• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Хизмат ба Ватан чӣ гуна бошад?

Ҷаннат Раҷабова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи химия

Аслан, вақте ки гап дар бораи хизмати Ватан меравад, бисёриҳо хизмати аскариро пеши назар меоранд, ки асосан, мардон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд. Албатта, занҳо ҳам ҳастанд, вале дар муқоиса бо мардҳо хеле каманд. Агар рӯякӣ назар намоем, гӯё занҳо ба Ватан хизмат намекунанд. Вале дар ин масъала агар амиқтар

фикр кунем, мебинем, ки саҳми занҳо ҳам дар хизмати Ватан хеле бузург аст. Хизмати аввалиндараҷаи онҳо тарбия ва ба воя расонидани ҷавонмардони ватандӯст аст, ки дар тӯли таърих сарҳади Ватанро мудофиа кардаанд, мекунанд ва хоҳанд кард. Дувум, занҳои зиёдеро мо медонем, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қӯшунҳои гуногун хизмати шоиста карда, ҳатто, ҷони худро барои Ватан ва ҳифзи ҷони дигарон фидо кардаанд. Имрӯз ҳам бовар дорам, ки чунин занҳо кам нестанд. Ман низ кӯшиш мекунам, ки илмҳои муосири замонро аз худ намуда, ҳамчун мутахассиси соҳаи химия ба халқу Ватан хизмат намоям.

 

Фаррух Исматов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф

Хизмати Ватан барои ҳар фарди ҷомеа қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Муқаддасоти Ватанро ҳар як нафар бояд чун гавҳараки чашм муҳофизат кунад ва пос дорад. Модар-Ватан калимаҳое ҳастанд, ки ҳамеша вирди забони моанд ва мо то охирин қатраи хун дар хизмати онҳо ҳастем. Зеро хизмат ба Ватан шараф аст. Гарчанде баъзан бешарафоне пайдо мешаванд, ки ба Ватани худ хиёнат мекунанд, вале мо кӯшиш мекунем, ки аз вуҷуди онҳо хоки поки Тоҷикистонро тоза намоем. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 гувоҳи онанд, ки ҳатто, дар чунин замони осоишта мо бояд ғофил набошем ва лаҳзае беаҳамиятӣ зоҳир нанамоем. Имрӯз, ки мо дар курсии донишҷӯӣ қарор дорем, бояд бо баҳои хубу аъло хонда, мутахассиси хуб шавем, то баҳри ободиву пешрафти Ватан ҳиссагузор бошем. Агар мо мутахассиси хуб шуда, ба Ватан хизмат намоем, пас, зиндагии мо беҳуда нагузаштаст ва дар назди насли оянда қарзи худро адо кардаем. Бигузор, касе дар назди насли оянда қарздор намонад

Мавзуна Ташрифова, донишҷӯи соли 4-уми факултаи забонҳои романӣ-германӣ

Ҳар як фарди бо нангу номус метавонад ба Ватани худ хизмат кунад, новобаста аз он ки ӯ корманди кадом соҳа аст. Деҳқоне, ки дар саҳро машғули кори деҳқонист, хизмати Ватанро адо мекунад. Зеро бо меҳнати худ мардуми кишварро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунад. Ҷорӯбкаше, ки роҳҳои шаҳрро мерӯбад, муаллиме, ки дарс мегӯяд, ронандае, ки мусофиронро ба манзил мебарад, посбоне, ки моликияти давлатро ҳифз мекунад, ҳамагӣ дар хизмати Ватан саҳмгузоранд. Мавриди зикр аст, ки ниҳодҳои қудратӣ: ВКД, суду прокуратура, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ барои хизмати Ватан саҳми арзанда доранд. Ҳамин аст, ки вақте хизмати Ватан мегӯем, беихтиёр чеҳраи сарбози шуҷои Ватан пеши назар ҷилвагар мегардад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ, дар сарҳад, дар он ҷое, ки Ватан талаб мекунад, шараф ва обрӯи бузург аст. Чунин обрӯву шарафро ба ҳамаи ҷавонони Тоҷикистони азизу биҳиштосо таманно дорам.

Замира Самиева, донишҷӯи соли 3-юми факултаи технология ва иқтисодиёт

Модар-Ватан ду мафҳуме ҳастанд, ки барои ҳар як шахс азизу муқаддасанд. Модар моро ба дунёи ҳастӣ меорад, Ватан бошад, дар оғӯшаш тарбия намуда, ба воя мерасонад. Аз ин рӯ, ба қадри модару Ватан расидан ҳам фарз асту ҳам қарз. Ҳар гоҳе ки Ватан мегӯем, беихтиёр манзараҳои дилфиребу кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои мусаффову табиати муъҷизаосои диёр пеши назар меоянд.  Чунин кишвари зебову афсонавӣ, ки насиби мо гаштааст, аз толеъи баланду бахти фирӯзи мост. Мо, ҷавонони содиқи Ватан, то ҷон дар рамақ дорем, баҳри ҳифзи ин марзу бум кӯшиш мекунем. Намегузорем, ки пои ягон нохалаф ба диёри поки мо расад ва дар ин роҳ агар лозим шавад, ҷонамонро фидо мекунем. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ба ном исломӣ пайдо шудаанд, ки мехоҳанд зери ниқоби ислом дар байни мардум тафриқа андохта, ҷангу ҷидолро роҳандозӣ кунанд. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо мо омодаем ҳама донишу маҳорати худро истифода барем.

Усмон Саидмирзоев, донишҷӯи соли 3-юми факултаи таърих

Барои Ватан хизмат кардан бар дӯши ҳама-занону мардон, пиру барно қарз аст. Дар навбати аввал, пеш аз ҳама, бояд ҷавонон барои хизмати Ватан камар банданд ва баъдан, агар зарур шавад, занону пиронсолон ҳам хизмати худро бояд дареғ надоранд. Дар кинофилмҳо дидаем, ки ҳангоми ба мамлакате ҳуҷум кардани душманон чӣ тавр пиронсолону занон ҳам ба сарбозон кӯмак мерасонанд. Яъне, хизмат ба Ватан масъулияти ҳамагонист. Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯӣ мекунанд, ки ин ба шаъну шарафи ҷавонмард намезебад. Марде, ки аз хизмат мегурезаду аз адои вазифааш саркашӣ мекунад, ҷавонмарди ҳақиқӣ нест. Бале, дар хизмати ҳарбӣ азоб мекашӣ, бедорхобӣ мекунӣ, баъзан гурусна мемонӣ, вале мард бояд аз ин мушкилиҳо натарсад. Тавре шоир мефармояд:

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Шаҳобиддини Шариф, донишҷӯи соли 2-юми факултаи забон ва адабиёти рус

Ватан-зодгоҳ калимаҳоеанд, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меоянд. Ватан низ чун модар мушфиқу меҳрубон аст. Халқи тоҷик аз ҷумлаи миллатҳоест, ки маданияту фарҳанги қадима дорад ва дар тӯли таърих Ватани худро қаҳрамонона ҳифз кардааст. Гарчанде баъзан аҷнабиён кишвари моро зери тасарруфи худ даровардаанд, вале ин ба онҳо ба осонӣ муяссар нашудааст. Ҷонбозиҳои ҷавонмардони миллати мо дар сафҳаи таърих абадан нақш бастаанд ва ҷовидон мемонанд. Ҳатто, истилогарон баъди забти мамлакат ба фарҳанги бою ғании мо рӯ овардаанд ва онро эътироф кардаанд. Мо, ҷавонон, низ Ватанро бояд аз ҳама хатар ҳифз намоем ва баҳри ободиву гулгулшукуфоии он камари ҳиммат бандем. Дар вуҷуди ҳар нафаре, ки ҳисси ватандӯстӣ ҷой дошта бошад, кӯшиш мекунад, ки барои нафъи Ватан хизмате карда, қарзи фарзандии худро дар назди Модар-Ватан адо карда бошад.

Азиза Қодирқулова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи забони англисӣ

Беҳтарин туҳфаи ҳар як фард ба ҷомеа хизмати софдилона ба Ватан аст. Зери мафҳуми «хизмат» хизмати падару модар, хизмат ба халқу Ватан, хизмат дар ҷомеа ва хизмати ҳарбӣ дар назар дошта шудааст, ки дар якҷоягӣ хизмати Ватан кардан аст. Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии хеш таъкид мекунанд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи давлату миллатанд. Пас, мо, ҷавонон, бояд мисли гулҳои як боғ, меваҳои як дарахт, ангуштони як даст, фарзандони як модар аз як гиребон сар бароварда, бо ҷидду ҷаҳд барои пешрафту ободии Ватан бикӯшем. Бисёр фарзандони тоҷик бо хизмати содиқона барои миллату давлат номи худро абадан дар сафҳаи таърих сабт кардаанд. Ба инҳо мисол шуда метавонад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Темурмалику Муқаннаъ, Деваштичу Шерак ва садҳои дигар.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj