• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Пояи хушбахтӣ ва рушди миллат

Сулҳу ваҳдат вожаҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, шунавандаро ба андеша водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан мебошад. Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёт, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар макону

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан метавон. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт муваффақ мешавад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бисёр хуб гуфтаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз мешукуфад, неруи иқтисодиаш тадриҷан, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Парокандагии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан, даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам» буд. Дар воқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳи дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, суруди сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Сардори давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз оянда дар дили халқи Ватан барҳам хӯрд.

Дар воқеъ, ҳиммати баланди бахшояндагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тарафҳои мухолиф дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Ин  амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гаштааст.

Ҷамшед ВАЛИЕВ,

магистри факултаи филологияи тоҷик

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj