шаъни донишҷӯ ва умуман, мардуми тамаддунофари мо намезебад. Дар баробари ин, омӯзгоронро низ водор мекунад, ки ба донишҷӯ тибқи талаботи муқаррарӣ дарс гӯянд, суханони беҳудаеро, ки ба дарс дахл надоранд, зикр накунанд.

Моҳтоб Қаландарова, донишҷӯи соли 1-уми факултаи физика

- Мо дар  асре зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем, ки  техника ва технология пеш рафтааст, дар солҳои қабл кас гумон намекард, ки ба воситаи телефони мобилӣ метавон суҳбат ва ё ба воситаи он наворҳои видеоӣ сабт кард. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар донишгоҳ камераҳои назоратӣ насб шудаанд, ки бовар дорам ба кору  пайкори  аҳли донишгоҳ хизмат мерасонад. Акнун омӯзгороне, ки дониши мукаммал надоранд, ё тарки донишгоҳ мекунанд ё барои такмили дониш талош меварзанд.

 

Асрор Исмоилов, омӯзгори факултаи таърих

- Дар раванди тадрис камераҳо ниҳоят нақши ҳалкунандаро мебозанд. Ба ақидаи ман, барои омӯзгори асил ва донишҷӯе, ки мақсади хондан дорад, насби камераҳо дар синфхонаҳо зарурат надорад. Муаллим бидуни назорати касе ҳам метавонад дарсашро ба пурагӣ гузарад. Камераҳо далели раднашавандаи раванди дарс мебошанд, ки кас наметавонад гуноҳи кардаашро рӯпӯш намояд. Давомоти донишҷӯён, ҷавоб додани онҳо ба дарсҳо, риояи сару либоси тибқи низомномаи донишгоҳ муқарраргардида акнун аз мадди назари масъулин дур намемонад.

 

Муҳаммад Кабиров, донишҷӯи соли 2-юми факултаи математика

- Ҳоло дар факултаи мо дастгоҳи наворбардорӣ насб накардаанд, аммо ман хуб медонам, ки агар бошад, ба манфиати мо, донишандӯзон, аст. Чӣ тавре огоҳ ҳастем, дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон чунин камераҳои пуриқтидор ҷойгир карда шудаанд. Пеш аз ин омӯзгор аз нисф зиёди вақташро барои ба хомӯшӣ даъват кардани донишҷӯён масраф мекард, алъон тамоми мавзӯъҳоеро, ки дар комплекси таълимӣ-методӣ дарҷ шудаанд, метавонад як ба як ба донишҷӯён фаҳмонад. Вақт, ки барои инсон аз ҳама чизи муҳим ба шумор меравад, акнун беҳуда сарф намешавад. Деканони факултаҳо метавонанд аз утоқи кории худ аудиторияҳоро назорат намоянд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj