• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»

Садорати факултети таърих дарси кушоди тарбиявиро дар санаи 03.11.2017  аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқ  Шарипов Н. бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи «Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»  дар байни курсҳои 3-юм доир намуд. Омӯзгор қайд намуд, ки конститутсия барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ санаи тақдирсоз буда, аввалин маротиба миллати тоҷик бо раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии хешро бо иродаи худ қабул намуда, бо дарки тамоми масъулият онро мавриди амал қарор дод. Пеш аз он, ки оид ба масъалаи нақши Конститутсия дар эҳёи ниҳодҳои давлатдории тоҷик чизе гуфта бошем, бояд қайд намоем, ки истилоҳан "Конститутсия" аз калимаи римии "конститусио", ки дар давраи империи таърихи Рим маънои муқаррар карданро дошт, гирифта шуда, бо ин ном санадҳои қабулнамудаи императорон номгузорӣ мешуданд.

Имруз Конститутсия на ҳамчун як ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ, балки ҳамчун қонуни асосии кишвар, санади созишии байни манфиатҳои гуногуни дар ҷомеа мавҷудбуда дарк мегардад. Амали мустақими конститутсия дар давоми 23- сол маънои онро дорад, ки самти рушди ҷомеа дар ин конститутсия дуруст ба назар гирифта шуда буд ва ин Конститутсия метавонад солиёни зиёд барои миллати мо хизмат намояд.

Дар бораи ин орзую талоши халқи тоҷику тоҷикистониён ҷои шакку шубҳа нест, чунки саҳифаҳои муборизаи миллӣ бар зидди аҷнабиён аз қаҳрамониҳои Шераку Томирис, Спитамену Темурмалик ва дигарон баёнгари онанд, ки миллати тоҷик ҳамеша кушиш дошт, то соҳибихтиёр бошад ва ватани худро обод намояд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj