• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Химияи органикӣ»-китоби дарсӣ

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи факултаи химияи донишгоҳ С. Бандаев, Д.Муродов, Т.Гулов ва А.Касирова китоби дарсиеро бо номи «Химияи органикӣ» таълиф намуданд, ки бо ибтикори раёсат дар матбааи таълимгоҳ бо сифати баланд интишор гардид.

Китоби мазкур дар асоси барномаи таълимӣ, ки дар маҷлиси мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, навишта гардидааст. Дар китоб нуктаҳои асосии назарияи сохт ва механизми реаксияҳои пайвастҳои органикӣ, синфҳои асосии пайвастҳои органикӣ, сохт, хосият ва усулҳои ҳосил кардани онҳо таҳлил шудааст.

Химияи органикӣ яке аз қисмҳои муҳимтарини илми химия ба ҳисоб меравад. Ин фан сохти мантиқии хосро доро мебошад, ки омӯзиш ва донистани он барои донишҷӯён аҳамияти зарурӣ дорад.

Китоби мазкур, асосан, барои донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои риштаи омӯзгорӣ навишта шудааст. Ҳамзамон, муаллимону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ метавонанд аз ин китоб истифода намоянд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj