• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ







Самиддин  Ҷоматов,
мудири кафедраи забошиносӣ ва типологияи муқоисавӣ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Ҷоматов Самиддин Салоҳиддинович, миллаташ тоҷик, 22-уми декабри 1974 дар деҳаи Варзиканда, ноҳияи Панҷакент, вилояти Суғди, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1992 ба факултети филология, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисосҳои «омӯзгори забон ва дабиёти рус» ва «Забони англисӣ» хатм намудааст.

Аз соли 1999 то  2008 ба ҳайси ассистент ва саромӯзгори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии аспирантураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2008 то 1-уми сентябри соли 2016  вазифаи мудирии кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии донишгоҳи номбурдаро ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2016 то ин замон дар вазифаи профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисӣ фаъолият намуда истодааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, се фарҳанги бисёрзабона, се китоби дарсӣ ва якчанд  барномаҳои таълимӣ мебошад, ки ба ҷанбаҳои мухталифи муқоисавии забонҳо ва методикаи таълими забони англисӣ бахшида шудаанд. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

Кафедраи «Забоншиносӣ ва типолгияи муқоисавӣ», ки то сентябри соли равон бо унвони кафедраи «Забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ» маъмул буд,  соли 1974 таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияти худ беҳтарин мутахассисони соҳаи забони англисӣ ва забоншиносии муқоисавиро тарбия намудааст. Ин кафедра аввалин докторону профессорони соҳаи забоншиносии муқоисавӣ ва муқоисавӣ-тахрихиро аз қабили П. Ҷамшедов, Р. Убайдуллоев,   В.Д. Гогошидзе, А. Собиров, М. Чалилова, С.Я. Балхова  ва зиёда аз 20 нафар номзадҳои илми ин соҳаро ба воя расондааст.

Солҳои  ҳафтодуми қарни гузашта бошад як гурӯҳ аъзоёни кафедра (П. Ҷамшедов,   Р. Убайдуллоев, В.Д. М. Турсунова, Гогошидзе, С.Я. Балхова Ш. Асадов, М. Эшонхоҷаева, Н. Х. Умедҷонова) ба масъалаҳои омӯзиши муқоисавии морфология ва синтаксиси забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ машѓул шуданд. Дар муддати кӯтоҳ ин нафарон рисолаҳои хешро перомуни мавзуъҳои мухталиф дифоъ намуданд.

Солҳои ҳаштодум шумораи аъзоёни кафедра зиёда аз чил нафарро ташкил медод. П. Ҷамшедов,   Р. Убайдуллаев, В. Д. Гогошидзе,  С. Я. Балхова, Ш. Асадов, И. Яковлев  аз зумраи онҳо буданд. Ҳамаи аъзоёни кафедра зери сарпарастии мудирон П. Ҷамшедов, В.Д . Гогошидзе ва Ш. Мухторов дар гурӯҳҳои гуногуни таълимӣ аз бахшҳои мухталифи забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва луѓатшиносӣ  дарс мегуфтанд. Бояд ишора намуд, ки  устодони дар боло оварда шуда рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро маҳз дар ҳамин кафедра татбиқ намуданд, ки он боиси ифтихори кафедра ба шумор меравад.

Кори кафедра солҳои навадум боз ҳам ривоҷ ёфт. Дар ин давра чанд тан аз ҷавонон ба аспирантура дохил шуда, дар соҳаи забоншиносии мукоисавӣ (тахлили сохториву семантики бархе аз истилохоти марбути соҳаҳои гуногун (Ҳ. Мирзоев),  грамматикаи муқоисавӣ (Х. Сайфуллоев)  зери роҳбарӣ ва мададу дастгирии устодони кафедра ва олимони АУ Ҷумҳурӣ ба тадқиқ машғул шуда, рисолаҳои номзадиро барои дарёфти номзади илми филология ҳимоя намуданд.

Аз ибтидои солҳои хаштод то соли 2001 роҳбарии кафедраро профессор Ҷамшедов Парвона ба уҳда дошт. Дар ин давра фаъолияти кафедра тағйиротҳои ҷиддии сифатӣ кард, ки ин дигаргуниҳо аз зиёд кардани соатҳои курсҳои интихобй ва дар ҳамин асос ба шогирдони факулта додани ихтисоси муаллими забони немисӣ ва франсавӣ, ҷиддан ба роҳ мондани ҳимояи рисолаҳои дипломӣ, мунтазам ва бо усули нав ба роҳ мондани таҷрибаи омузгорй, зиёд намудани соатҳои лексияҳои типологияи муқоисавӣ ва назарияи грамматика иборат аст. Дар ин давра устодони кафедра барномаҳои зиёди таълимӣ (барои мактабҳои олӣ)-ро интишор доданд.

Дар солҳои минбаъда низ кафедра фаъолияти худро барои беҳбудии сифати таълим равона сохта, як силсила китобҳо, барномаҳо, дастурҳо ва мақолаҳо ба чоп расонд.

Солҳои 2000-2008 кафедраро номзади илми педагогика Авғонов С. роҳбарӣ намудааст. Ӯ доир ба чопи маҷмӯаҳои илмии кафедра ва тайёр кардани муаллимону ходимони соҳаи илм кӯшиши зиёд намуд.

Аз моҳи июни соли 2008 то имрӯз мудирии кафедраро доктори  илми филология, профессор Ҷоматов  С. ба уҳда дорад. Маҳз зери роҳбарии ӯ кафедра ба як қатор комёбиҳои илмиву-методӣ мушарраф гардид.

Дар кафедра 6 аспирант ва 12 унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-таҳқиқоти машғуланд.

Аъзоёни кафедра дар се самт фаъолият мекунанд: а) таълим, б) тарбия, в) илм.

Мутахассисон аз рӯи як равияи илмии «Омӯзиши муқоисавии забонҳо дар шароити кунунӣ» ва ду масъала: «Масъалаи луѓатшиносӣ дар забони англисӣ» ва «Таҳқиқи масоили грамматика» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд, ки натиҷааш ба вуҷуд омадани чандин рисолаю, барнома ва воситаҳои таълимӣ гардидааст. Маҳсули тадқиқоти онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯаҳои дастҷамъии кафедраву донишгоҳ, монографияҳо ҳар сол нашр мешаванд.

Кафедра бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, бо донишгоҳҳои Британияи Кабир, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Англия ва Амрико робитаи зич дорад. Оид ба тартиб додани барномаҳои таълимӣ аз тарафи устодон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Бо ташаббуси устодони кафедра моҳе як маротиба дар Маркази Шӯрои Британиягии донишгоҳ бо устодони соҳибзабон мизи мудаввар ва семинару вохӯриҳо барпо мегардад. Илова ба ин, таи ин солҳо алоқаи кафедра бо дигар марказҳои илмӣ зич пайваст гардид. Аз ҷумла, бо Донишкадаи такмили ихтисоси назди Вазорати маорифи ҶТ, Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русяву-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ.

Омӯзгорон






Абдураҳмон  Умаров,
ассистент ва саромӯзгор
тел: 918 94 16 89













Анора Раҳматҷонова,
ассистенти
тел: 93-9994136
Email: anorakim0 Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript com











Хайём Ҷӯраев,
ассистент
тел: 93-115-81-95














Дилафрӯз  Каримова,
Ассистенттел
Тел: 988 26 69 96
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru