• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар шӯрои ҷадид

Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳимояи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Шокиров ва Боҳир Раҷабов рисолаҳои номзадии хешро дар мавзӯоти «Абдулҳомиди Котиб ва нақши ӯ дар густариши номанигорӣ дар қарнҳои аввали ислом» ва «Афкори адабӣ-танқидии Лоиқ Шералӣ дар осори публитсистии ӯ» бомуваффақият дифоъ карданд.

Носирҷон Салимӣ, раиси шӯрои мазкур, дар оғози нишаст эълом дошт, ки аз 24 нафар узви шӯро аксарият ширкат доранд ва имкон дорад, ки шӯро ба кори худ шурӯъ намояд.

Нахуст Ҷамшед Шокиров ва дар қисмати дуюм Боҳир Раҷабов перомуни ҷанбаҳои мухталифи пажӯҳиши хеш ба таври иҷмолӣ ва фишурда маълумот ироа карданд. Аз суханронии онҳо метавон хулоса намуд, ки дар рисолаҳои таҳқиқотии эшон тамоми паҳлуҳои мавзӯъ мӯшикофона мавриди баррасӣ ва тадқиқ қарор гирифтаанд. Муҳаққиқон ба суолҳои ҳайати шӯро низ посухҳои қаноатбахш ва мукаммал доданд.

Дар фарҷом ҳарду унвонҷӯ тавонистанд, ки далоил ва ақоиди дар рисолаҳояшон дарҷнамударо сарбаландона ҳимоя кунанд. Аъзои шӯро низ ба қароре омаданд, ки пажӯҳишгарон, воқеан, дар хусуси мавзӯъҳои хеш тадқиқоти густурдаеро анҷом додаанд ва шоистаи унвони номзади илм ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои дифои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ марбут ба Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия мебошад, ки фаъолияташро аз 16-уми декабри соли 2016 роҳандозӣ кардааст.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj