• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Маҳфил омили рушди тафаккури донишҷӯён

23-юми октябр дар донишгоҳ маҳфили илмии «Сармояи инсонӣ»-и кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи «Роҳҳои ҷалб намудани сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар ҳамоиш номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш. Азизов, мудири кафедраи номбурда У.Рузиев, ассистентон И.Амаков, Д.Гадоев, А.Нуров ва 50 нафар донишҷӯён аз факултаҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

 

Дар маҳфил масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд: моҳият ва зарурияти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, роҳҳои беҳтар гардонидани иқлими сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ, асосҳои назариявии сармоягузори хориҷӣ, таҳлили тамоюли (динамикаи) ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, таҳлили сармоягузориҳо дар фаъолияти корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбиқи самтхои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ва таъсири он ба раванди сармоягузориҳо.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳури Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи сармоягузориҳои соҳаҳои иқтисодиёт миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ тадбирҳои мушаххасеро амалӣ намуда истодааст, ки ин боиси сол аз сол афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои дохиллию  хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки маҳфили мазкур моҳе як маротиба зери роҳбарии ассистенти кафедра И.Амаков гузаронида мешавад.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj