• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шуҳрати беназири Мавлоно

Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва факултаи филологияи тоҷик ҳамоиши фарҳангӣ-фароѓатӣ доир гашт, ки дар он пажӯҳишгар Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ, сарояндаи маҳбуб Қурбоналӣ Абдуллоев, шоир Маҳмадалӣ Аҷамӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сараввал профессор Шамсиддин Солеҳов аҳли нишастро бо мероси адабии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ошно кард. Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ зимни баромади хеш зикр намуд, ки Мавлоно яке аз бузургтарин суханварони адабиёти форс-тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри Х111 такони бузурге ба адабиёт ворид кард. Падари шоир, аслан, аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик - шаҳри Балх мебошад.

Дар идома донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик бо қироати шеърҳои ноби шоир аҳли нишастро ба дунёи пурѓановати маънавӣ раҳсипор намуданд.

Рустами Ваҳоб, шоир ва муҳаққиқ, иброз дошт, ки агар «Шоҳнома» ҳамосаи ҷангӣ бошад, пас «Маснавии Маънавӣ» дар адабиёти мо ҳамосаи маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ашъори шоир бештар шеърҳои панду ахлоқӣ, ишқӣ ва ирфонӣ нақши бузург доранд.

Қурбоналӣ Абдуллоев таъкид кард, ки дар Ҳиндустон ва дар бисёре аз мамолики дигар мероси адабии Мавлоноро бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума намудаанд.

Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филология тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj