• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ

Кафедрахо 54

 

Гулов Тоир Ёрович
Мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ
номзади илмҳои химия, дотсент
Tел: +992 907807010
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

Кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ

Дар базаи кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ таъсис ёфтааст. Таи солҳои зиёд дар кафедра Мансуров М.У., Зубайдов У.З., Абдуллоев Ф., Азимов Б.А., Қодиров А., Нуриддинова Н., Худоиев Қ.Ҳ., Ҳоҷибоев Ю., Қурбонова Ҳ., Холов Ш., Бандаев С.Г., Бобиев F. ва дигарон фаъолият доштанд.

Ҳоло дар кафедра доктори илми химия: профессор Бандаев С.Г., доктори илми биология, профессор Бобиев Ғ.М., Гулов Т.Ё., Муродов Д.С.,  муаллимаи калон Касирова А.Н., ассиссентон Мавлонов Б. ва Саидов Д. ба таълиму тадрис машғуланд.

Аз тарафи устодони кафедра 2 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 4 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, 15 дастури таълимӣ – методӣ, 13 ихтироот ва зиёда аз 700 мақолаву фишурдаҳо ба чоп расиданд.

Устодони кафедра корҳои илмӣ – тадқиқотии худро дар мавзӯи «Усул ва методҳои синтези модаҳои органикии бисёрфунксиядошта» зери роҳбарии профессор Бандаев С. Г. пеш бурда истодаанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Устодони кафедра профессор Бандаев С.Г., дотсент Гулов Т.Ё. доир ба мавзӯи илмии кафедра соҳиби ду ихтироот гардиданд.

Дар давраҳои гуногуни фаъолияти кафедра устодон Зубайдов У., Бандаев С., Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А., Бобиев Ғ.М., Абдуллоев Ф., Муродов Д. сарварии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Дар айни замон сарварии кафедраро номзади илми химия, дотсент Гулов Т. ба ӯҳда дорад.

Омӯзгорон

 





Бобиев Холмурод Абдувадудович
номзади илмҳои химия, дотсент
Тел: 904002963
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj